Чанде пеш, дар пойгоҳи марказҳои таълимии “Фахробод”-и вилояти Хатлон ва “Чоруқдарон”-и вилояти Суғд, 450 нафар сарбозоне, ки тибқи талаботи моддаи 37-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ихтиёран ва бо пардохти маблағи муайян дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷалб гардида буданд, инак уҳдадорӣ, ё худ хизмати ҳарбиро бо гузаштан аз ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ адо карда, баҳри садоқат ба халқу Ватан Савганди ҳарбӣ ёд намуданд.
Маросими савгандёдкунии сарбозон дар майдони сафороии Маркази таълимии “Фахробод”-и вилояти Хатлон, таҳти навои оркестри ҳарбӣ-нафасӣ ва бо ворид намудану аз назди ҳайати шахсӣ гузаронидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Тибқи қавоиди низомиён, баъди ворид намудани Парчами давлатӣ ба майдони чорабинӣ, командири вобастагардидаи сарбозони ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, оид ба омодагии онҳо баҳри қабули Савганди ҳарбӣ гузориш дод. Ҳамзамон, бо амри командир сарбозон тибқи тартиби муқарраргардида дар маркази майдони чорабинӣ саф ороста, ба ёд кардани Савганди ҳарбӣ шуруъ намуданд.
Қобили зикр аст, ки баъди дар амал татбиқ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 2021, ин сарбозон аз аввалинҳое мебошанд, ки дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ва бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ, ки ҳатмӣ мебошад, Савганди ҳарбӣ ёд намуданд ва бо гирифтаи билети ҳарбӣ ва рутбаи қаторӣ хизматро ба анҷом расониданд.
Ҳамин гуна чорабинӣ, ё худ маросими савгандёдкунии сарбозони ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар Маркази таълимии “Чоруқдарон”-и вилояти Суғд низ бо шукуҳи хосса ва хеле хотирмон сурат гирифт, ки сарбозони хизматро адонамуда, аз ширкат дар ҷамъомади 30 рӯзаи ҳарбӣ дар ҳарду марказҳои таълимӣ таасуроти хешро бисёр хуб арзёбӣ намуданд.
Бо ҳамин тартиб, дар пойгоҳи Маркази таълимии “Фахробод”-и вилояти Хатлон, 285 нафар ва дар Маркази таълимии “Чоруқдарон”-и вилояти Суғд бошад, 164 нафар сарбозон, хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ба анҷом расониданд.
Дар ҳарду марказҳои таълимӣ барои хизмати рӯзмарраи ҳайати шахсӣ, нигаҳдории онҳо ва ташкилу баргузор намудани дарсу машғулиятҳои назариявӣ ва ҳам амалии саҳроӣ, тамоми шароити лозима муҳайё гардида, барномаҳои таълимии сарбозон мутобиқ ба 30 рӯзи хизмат дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ таҳия, тасдиқ ва амалан татбиқ карда шуданд.
Хотиррасон менамоем, ки хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, ин як навоварӣ ва шакли нави хизмати ҳарбӣ аст. Яъне, тибқи талаботи моддаи 37-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ки он 29-уми январи соли 2021, дар тарҳи нав қабул карда шуд, шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола, ки ҳуқуқи озод шудан, ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ба таври ихтиёрӣ ва бо супоридани маблағ ба суратҳисоби махсус, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 2021 тасдиқ шудааст, хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намоянд.
Фаридун Маҳмадализода: Маблағи захираҳои даъвати сафарбарӣ чӣ қадар муайян гардидааст?
Ҷовид ПИРЗОДА:-Маблағ барои даъват дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар ҳаҷми 420 нишондиҳанда муқаррар карда шудааст. Дар соли 2022, ин нишондод ба 26 ҳазору 880 сомонӣ баробар аст”.
Фаридун Маҳмадализода: Шаҳрванд ба куҷо, дар кадом моҳ ва ба кӣ метавонад муроҷиат намояд ва тартиби супоридани маблағи муқарраргардида чӣ гуна сурат мегирад?
Ҷовид ПИРЗОДА:-Шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд, ихтиёран барои адо намудани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист муроҷиат намоянд. Комиссариати ҳарбӣ дар ҳолати муроҷиат намудан, шаҳрвандони синну соли даъватиро аз комиссияи даъватӣ ва тиббӣ мегузаронад. Дар ҳолати қобил ба хизмати ҳарбӣ донистани даъватшаванда, шаҳрванд уҳдадор мешавад, ки дар муддати панҷ шабонарӯз маблағи муқарраршударо дар бонкҳои амонатгузории “Амонатбонк” супорад ва нусхаи расидро оид ба супоридани маблағ дар суратҳисоби махсус оварда ба комиссараиати ҳарбӣ пешниҳод намояд ва дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ номнавис шавад. Дар сурате, ки шаҳрванд дар муддати панҷ шабонарӯз расидро пешниҳод накард, ӯ аз рӯйхати онҳое, ки дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ номнавис шудааст, соқид карда мешавад.
Муҳлати муроҷиат бемаҳдуд аст. Шаҳрвандони синну соли даъватӣ дар давоми сол метавонанд, ки барои адо намудани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ муроҷиат намоянд ва тибқи тартиби муқаррарнамуда, барои адо намудани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ариза пешниҳод кунанд”.
Маблағҳои пулие, ки барои хизмат дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ ба суратҳисоби махсуси Вазорати мудофиа гузаронида мешаванд, он пеш аз ҳама, барои таъмини амволи шайъӣ, маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, лавозимоти ҷангӣ ва дигар намуди таъминот, ки ҳангоми гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбии саҳроӣ пешбинӣ гардидааст, истифода мешавад. Ҳамзамон, сарфи маблағи мазкур барои бунёди қисмҳои ҳарбии алоҳида дар ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ, ташкили пойгоҳҳои моддӣ-техникӣ, сохтмони бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, таъмиру тармими онҳо, маоши афсарону кормандони таълимдиҳанда, хароҷоти маъмурӣ ва баҳри баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии дигар хизматчиёни ҳарбӣ равона мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки қабули шаҳрвандон барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ аз ҷониби комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо тибқи рӯйхати тасдиқгардида, аз рӯйи навбат дар давраи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар як сол ду маротиба, аз 1-уми апрел то 31-уми май ва аз 1-уми октябр то 30-юми ноябр ташкилу ба роҳ монда шуда, қабули шаҳрвандон дар доираи квотаи муқарраргардида амалӣ карда мешавад.
Фаридун Маҳмадализода:-Агар дар як шаҳр, ё ноҳия 20 нафар квота пешбинӣ гардида бошад, вале 100 нафар бо ариза муроҷиат менамоянд, тартиби хизмати онҳо чигуна ба роҳ монда мешавад?
Ҷовид Пирзода:-Тавре дар боло қайд намудем, муроҷиати шаҳрвандон тибқи санади ҳуқуқии зикршуда бемаҳдуд аст, яъне шаҳрвандон дар давоми сол метавонанд, барои адо намудани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати даъвати захираҳои сафарбарӣ муроҷиат намоянд. Тибқи талаботи қонунгузорӣ номнавис карда шаванд, барои адо намудани хизмати ҳарбии мазкур ва дар давраи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар асоси рӯйхати пешакии тасдиқшуда ба хизмати ҳарбии мазкур сафарбар карда шаванд.Дар ҳолати шаҳрванди мазкур ҳангоми номнавис шудан ва дар давраи даъват тибқи квота, ки мо гуфтем, сафарбар карда мешавад, шаҳрванди мазкур дар даъвати минбаъда ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда мешавад.
Масалан, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тибқи квота 25 нафар муқаррар карда шуда буд, дар даъвати тирамоҳӣ аз шумораи муқаррагардида зиёд муроҷиат намуданд. Дар даъвати тирамоҳӣ, яъне дар моҳи ноябр шумораи муқарраргардида 25 нафар ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ фиристода шуда, шаҳрвандони боқимонда дар даъвати баҳории соли 2022 тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои адо намудани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати даъвати захираҳои сафарбарӣ фиристода мешаванд”
Қобили зикр аст, ки ҳангоми қабули шаҳрвандон дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, вазъи саломатӣ ва қобил будани онҳо ба хизмати ҳарбӣ ба инобат гирифта мешавад. Дар ҳолати то оғози ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ғайри қобили хизмати ҳарбӣ эътироф шудан, ё фавти шахсе, ки барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ муроҷиат намудааст, ичунин ҳангоми ба амал омадани асосҳои пешбинишудаи қонунгузорӣ барои озод намудан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ, маблағҳои пулии пардохнамудаи ӯ мутобиқи қонунгузорӣ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас гардонида мешавад.
Фаридун Маҳмадализода:-Дар кадом ҳолатҳо маблағи пардохтшуда ба шаҳрванд бозпас гардонида мешавад ва дар кадом ҳолат маблағи мазкур баргардонида намешавад?
Ҷовид Пирзода:-Ду ҳолати баргардонидани маблағ муқаррар карда шудааст.Яъне, он шаҳрвандоне, ки ба ҳайати даъвати захираҳои сафарбарӣ даъват шуда, маблағи онҳо супорида шудааст, дар ҳолати ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудани ӯ ва ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ фавтидани ӯ, маблағҳои супоридаи шаҳрванд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз ҷониби Вазорати мудофиа бозпас гардонида мешавад. Дар дигар мавридҳо маблағи супоридаи шаҳрванд ба ӯ баргардонида намешавад.
Фаридун Маҳмадализода: Ҷамъомадҳои ҳарбии ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар куҷо гузаронида мешавад?
Ҷовид Пирзода:-Бояд қайд намуд, ки шахсони ба ҷамъомади ҳарбӣ ҷалбшуда, хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар пойгоҳҳои қисмҳои низомии Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва амру фармоишҳои вазири мудофиа, ки барои хизматчиёни ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро адокунанда муқаррар гардидаанд, танҳо бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва бо усули минтақавӣ сурат мегирад.
Яъне, он шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар маркази таълмии дар вилояти мазкур мавҷуд буда, шаҳру ноҳияи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, дар маркази таълимии муқарраршудаи қисми ҳарбии Вазорати мудофиа дар ин минтақа ва он шаҳру ноҳияҳое, ки дар вилояти Суғд барои адо намудани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати даъвати захираҳои сафарбарӣ фиристода мешаванд, дар маркази таълимӣ дар вилояти Суғд муқарраршуда, муҳлати якмоҳаи ҷамъомади ҳарбиро адо менамоянд.
-Фаридун Маҳмадализода:-Шаҳрвандони ВМКБ ба дигар марказҳои таъмилӣ интиқол меёбанд, умуман хизмати ҳайати захираҳои даъвати сафарбарии ин вилоят дар куҷо ва чӣ гуна сурат мегирад?
Ҷовид Пирзода:-Албатта, шаҳрвандоне, ки аз ВМКБ барои адо намудани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ қабул карда шудаанд, дар маркази таълимие, ки дар вилояти Хатлон мавҷуд мебошад, айни ҳол дар он ҷо хизмати ҳарбии якмоҳаро адо менамоянд. Дар оянда низ дар ҳолати зиёд шудани муроҷиати шаҳрвандон дар ВМКБ низ чунин марказҳои таълимӣ бунёд карда мешавад ва онҳо низ дар минтақаи худашон хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ адо менамоянд.
Фаридун Маҳмадализода:- Барномаҳои таълимии ҳайати захираҳои сафарбарӣ аз рӯйи меъёр чӣ гуна сурат мегирад? Ҷовид Пирзода:-Албатта, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷорӣ намудани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ ҳама санадҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ муқаррар менамояд, таҳия намуд ва ба тасвиб расонид. Яъне, дар асоси барномаи махсус, ки барои сарбозон ва сержантҳо муқаррар карда шудааст, ба тариқи фишурда дар як моҳ ба чунин шаҳрвандон омӯзонида мешавад”.
Шаҳрвандон пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо гирифтани билети ҳарбӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дигар даъват карда намешаванд. Ва дар ҳайати захираҳои эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, дар баробари дигар шаҳрвандон минбаъд аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбӣ танҳо ба ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ даъват мегарданд.
Фаридун Маҳмадализода: Баъд аз адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ дар кадом ҳолатҳо метавонанд шаҳрвандонро боз даъват намоянд?
Ҷовид Пирзода:-Бояд қайд намуд, ки хизмати ҳарбии шаҳрвандон дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ танҳо дар як моҳ ба анҷом намерасад. Баъд аз адо намудани хизмати ҳарбии мазкур онҳо дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ба қайд гирифта мешаванд ва дар ҷамъомадҳои ҳарбие, ки дар оянда ба нақша гирифта, гузаронида мешавад, ҳатман ин шаҳрвандон даъват карда мешаванд ва таълимоти онҳо ба тарзи назариявӣ сайқал дода мешавад”.
Ин нукта қобили таваҷҷуҳ аст, шаҳрвандоне, ки хизматро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намудаанд, тибқи муқарароти қонунҳои амалкунанда, минбаъд дар ҳайати сохторҳои зертобеи Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумрук, мақомотҳои судӣ ва Мақомоти андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳайси хизматчии ҳарбӣ ба кор қабул карда намешаванд ва танҳо метавонанд ба ҳайси кормандони ғайри низомӣ фаъолият намоянд.
Қайд кардан зарур аст, шаҳрвандоне, ки то қобули қонуни мазкур рутбаҳои ҳарбиро гирифта, дар эҳтиёт қарор доранд, нисбат ба онҳо ин қонун татбиқ карда намешавад ва талаботи қонунҳои мазкур, танҳо аз санаи қабул, яъне аз 29-уми январи соли 2021, мавриди амал қарор дорад.
Дар воқеъ, бояд тазаккур дод, ки дар шароити имрӯзаи пуртазод ва вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, ки ҳатто давлатҳои пурқудрат ба таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гашта, буҳрони иҷтимоиву иқтисодӣ, аксари кишварҳои сайёраро номуътадил ва дар як ҳолати ноустувор қарор додааст, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар тарҳи нав, ба хусус дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, мувофиқи мақсад, бо маврид ва саривақтӣ мебошад. Илова бар ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор нафар ҷавонписарони синни даъватӣ, яъне аз 18 то 27-сола ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод, фоизи хеле кам ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда мешаванд. Боқимодаи онҳо, тайёрии ҳарбиро намегузаранд. Аз ин хотир, зарурат пеш омад, ки барои ҷалби боқимондаи шаҳрвандони синну соли даъватӣ, ки ҳуқуқи озод шудан ва ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ва бо роҳи гузаштани ҷамъомади ҳарбии якмоҳа, онҳо низ омодагии дифоиро гузаранд ва дар сурати таҳдиди хатар ба давлат, тайёрии ҷангӣ дошта бошанд ва дар самти баланд бардоштани иқтидори мудофиавии Тоҷикистони азиз саҳми худро гузоранд.
Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,
сардори Маркази матбуот,
полковник