20 08 2018

МУЛОҚОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН

17 август дар шаҳри Тошкент дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидии ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд. Сарони ду давлат ба таври амиқ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои даъвати ташриф ва анҷом додани сафари давлатӣ, инчунин, пазироии самимӣ, изҳори сипос карда, итминон намуданд, ки мулоқоти имрӯза ба раванди рушди босуботи маҷмӯи муносибатҳои неки ҳамсоягии кишварҳо такони ҷиддӣ мебахшад.
Сипас, муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ дар мулоқоти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб баррасӣ шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон ҳамеша яке аз ҷойҳои махсуси афзалиятнокро касб менамояд.
Таъкид гардид, ки равобити мутақобилаи Тоҷикистону Ӯзбекистон аз муносибатҳои ҳамҷаворию қаробати халқҳои мо, дӯстии бисёрасра ва эҳтироми мутақобила сарчашма мегиранд. Имрӯз бастаи калони санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд, ки бахшҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро фаро мегиранд.
- Бешубҳа, дар байни ин ҳуҷҷатҳо аз ҳама муҳим имзои Созишнома дар бораи ҳамкории шарикии стратегӣ аст, ки муносибатҳои ду кишварро ба сатҳу сифати нав мебарорад. Ин тадбир ҳамчун рӯйдоди таърихӣ бозгӯйи ҷаҳду талошҳои самимии мо барои таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад, - иброз доштанд зимни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат дар густариши робитаҳои дуҷониба аҳамияти асосии рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишварро махсус зикр карданд, ки байни кишварҳо динамикаи мусбати ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст.

Президенти мамлакат аз ду баробар боло рафтани ҳаҷми гардиши мол давоми солҳои охир изҳори қаноатмандӣ намуданд. Пешниҳод гардид, ки барои дастгирии минбаъдаи ин тамоюл бояд соҳаҳои тиҷорати ду кишвар диверсификатсия карда шавад. Барои беҳтар намудани шароити фаъолияти сармоягузорони тоҷику ӯзбек бошад, ҳамгироии амиқ лозим аст.
- Иштироки фаъолонаи доираи соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар намоишгоҳҳои миллӣ ва анҷуманҳои соҳибкорон дар ҳудуди ду давлат мусбат ва саривақтӣ аст, - таъкид доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ин замина, изҳори эътимод шуд, ки намоишгоҳи “Истеҳсоли Тоҷикистон” ва Форуми муштараки тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар чаҳорчӯби сафари давлатӣ сурат мегиранд, ба густаришу тавсеаи робитаҳои тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои воқеии ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои робитаҳои нақлиётӣ, ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ, истифодаи маҷмӯи захираҳои обу энергетика, амният ва мудофиа, инчунин, равобити фарҳангӣ ва гуманитариро баррасӣ намуданд.
Умумияти таъриху анъанаҳо ва ҳамсоягии мардумони мо муносибатҳои зичи фарҳангию гуманитариро аз қабл муқаррар кардаанд. Диаспораҳое, ки дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд, ба муносибатҳои мо хусусияти махсус медиҳанд. Дар робита ба ин, ҷанбаи муҳими ҳамгироӣ дар соҳаи гуманитарӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои аъзои иттиҳодияҳои диаспораи кишварҳоямон мебошад, - таъкид карданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо мавзӯи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро, ки ба амнияти минтақавию байналмилалӣ халал ворид месозанд, муҳокима карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба вазъи Афғонистони барои ҳар ду давлат ҳамсоя зоҳир карда шуд.
Дар ин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти вусъати минбаъдаи кӯшишҳои ҳамаҷонибаи рушди комили ҳамкории минтақавӣ, таҳкими фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар минтақаро таъкид намуданд.
Рушди ҳамкории ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳо, муҳим арзёбӣ карда шуд.

 

БА ИМЗО РАСИДАНИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд, ки дар он 26 санад ба тасвиб расид.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев Изҳороти муштарак ва Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро имзо карданд.
Сипас, дар ҳузури сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо шуданд:
- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва  Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон;
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати миллии телевизион ва радиои Ҷумҳурии  Ӯзбекистон дар соҳаи телевизион ва радио;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон “ӮзА”;
- Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ - иқтисодӣ, илмӣ - техникӣ ва фарҳангӣ - гуманитарӣ;
- Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарию фарҳангӣ;
- Созишнома байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Aкадемияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои илмиву техникӣ;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дини назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини рустанӣ байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии карантини рустании назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2020;
- Созишнома байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи адлия;
- Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба корҳои ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои марказии Иттиҳоди ҷавонони Ӯзбекистон;
- Созишнома байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳо дар самти таҳсили хизматчиёни давлатӣ;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои ҳарбиву техникӣ;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ оид ба таҳсилот;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи такмили ихтисоси омӯзгорон ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ доир ба васлу насби техникаи кишоварзӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии “Коргоҳи мошинсозӣ” - и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии “Узагротехсаноатхолдинг”;
- Протокол оид ба мубодилаи ёддоштҳо дар хусуси ратификатсияи Шартнома оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи минтақаи замин барои ҷойгиркунии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Протокол оид ба ворид намудани илова ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ  аз 12 феврали соли 2002;
- Ёддошти тафоҳум доир ба ҳамкорӣ миёни Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва  робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Ӯзстандарт);
- Созишнома байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба геология ва захираҳои минералӣ барои гузарондани корҳои иктишофию геологӣ дар майдонҳои наздисарҳадӣ;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати зиддиинҳисорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон байни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба мусоидат ба корхонаҳои хусусигардондашуда ва рушди рақобати;
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳо сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоти сатҳи олиро барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ неку назаррас арзёбӣ намуданд.

БОЗДИД АЗ НАМОИШГОҲИ “ИСТЕҲСОЛИ ТОҶИКИСТОН”
Нимаи дуюми рӯзи 17 август дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти миллии Тоҷикистон таҳти унвони  “Истеҳсоли Тоҷикистон” боздид карда, бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои истеҳсолии мамлакат, ки айни замон дар бозори минтақа ва ҷаҳон мавқеи бештарро пайдо кардаанд, шинос шуданд.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 60 корхонаи азими саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Ширкати “Талко гурӯҳ”, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ғайюр семент” ва “Моҳир семент”, Ширкати “Фароз”, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Шири Душанбе”, Корхонаи воҳиди давлатии “Ангишт”, “Намаки Ашт ва Хоҷамуъмин”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қолинҳои Қайроққум”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амирӣ”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маколли”, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Оби зулол”, инчунин, дигар корхонаҳои бузурги ватании соҳаҳои саноати маъдан, хӯрокворӣ, мошинсозӣ, мудофиа ва химия, масолеҳи сохтмонӣ, ангишт ва саноати сабук ширкат варзиданд, ки маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистонро бо шиори “Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст” ба маъраз гузоштанд.
Намояндагони зиёда аз 50 корхонаю ширкатҳои ватанӣ, ҳамчунин, молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда, аз қабили маҳсулоти ресандагию бофандагӣ, нӯшокиҳои ташнагишикан, қисмҳои эҳтиётии мошин, анвои хӯрокворӣ, маҳсулоти ширӣ ва гуштӣ, консерваи меваю сабзавот, меваи хушк, машрубот, нон ва маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, чарм, масолеҳи сохтмон, алюминий, пластикӣ, матоъ, либос, пойафзол, заргарӣ, адрасу атлас, дару тиреза, мизу курсиҳо ва рахти хоб барои беморхонаҳо ва ҷевонҳо, профил ва трубаҳои металлӣ, ноқилҳои пастшиддат ва баландшиддат, намунаи ҳунарҳои дастии занону духтарон ва дигар молу ашёро ба намоиш гузоштанд.
Ҳамзамон, дар намоишгоҳ дастовардҳои соҳаи сайёҳии мамлакат, захираҳои об, дорусозӣ ва тандурустӣ, энергетика, кишоварзӣ ва маҳсулотҳои дастранҷи  ҳунармандони мардумӣ ба сарони давлатҳо муаррифӣ шуданд.
Тавре маълум аст, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз барои ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат ва истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар ва, умуман, дар самти иҷрои барномаҳои стратегии мамлакат тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд.
Ба шарофати сиёсати бобарори Ҳукумати кишвар рушди соҳаҳои воқеӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон фароҳам овард, ки раванди саноатикунонии мамлакат густариш пайдо карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзояд.
Дар шаш моҳи соли 2018 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 10 миллиарду 414 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 1 миллиарду 862 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 117 дарсад таъмин карда шуд.
Барои дар амал татбиқ кардани ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ - саноатикунонии кишвар, яъне аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони корхонаҳои азими тавлидкунандаи маводи хӯрокворӣ, коркарду бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ, ресандагию бофандагӣ, алюминӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ҷаҳду талош меварзанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар дохили мамлакат ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ коркард шуда, бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон ба хориҷи кишвар содирот мешавад.
Дар намоишгоҳи “Истеҳсоли Тоҷикистон”, ҳамчунин, даҳҳо намуди матои атласу адрас ва дигар намунаи ҳунари дастии занону духтарон, ба таври шоиста муаррифӣ карда шуд.
Сифати баланди молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки дар бозори дохил ва хориҷ мизоҷони бештар пайдо шаванд. Зеро эътимоди харидор ба сифати маҳсулот яке аз талаботи асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхонаҳо ба ҳисоб меравад.
Истеҳсолоти саноатӣ - пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади Буҷети давлатӣ ва, дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад. Иштироки фаъоли саноатчиёни Тоҷикистон дар намоишгоҳи молу маҳсулот дар Ӯзбекистон шаҳодати рушду пешрафти соҳа мебошад.
Натиҷаи муҳими ин намоиш, пеш аз ҳама, дарёфти шарикони боэътимод мебошад. Соҳибкорони Тоҷикистон бо муаррифии молу маҳсулоти хеш, инчунин, барои ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо доираи соҳибкорону тоҷирони Ӯзбекистон ҳамкорӣ менамоянд.

ТАШРИФ БА КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ТЕХНИКАИ МАИШӢ ВА ЭЛЕКТРОНИКАИ “АРТЕЛ” - И ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН
17 август дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроникаи “Артел” боздид ба амал оварда, бо фаъолияти ин коргоҳи саноатӣ шинос шуданд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи “Артел” соли 2011 таъсис ёфта, асосан барои хоҷагии халқи ин кишвар таҷҳизоти электрикии рӯзғорро истеҳсол менамояд.
Шумораи коргарони корхона то имрӯз беш аз 7400 нафар коргарони муҳандисӣ-техникиро ташкил медиҳад.
Масоҳати умумии корхона 600 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, аз 9 коргоҳи дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ фаъолияткунанда иборат мебошад. Иқтидори истеҳсолии онҳо зиёда аз 5 миллион дона техникаи маишӣ ва 10 миллион адад лампаҳои каммасрафи барқӣ буда, дар маҷмӯъ 500 номгӯи маҳсулот бароварда мешавад.
Маҳсулоти истеҳсолшуда ба бозори дохилӣ ва ба кишварҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳо содирот мегардад.

ИШТИРОК ДАР БАРНОМАИ ФАРҲАНГИИ ХОДИМОНИ САНЪАТИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ “ШОМИ ДӮСТӢ”
17 август дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Қасри ҳамоишҳои байналмилалии “Ӯзбекистон” дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” иштирок ва суханронӣ карданд.
Чорабинӣ бо суханронии сарони давлатҳо оғоз гардид.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони олимақом ва ҳайати бонуфузи Тоҷикистонро ба Ӯзбекистон хайрамақдам гуфта, ташрифи онҳоро қадами муҳиму устувор дар роҳи таҳкиму тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ арзёбӣ намуданд.
Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии гарму самимӣ, дӯстона ва бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мардуми ӯзбек изҳори хушҳолӣ ва сипосу қадрдонӣ карданд.
Дар баромади худ сарони давлатҳо оид ба идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешутаборӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар андешаронӣ карда, баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ маънидод намуданд.
Консерти тантанавии “Шоми дӯстӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад, хушу хотирмон идома ёфт.

МАРОСИМИ СУПУРДАНИ МУКОФОТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ОРДЕНИ “ЭЛ ЮРТ ҲУРМАТИ” БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ
17 августи соли 2018 дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев “Барои саҳми сазовори шахсӣ дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ, таъмиқи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик, барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда, ташаббусҳои самаранок барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақаи мо” бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” сарфароз гардонда шуданд.

МУЛОҚОТ БО РАИСИ ПАЛАТАИ ҚОНУНБАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН НУРИДИН ИСМОИЛОВ
18 август дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов мулоқот карданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки натиҷаҳои ин сафар ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ омили муҳим барои рушди муносибатҳои ду кишвар мегардад.
Таъкид гардид, ки ҳамкории имрӯза бо сатҳу сифат ва рушди босубот дар ҳама соҳаҳо афзалияти бештарро касб мекунад, зеро он бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии барои ҳар ду ҷониб судмандро фарогир аст.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла  ҷоннок кардани фаъолияти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва табодули таҷрибаро дар самти қонунгузорӣ, иброз доштанд.
Таъмиқи ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори иқтисодӣ, фарҳангӣ, илму маориф, ҳарбиву техникӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, инчунин, амниятӣ ба хотири таъмини амну субот дар минтақа, аз самтҳои афзалиятноку барои мардумон судманд, зарур шумурда шуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов даъват ба амал оварданд, ки дар вақти муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.

МУЛОҚОТ БО САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН АБДУЛЛО ОРИПОВ
18 август дар шаҳри Тошкент дар доираи сафари давлатӣ, ҳамчунин, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор шуд.
Дар мулоқот масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи феълии робитаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ба Абдулло Орипов,  ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба рушд ва таҳкими робитаҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, барои саҳми сазовор дар густариши муносибатҳои ҳамкорӣ баҳои арзанда доданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар мулоқоти сатҳи олӣ байни ду кишвар мушкилоти мавҷудаи масъалаҳои ҳамкорӣ ҳалли худро пайдо кард ва мо ният дорем барномаҳои минбаъдаи ҳамкориро бо наздиктарин ҳамсояамон дар шакли шарикии стратегӣ таҳия намоем.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди истеҳсоли саноатӣ, таҳкими робитаҳои бахши кишоварзӣ, тухмипарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, истифодаи нуриҳои минералӣ дар бахши кишоварзӣ, ҳамкорӣ дар бахши туризм, дар соҳаи илму маориф, ҷудо кардани квотаҳо барои донишҷӯёни ду кишвар ва масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ АВВАЛИН ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ИСЛОМ КАРИМОВ
18 август дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошкент ба шаҳри Самарқанд ташриф оварда, ҷойҳои таърихию муқаддаси ин шаҳри бостониро тамошо карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд Сарвари давлатро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқбол гирифтанд.
Ташрифи Сарвари давлат дар шаҳри Самарқанд аз зиёрати оромгоҳи аввалин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шодравон Ислом Каримов оғоз гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо нишони эҳтиром ва қадршиносӣ дар назди марқади шодравон Ислом Каримов гулчанбар гузошта, бо дуову фотеҳаи нек рӯҳашро шод карданд.

БОЗДИД АЗ МАВЗЕЪҲОИ ТАЪРИХИИ ШАҲРИ САМАРҚАНД
Дар шаҳри бостонии Самарқанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв, ҳамчунин, аз Расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек, Осорхонаи “Афросиёб”, оромгоҳи Амир Темур ва майдони “Регистон” боздид ба амал оварда, бо таърихи бою рангини ин марказҳои қадима шиносоӣ пайдо карданд.
Тавре маълум гардид, Расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек соли 1428 сохта шуда, қисми асосии он аз девор бо ҳудуди 40 метр ва бо қисми кории аз 20 то 80 дараҷа иборат буд. Дар Расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек соли 1437 Қӯрғон - номгӯи осмони ситоразор тартиб дода шуда, дар он 1018 ситора дарҷ гардидааст. Дар ҳамин ҷо дарозии соли ситоравӣ 365 рӯзу 6 соату 10 дақиқа бо хатоии 58 сония муайян карда шудааст.
Дар планетария дар тахтаи махсус номи Мирзо Улуғбек дарҷ гардидааст ва ӯ дар ҷаҳон ҳамчун донишманди илми астрономӣ маълум аст.
Расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек аз иншоотҳои муҳимтарини асрҳои миёна мебошад, ки дар теппаи Кӯҳаки атрофи Самарқанд сохта шудааст.
Дар Осорхонаи “Афросиёб” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нигораҳои қадимаву нодири он шинос шуданд.
Манзилгоҳи Осорхонаи “Афросиёб”, аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, дар баробари Мароқанд - пойтахти Суғдиён қадимтарин ба шумор меравад. Афросиёб тибқи «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ шоҳи Тӯрон буд.
Дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба таърихи қадимаи ин шаҳри бостонӣ майдон ва ансамбли ёдгории “Регистон” - ро тамошо карданд.
Ин ёдгорӣ аз мадрасаҳои “Улуғбек”, “Тиллокорӣ” ва “Шердор” иборат мебошад ва он имрӯзҳо ба макони сайру саёҳати сокинон ва сайёҳон мубаддал гардидааст. Майдони “Регистон” ба асрҳои XV-XVI тааллуқ дорад.
Макони дигари таърихие, ки дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он боздид ба амал оварданд, оромгоҳи Амир Темур мебошад.
Ёдгорӣ соли 1404 аз ҷониби Амир Темур барои набераи дӯстдоштааш Муҳаммад Султон сохта шудааст. Сохтмони мақбара, баъди марги нобаҳангоми Султон Муҳаммад, меросхӯри Амир Темур ва набераи дӯстдоштаи ӯ, соли 1403 оғоз гардида буд.
Бунёди мақбараро набераи дигари Амир Темур Улуғбек ба охир расонд. Дар вақти ҳукмронии Темур мақбара ба оромгоҳи сулолаи Темуриён табдил ёфт.
Дар ин ҷо оромгоҳи Амир Темур, Мирзо Улуғбек, Муҳаммад Султон, Саид Умар, Шоҳрух Мирзо, Мироншоҳ, Абдулло Мирзо, Абдураҳмон Мирзо ва устоди Темур - Мир Саид Барака мавҷуд аст. Дар атрофи он хонаву ҳавлиҳои зиёде сохта шуда буд.
Девори он бо сангҳои майда-майдаи сафеду кабуди баланд оро дода шудааст, ки аз нурҳои офтоб ҷило медиҳад.
Дар даруни мақбара санги сари қабрии Амир Темур воқеъ аст ва худи оромгоҳ аз санги мармару оникс ва қисми болоии он аз санги яклухти нефрит бунёд шудааст.
Қабри асосӣ бошад, дар қисми поёнии мақбара ҷойгир шудааст.
Дар даромадгоҳи оромгоҳ навиштаҷоти “Мақбараи Амир Темур. Асрҳои XIV-XV” ҳаккокӣ шудааст.