18 02 2019

Дар Паёми навбатии хеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми мардуми хирадманду дурандеш ва соҳибмаърифати тоҷик даъват ба амал оварданд, ки баҳри ободу сарзабз нигоҳ доштани Тоҷикистони соҳибистиқлол ва бо дилу нияти нек саҳмгузори ин марзу бум бошанд. Ҳамчунин, зимни ироаи Паём, Пешвои миллат бо ифтихор иброз намуданд, ки “мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд”. Дар ин раванд, бовар дорам, ки ҳар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ, садоқат ба халқу Ватан, риояи талаботҳои ойинномаҳо ва интизоми ҳарбиро дар сатҳи лозима ба роҳ мемонад. Бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ, дар таърихи навини давлатдории тоҷик ҳодисаи ҳаммақом ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Зеро, нерӯҳои ҳарбии таъмини мудофиа кафили давлату давлатдорӣ буданд ва хоҳанд монд. Хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои ҳарбӣ дар он аст, ки дар марҳилае, ки қувваҳои зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар вусъат бар шумораи умумии нерӯҳои низомии давлатӣ бартарӣ доштанд, стратегияи мушаххаси ҳам мубориза ва ҳам созмон додани нерӯҳои ҳарбии таъмини мудофиаи Тоҷикистонро муайян намуд ва ба амал баровард.

Баъди эъломи Истиқлолияти давлатӣ солҳои 1991-1992 роҳбарияти онвақтаи ҷумҳурӣ дар бораи созмон додани Артиши миллӣ, кӯшишҳо нишон доданд, вале бо сабаби объективию субъективӣ, вазъи носуботи авзои иҷтимоӣ номуваффақ анҷом шуданд (фармонҳо оид ба таъсиси Горди миллӣ, дар бораи ташкил намудани Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Вазъи носолими сиёсӣ, ҳодисаҳои печида ва мураккаби оғози Истиқлолияти Тоҷикистон боиси он гардиданд, ки таъсиси яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол ба таъхир гузошта шуд ва танҳо баъди сари кор омадани ҳукумати қонунӣ дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бунёди Артиши Миллӣ, ба таври ҳаққонӣ сурат гирифт. Дар чунин вазъият муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари сиёсӣ ба сари давлат омада, моҳиятан дастгоҳи давлатии азҳамрехта ва ғайри қобили коршударо ба «мерос» гирифт. Ӯ бо азми устувор ва ҷасорати сиёсатмадори тавонои олӣ ба иҷрои вазифаи таърихии худ баҳри наҷоти Ватан ва миллат шурӯъ намуд.

Рузи 18-уми декабри соли 1992 бо имзои Эмомалӣ Раҳмон, Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки заминаи ҳуқуқии ташкили Артиши миллиро фароҳам овард. 23-юми феврали соли 1993 дар майдони Исмоили Сомонӣ (собиқ Дӯстии халқҳо)-и шаҳри Душанбе аввалин гузашти ҳарбии Артиши миллии навбунёди Тоҷикистон доир гардид ва ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Бо ифтихор дар ин сатр ёдовар мешавем, ки дар таърихи нав ва навини худ миллати тоҷик аз хазинаи хираду заковати таърихиаш шахсиятҳои бузургро аз қабили устод Садриддин Айнӣ, Шириншо Шоҳтемур, Чинор Имомов, Нусратулло Махсум, аллома Бобоҷон Ғафуров ба саҳнаи сиёсат баровард, ки дар давраи давлатдории пас аз Сомониён ҷою мақоми хосеро соҳибанд. Дар ин бора, бузургтарин шахсияти сиёсие, ки фарҳанги қадимаи миллати тоҷик дар даврони навин ба саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ овард, Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бузургии шахсияти Эмомалӣ Раҳмон таҷассумгари бузургии миллати тоҷик аст. Аз ин рӯ, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург, амалӣ ва самарабахш аст. Бинобар ин, хонаи ҳар тоҷикистонӣ муҳаббатгоҳи ӯ гардидааст.Чунончи устод Мирзо Турсунзода гуфтааст:

Касе, ки боварии халқро арзанда мегардад,

Ба ҳар ҷо дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.

Дар ин солҳо се навъи асосии Қувваҳои Мусаллаҳ: Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ва Қӯшунҳои зудамал, ташкил карда шуданд. Бояд қайд кард, ки Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуии Тоҷикистон, бо Фармони Президенти мамлакат моҳи сентябри соли 2003-юм бунёд ёфтааст. Бунёди ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ, дар доираи навсозӣ ва бе зиёд намудани шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Ба ҳайати он ҳама қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъйиноти махсус ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд. Дар тӯли 26 соли бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини кадрҳо қариб 80 фисади ҳайати шахсии Қӯшунҳои зудамал, афсарони дорои маълумоти олии ҳарбӣ мебошанд. Таҳти роҳбарии вазири мудофиаи мамлакат дар қисмҳои ҳарбӣ оид ба тарбия намудани кадрҳои ҷавон, Шӯрои устодон аз ҳисоби афсарони пуртаҷриба амал менамояд, ки онҳо ба афсарони ҷавон ҳамаи нозукиҳои хизмати ҳарбӣ ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳоро дар асоси талаботҳои ойинномавӣ ва Консепсияи корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, меомӯзонанд.

Ҳайати шахсии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ҳаёти саодатмандона ва ободиву сарзабзии кишвари маҳбубамон бо амри дил ва ниятҳои неку созанда, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои ҳайати мушовараи Вазорати мудофиро сармашқи фаъолияти кори худ қарор додаанд. Дар зарфи 26 соли бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои зудамал, як қатор ханаҳои истиқоматии замонавӣ, таҷҳизотҳои таълимии компютерӣ, мизу курсиҳо, биною иншотҳои замонавӣ аз ҷумла, синфхонаҳои таълимӣ, хонаҳои дидорбинии волидайн, ошхонаҳо, ҳаммом, хобгоҳҳо, биноҳои истиқоматӣ барои афсарон, бунгоҳҳои тиббӣ, анборҳои хӯрока ва назорати техникӣ, инчунин, сангфаршкунии роҳрави саҳни Раёсат, бо иштироки бевоситаи вазири мудофиаи мамлакат, генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва аъзоёни ҳайати мушовараи вазорат, ба истифода дода шудааст.

Умедворем, ки дар роҳи садоқат ба Президент, таъмини қонунияту адолат ва ваҳдату якдилӣ, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ ва баланд бардоштани мақом ва обрӯю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якпорчагии Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ кунем. Бар он мекӯшем, ки дар Ватани азизи мо меҳнату зиндагии осоиштаи мардум ҷавлон занад, фароғату роҳати пирон ва дунёи босафои кӯдакон пойдор бошад! Дар ин раванди неку созанда, тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳро шахсан аз номи худ ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон, муборакбод мегӯям.

Раҷамад АБДУРАҲМОНЗОДА, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои зудамал оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, полковник