16 11 2018

 

Яке аз санаҳои бузурги таърихӣ барои мардуми мо - ин баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Онро метавон ҳамчун воқеаи наҷотбахши миллат ном бурд. 
Маҳз ба шарофати он мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расид. Бо баргузории он заминаи мусоиде барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар кишвар ва, ҳамчунин,  эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам овард. Иҷлосия барои миллати тоҷик, иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот бахшида, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пойдор сохт ва барои пойдории ваҳдати миллию истиқрори сулҳ нақши созгоре гузошт.
Имрӯзҳо маҳз ба шарофати сулҳу суботи комил, ки аз он рӯзи таърихӣ сарчашма мегирад, пешравиҳо дар тамоми соҳаҳо ба назар мерасанд. Мардуми сарбаланди мо дар фазои сулҳу суботи комил кору зиндагӣ доранд ва барои ободию шукуфоии кишвари азизамон ҷаҳду талош мекунанд. Нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ батадриҷ боло рафт. 
Пешвои муаззами мо новобаста аз вазъи мураккаби кишвар ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба соҳаи фарҳанг ва рушду эҳёи он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, то ба имрӯз дар ин самт, як қатор қонуну қарор ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд. Онҳо зина ба зина амалӣ шуда истодаанд, ки мақсад аз он фароҳам овардани фазои хуби маънавӣ дар кишвар мебошад. 
Дар ҳама давру замонҳо ҷойгоҳи илму фарҳанг дар ҳаёти мардум бузург буд. Фарҳанг қудратеро дорост, ки инсонҳоро ба ҳам меорад, миллатҳоро бо ҳам мепайвандад, инсониятро аз ҷаҳолат дур сохта, ба бунёдкорию созандагӣ ҳидоят менамояд. Ин рисолат дар ҳеҷ давру замоне қимати худро гум накарда, баръакс, муҳимтару созандатар мегардад.
Пӯшида нест, ки бисёре аз бадбахтии инсонҳо аз бемаърифатию бефарҳангӣ сарчашма мегиранд. Мисоли инро мо дар вазъи ноҷӯри сиёсии ҷаҳон, алалхусус Афғонистони ҳамсоя, Яман ва Сурияву Ироқ мебинем. Ҷинояткорони ифротӣ дар ин минтақа баробари ишғоли дилхоҳ шаҳре, ибтидо ба нест кардани ёдгориҳои бостонӣ машғул мешаванд. Мактабу китобхонаҳоро оташ мезананд.  Дар иртибот ба ин, сад дарсад бо боварӣ метавон гуфт, ки дар кишвари мо заминаи хуби фарҳангӣ фароҳам омадааст. Мардум, махсусан наврасону ҷавонони миллатро, ки ояндаи Ватан ба онҳо вогузораст, ба китобхонию китобдӯстӣ, рафтан ба китобхонаҳо, тамошои театрҳо бояд ҷалбу ҳавасманд намоем. Ба шарофати сулҳу суботи комил кормандони муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ бо маром фаъолият намуда, дар пойдории истиқлолият ва ваҳдати миллӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. 

Акбар АБДУСАМАДОВ, корманди Агентии миллии 
Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти 
китоб - Хонаи китоби Тоҷикистон