15 марти соли 2016 соати 6-и субҳ тамоми ҷузъу томҳои Коалитсионии гарнизони Хатлон” ва Қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия бо бонги хатари ҷангӣ бардошта шуда, дар панҷ машқгоҳҳои ҳарбӣ, аз ҷумла “Ҳарбмайдон”, “Ҳомиён”, “Сумбула”, “Ҳалқаёр” ва “Лоҳур” ки майдони шартии ҷангро таҷҷасум менамоянд, ба иҷрои вазифаҳои муайяншуда шурӯъ намуданд.

 

Илова бар ин, нерӯҳои таъиншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистону Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия дар минтақаҳои масъулиятноки сарҳадӣ бо фуруд овардани десанти фазои тактикиву дигар ҷузъу томҳои таъиноти махсус хатти марзро мустаҳкам менамоянд ва ба ин васила дар роҳи ҳаракати душманони шартӣ камингоҳи мусаллаҳ мегузоранд.

Ҷараёни баргузории тамоми амалиёти сохтору мақомоти ба машқҳо ҷалбгардида ва омӯзиши мавзӯҳои ба он пешбинишуда дар Ситоди муттаҳидаи муштараки идории Қӯшунҳо аз ҷониби вазири мудофиа ва дигар роҳбарони машқҳо таҳти назорат қарор дорад.

Бояд тазаккур дод, ки дар марҳилаи якум бо тариқи қабули ишора оид ба омодабошии «ПУРРА»-и ҷангӣ тайёрии ҳамаҷонибаи қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу томҳои тамоми сохторҳои қудратии гарнизони Хатлон ва Пойгоҳи 201-уми ҳарбӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои иловагии Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия дар нуқтаҳои ҷойгиршавии доимӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Қобили зикр аст, ки аз даври омодагӣ, ки он аз 9-уми март оғоз гардида буд, гуруҳҳои амалиётӣ ва дигар ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ дар Ситоди муттаҳидаи муштараки идории Қӯшунҳо ҷамъ омада, дар як муддати кӯтоҳ ва дар ҳамоҳангӣ тавонистанд, ки матлаби амалиёти ҷангиро тарҳрезӣ карда, тамоми қувва ва воситаҳои ба машқҳо пешбинишударо ба ҳарбу зарби воқеӣ омода ва сафарбар намоянд.