Вохӯриву мулоқоти масъулини Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва Прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳои ҷумҳурӣ бо ҳайати шахсии қисму воҳидҳои ҳарбӣ дар доираи мавзуву масъалаҳои марбут ба фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ, ки вобаста ба авзои кунунии ҷаҳони муосир дар паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳиму аввалиндараҷа арзёбӣ гардида буд, доир карда шуд.

Масъулини Сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ зимни баррасии мӯҳтавои паёми навбатӣ, афсарону сарбозони дар толор ҷамъомадаи Полки таъминотӣ ва идоракунии Вазорати мудофиа ва дар симои онҳо тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба хизмати содиқонаву софдилона ҳидоят намуда, қайд карданд, ки пешгирии сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ, амалҳои коррупсионӣ ва мубориза бар зидии ҳодисаҳои террористиву экстремистиро асоси фаъолияти хизматии хеш дар сафи ҷузъу томҳо қарор диҳанд.

Ин гуна машваратҳои корӣ доир ба муҳокима ва таҳлилу баррасии бандҳои алоҳидаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи ироа гардидани он то ба имрӯз, аз ҷониби намояндагони сохторҳои марбутаи давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти прокуратура бо ҷалби хизматчиёни ҳарбӣ дар қисму воҳидҳои низомӣ пайвата доир карда мешаванд.

Чунин як мулоқоти судманд дар доираи нақшаи кории кормандони мақомоти Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе низ, дар Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамал ташкилу ба роҳ монда шуд, ки дар ҷараёни он як қатор масъалаҳо баррасӣ гардида, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, тартиботи баланди ҷамъиятӣ, волоияти қонуну меъёру озодиҳо ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ гардид.