Имрӯз вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шерали Мирзо бо муовини вазири мудофиаи Федератсияи Россия Анатолий Антонов, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дорад, вохӯрӣ намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили вобаста ба дурнамои ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Россия, иҷроиши барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористиву эктремистӣ, омодасозии кадрҳо ва вазъи кунунии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Афғонистон баррасӣ гардид.

Зимни вохӯрӣ инчунин вобаста ба як қатор масъалаҳои дигари соҳавӣ ва баҳри боз ҳам тақвият бахшидани доираи ҳамкориҳои самарабахши низомӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.