Ҷамъомаде, ки ҳафтаи равон дар Агентии таъминоти амволи махсус доир гардид, қабл аз ҳама, масъалаҳои вобаста ба иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода кардани соҳаҳои иқтисодиёт ва ичтимоиёти ҷумҳурӣ, барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 ва таъминоти сохторҳои низомии мамлакат бо меъёри муқарраргардидаи таъминот мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Дар рафти ҷамъомад, инчунин масоили вобаста ба таъминоти сару либоси низомӣ, пояфзолу амволи шайъӣ, доруворӣ, маводи гуногуни хурокворӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзиро барои наваскароне, ки имсол ба хизмати ҳарбӣ шомил мешаванд, мавриди муҳокима қарор доданд.

Зимни таҳлилҳо вобаста ба супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, дастур дода шуд, ки меъёри муқараргардидаи таъминоти маводи зарурӣ, барои тамоми ҳайати шахсии қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд сари вақт расонида шавад ва аз натиҷааш ахборот пешниҳод гардад.

Дар ҷамъомад, роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ, хоҷагидорони агентӣ ва дигар шахсоне, ки дар самти таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ масъуланд иштирок доштанд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶТ