Генерал-майор Саидзода Бобоҷон Абдуқодир 15 апрели соли 1969 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошад.

 

Ӯ аз соли 1995 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар вазифаҳои гуногун, командири қисми ҳарбии 10001, командири қисми ҳарбии 07020 адои хизмат намудааст. Солҳои 2007-2009 дар Академияи Умумиқӯшунии Федератсияи Россия таҳсил намудааст.

Пас аз хатми Академия дар вазифаҳои муовини сардори Раёсати аслиҳа ва техикаи ҳарбии Вазорати мудофиа, командири қисми ҳарбии 01011-и Вазорати мудофиа кор ва фаъолият намудааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2011 то моҳи ноябри соли 2015 дар вазифаи муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ адои вазифа намудааст.

Аз 24 ноябри соли 2015 то 08 феврали соли 2018 дар вазифаи  Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Бо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09 феврали соли 2018 ба вазифаи муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таьин карда шуд.