Вохӯриҳо

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

07.07.2018

2086 июл дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии ба шаҳри Остона додани мақоми пойтахти кишвар бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

муфассал

 

Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер

20.06.2018

17620 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар қатори созмонҳои фаъолтарини ҷаҳон дар татбиқи ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об, саҳми арзанда мегузорад.

Аз дастгирии гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту роҳ, кишоварзӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

муфассал

 

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус

15.05.2018

132

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Касри миллат музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ду кишвар хос аст, масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенкоро барои ташрифашон ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, изҳор доштанд, ки мулоқоту вохӯриҳои сатҳи олӣ ва муносибатҳои мунтазаму судовар дар сатҳи ҳукуматҳо омили муҳим ва мусбӣ дар ташаккули равобити байни ду кишвар мебошанд.

муфассал

 

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

13014 май дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати кишвар баргузор шуд.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор сохторҳои давлатӣ иштирок карданд.

муфассал

 

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

26.03.2018 12:19, шаҳри Душанбе

26 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

муфассал

 

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Полша Анҷей Себастян Дуда

26.03.2018 23:50, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Полша Анҷей Себастян Дуда, ки дар роҳи бозгашт аз Афғонистон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таваққуфи кутоҳи транзитӣ кард, мулоқоти корӣ анҷом доданд.

муфассал

 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 Дигар > Охирин >>

Саҳифаи 2 аз 4