Speeches

МАШВАРАТИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

01 10 2018

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.
Дар машварат вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, ҷамъбасти рушди бахшҳои вилоят дар нуҳ моҳи соли 2018, рафти иҷрои дастуру супоришҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи нақшаи ободониву бунёдкории шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таҷлили сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд. 
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоятро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд. Таъкид гардид, ки аз рӯи таҳлилҳо солҳои охир истеҳсолоти саноатӣ дар вилоят тадриҷан афзоиш ёфта, дар он саҳми соҳаҳои истихроҷи маъдан, коркарди ашёи хом ва кишоварзӣ зиёд шуда истодааст. Дар нуҳ моҳи соли 2018 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти вилоят 107 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 110 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми онҳо мутаносибан ба 12,8 ва 8,1 миллиард сомонӣ баробар шудааст.

муфассал

 

МАРОСИМИ СУПУРДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ

30 08 2018

30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супурданд.
Қабл аз оғози маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиронро ба муносибати фарорасии Ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳо ва рутбаҳо самимона табрик гуфтанд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки мо ба шарофати ваҳдату сарҷамъии халқи тоҷик ҳар як хиштро барои бунёди ин давлат бо дастони худ гузоштаем. Ҳар як амали созандаи мо ин ояндаи худи мо, ояндаи фарзандони мо ва наслҳои ояндаи халқамон мебошад. 
Таъкид гардид, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳама гуна амалҳои созандаро истиқбол намуда, барои дастовардҳо ва хизматҳои шоён подоши мувофиқро дареғ намедорад. Сарфарозгардонӣ бо мукофоти давлатӣ шакли олии қадрдонӣ мебошад.

муфассал

 

Суханронии ҷамъбастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд

03.07.2018 10:24, шаҳри Душанбе

Муҳтарам аъзои Шӯро!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии чараёни татбиқи дусолаи ҳуҷҷатҳои стратегии кишварро дар ҳошияи ҳамоҳанг намудани Ҳадафҳои рушди устувор, ки аз ҷумлаи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи Рӯзномаи асри XXI ба ҳисоб мераванд, фаро гирифт.

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ҳуҷҷати мукаммали дарбаргирандаи маҷмӯи ислоҳот барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи имкониятҳои мавҷудаи мамлакат буда, самтҳои рушди минбаъдаи кишварро дар шароити таъсири бевоситаи омилҳои дохиливу берунӣ инъикос менамояд.

муфассал

 

Суханронӣ ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом

27.06.2018 20:22, шаҳри Конибодом

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам сокинони шаҳри бостонии Конибодом!

Ин лаҳзаҳо ҳамаи мо ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ – яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳам омадаем.

Бинобар ин, ба хурду бузурги кишвар, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ин санаи таърихиро самимона табрик мегӯям.

Бисту як сол қабл, яъне 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат марҳалаи нав оғоз гардид.

муфассал

 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

117

14.06.2018 08:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Фардо моҳи шарифи Рамазон – айёми раҳмату мағфират, бахшидани гуноҳҳо, поксозии қалбҳо ва анҷом додани амалҳои хайру савоб поён меёбад ва иди саиди Фитр фаро мерасад.

Моҳи Рамазон ва иди Фитр барои мардуми мусулмони мо аз ҷумлаи суннатҳои муқаддаси динӣ мебошанд, зеро онҳо таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ - аъмоли хайру созанда, сабру таҳаммул, раҳму шафқат, поси хотири гузаштагон ва некиву накӯкорӣ шуморида мешаванд.

Муҳимтарин фазилати иди саиди Фитр бо нияти нек, шодмониву хушҳолӣ ва амалҳои хайру савоб истиқбол гирифтани он ба ҳисоб меравад.

Дини мубини ислом, хусусан, мақому манзалати хайру эҳсонкориро бисёр баланд бардошта, онро бо ихлос ба Худованд тавъам медонад, чунки ихлосу эҳсон зевари беҳтаринест, ки ҳар як муъмин бояд худро бо он ороста намояд.

муфассал

 
<< Start < Prev 1 2 3 4 Next > End >>

Page 2 of 4