Speeches

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ХИЗМАТЧИЁНИ СОХТОРҲОИ НИЗОМӢ

21 10 2019

17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншооти зарурӣ дар пойгоҳи таъминоти моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии кишвар мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулони таъминоти ақибгоҳӣ ва молияи сохторҳои низомӣ ва Агентии таъминоти амволи махсус иштирок доштанд.
Дар суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастоварду камбудиҳо дар ин самт ибрози ақида намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки шароити пуртазоди замони муосир тақозо менамояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар ҳолати доимии омодагии ҷангӣ қарор дошта бошанд. Аз ҳамин сабаб таъминоти сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ бо силоҳу муҳимоти ҳозиразамон, сарулибос, хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва дигар маводу маҳсулот аҳамияти хосса касб мекунад.

муфассал

 

ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ

23 07 2019

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъйин гардиданд, иброз доштанд, ки вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар як хизматчии одӣ ва роҳбари воҳиду сохторҳои давлативу низомӣ муносибати ҷиддӣ дар доираи оиннома ва дигар санаду меъёрҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳа талаб карда мешавад.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони фармондеҳ, командирони бригада ва қисмҳои алоҳидаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои олии ҳарбии ватанӣ ва хориҷӣ таъйин гардиданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Агентии таъмини амволи махсус, муовини аввал ва муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд.

муфассал

 

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, АЗ РӮИ НАТИҶАҲОИ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ, ШАҲРИ МОСКВА, 17 АПРЕЛИ СОЛИ 2019

03 05 2019

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Пеш аз ҳама, мехоҳам бори дигар ба ҷониби Россия миннатдории самимиро барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Федератсияи Россия изҳор дорам.  
Муколамаи мунтазам дар сатҳи олӣ ба мо имкон медиҳад, ки на танҳо масъалаҳои муҳим ва дурнамои шарикии стратегиамонро мавзӯӣ муҳокима кунем, балки дар бораи масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ муфассал мубодилаи афкор намоем.
Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳои имрӯза ҳуҷҷатҳои муҳими дуҷониба ба имзо расиданд.
Зимни суҳбати созанда ва мавзӯӣ мо мавқеи наздик ё шабеҳро дар самти аксарияти мутлақи масъалаҳои калидӣ дар рӯзномаи дуҷониба ва байналмилалӣ тасдиқ намудем.
Ҳамкории иқтисодӣ соҳаи асосии шарикии мо мебошад. Аз ин рӯ, ба масъалаҳои дорои хусусияти тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкории сармоягузорӣ диққати махсус дода шуд.
Россия имрӯз яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Соли гузашта гардиши мол миёни мамлакатҳои мо 9 фоиз афзоиш ёфта, аз 1 миллиард доллар гузашт. Дар ин замина, аҳамияти татбиқи самараноки минбаъдаи қарорҳои дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ андешидашуда зикр карда шуд.

муфассал

 

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, 15 марти соли 2019

25 03 2019

 

Омӯзгорон ва хонандагони азиз!
Ҳозирони гиромӣ!
Қабл аз ҳама шуморо ба муносибати фарорасии фасли баҳор ва Наврӯзи байналмилалӣ, ки ҷашни аҷдодии миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад, табрик мегӯям.
Тибқи анъанаи қадимаи халқамон, дар арафаи ин ҷашни бузург мардум манзили зисташонро тозаву озода намуда, ашёи куҳнаву шикастаро аз манзили зист дур месохтанд, даст ба корҳои созандагиву ободкорӣ зада, ба соли нав бо нияти нек қадам мемонданд.
Маҳз дар идомаи ин анъанаи гузаштагони некноми худ мо имрӯз дар айёми омодагӣ ба истиқболи Наврӯз боз як иншооти нави таълимиро дар пойтахти кишварамон ба истифодаи насли ояндасози Ватанамон супурдем. Бинои мазкур дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бунёд гардида, идомаи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Муассисаи таълимии имрӯза барои 1560 ҷойи нишаст бунёд гардида, аз 4 ошёна, 38 синфхона, аз ҷумла кабинетҳои фаннию озмоишӣ ва компютерӣ, шоҳмот ва рассомӣ, таълими меҳнат барои писарон ва духтарон дар алоҳидагӣ, инчунин, китобхона, маҷлисгоҳ, толори варзиш ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Илова бар ин, синфхонаи алоҳида барои маркази инкишофи кӯдак омода ва таҷҳизонда шудааст. Яъне, дар синфхонаҳои он барои истифодаи омӯзгорону хонандагон тамоми шароити зарурии сатҳи баланд бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, озмоишгоҳ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ муҳайё гардидаанд.
Мақсади асосии мо аз бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар шаҳри Душанбе дар баробари аз байн бурдани норасоии ҷойҳои нишаст барои хонандагони мактабҳои пойтахт баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мебошад. Нишондиҳандаҳои солҳои охир шаҳодат медиҳанд, ки аҳли маорифи пойтахт дар ин самт ба пешравиҳои назаррас ноил шуда истодаанд. Аз ҷумла, дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе филиалҳои Маркази рушди истеъдодҳо таъсис дода шуда, дар онҳо кӯдакону наврасони болаёқат ба таҳсилоти иловагӣ фаро гирифта шудаанд.

муфассал

 

ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ

 

05 12 2018

3 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд, суҳбат намуданд.
Ҳамин тавр, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар 23 шаҳру ноҳияҳои мамлакат иваз карда шуданд.
Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак, ноҳияҳои Кӯшониён, Дӯстӣ, Шамсиддини Шоҳин, Данғара, Панҷ, Восеъ ва Муъминободи вилояти Хатлон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба ва дорои дараҷаи тахассуси баланд таъйин гардиданд.
Сардорони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд, шуъбаҳои №1 ва 2-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Конибодом ва Истаравшан, ноҳияҳои Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Деваштичи вилояти Суғд низ иваз карда шуданд.
Ҳамчунин, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Турсунзода ва Ваҳдат, шуъбаи №1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ноҳияи Шаҳринав, сардори Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ва сардори шуъбаи  Вазорати корҳои дохилӣ дар хати фурудгоҳи шаҳри Душанбеи раёсати вазорат дар нақлиёт таъйин гардиданд.

муфассал

 
<< Start < Prev 1 2 3 4 5 Next > End >>

Page 1 of 5