Ба аввал: Сафарҳои дохилӣ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз51
Дирӯз511
Моҳ6752
Ҳамагӣ223960
Наворҳо

Форум

Сафарҳои дохилӣ

ИФТИТОҲИ БИНОҲОИ МАЪМУРИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

12 11 2018

Имрӯз  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар бинои нави маъмурии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои мазкур иборат аз 9 ошёна ва таҳхона буда, бо муосиртарин шароити корӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2016 оғоз ёфта, дар зарфи ду сол бо назардошти талаботи муосири меъморӣ ва стандартҳои ҷории сохтмонӣ бунёд гардид.
Бинои нави маъмурӣ дорои 118 ҳуҷраи корӣ буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин аст. Барои баланд бардоштани малакаи ҳайати шахсӣ дар таҳхонаи он 4 синфхонаи машғулиятҳои хизматӣ омода гардида, бо компютер, тахтаҳои электронӣ ва дигар дастгоҳҳои муосири соҳавӣ таъмин мебошад. Ба иттилои масъулон дар ин бино 4 раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд фаъолият менамояд. Барои гузарондани ҷаласаву ҷамъомадҳо иншооти мазкур бо толори маҷлис, ки дорои 100 ҷойи нишаст аст, таъмин буда, дар ошёнаи 9-ум толори хурди конфронс бо тамоми шароити муосири корӣ омодаи хизмат аст.

муфассал

 

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

01 11 2018

Субҳи 22 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон, бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой – Меҳробод - Маданиятро пас аз навсозии пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Қитъаи мазкур дар доираи лоиҳаи “Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ” (таҷдиди роҳи мошингарди Хуҷанд - Исфара) навсозӣ шудааст. Масофаи умумии қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой – Меҳробод - Маданият 17 километрро дар бар гирифта, паҳноии он аз 8 то 16 метрро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи мошингарди дорои 2 хати ҳаракат, маълум гардид, ки корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла омода намудани қабати поёнӣ ва болоии роҳ, лӯлаҳои обгузар ва мумфарш кардани он дар ду қабат мувофиқ ба талаботи байналмилалӣ анҷом дода шудаанд. Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Деҳмой – Меҳробод - Маданият, ки дар татбиқи яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ замина мегузорад, моҳи июни соли 2016 оғоз гардидааст.
Дар доираи таҷдиди қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой – Меҳробод - Маданият 6 пул бо иқтидори борбардории 80 тонна, аз ҷумла 2 пул таъмиру таҷдид ва 4-тои дигар пурра аз нав бунёд гардидааст.

муфассал

 

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОҲИЯИ МУРҒОБ Субҳи 13 - уми сентябр дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон б

17 09 2018

Субҳи 13 - уми сентябр дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, иштирок дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншооти ҳаётан муҳим ва суҳбату мулоқот бо аҳолии ноҳияи Мурғоб бо сафари корӣ ба ин ноҳияи дурдасттарину баландкӯҳ ташриф оварданд.

Мавриди зикр аст, ки аз субҳи содиқ ҳаво дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон якбора тағйир ёфта, дар шаҳри Хоруғ борон ва дар ноҳияи Мурғоб барфи шадид борид.
Одатан, вазиши шамоли сахт ва боридани барфи зиёд на танҳо ба парвози чархболҳо монеа пеш меорад, балки барои  инсон  хатар ҳам эҷод мекунад. Вале сарфи назар аз ин, бо ҷасорату иродаи қавӣ ва азму талоши созанда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нияти сафар ба ин минтақаи дурдасттарини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нагашта, барои суҳбату дидорбинӣ бо мардуми меҳнатқарини ноҳияи Мурғоб ба ин мавзеи кӯҳистон ташриф оварданд.
Ноҳияи Мурғоб дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва релйефи он мураккабу иқлимаш бисёр сард аст.
Сокинони касбу кори  гуногуни  ноҳияи  Мурғоб Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу шаҳомат, меҳру муҳаббати бепоён ва эҳтироми самимӣ истиқбол гирифтанд. Фазои шукӯҳу шодӣ ва истиқболи гарму самимии аҳолии ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб нишонаи садоқат ва меҳру  муҳаббати  бепоён нисбат ба фарзанди фарзонаи миллати тоҷик  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

муфассал

 

САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

14 09 2018

 

Идомаи сафари корӣ

Сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъа
12 сентябри соли 2018 дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, рафти корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд.

Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ беморхонаи вилоятии касалиҳои рӯҳӣ, воқеъ дар ноҳияи Роштқалъаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пешвои миллат бо шароити фароҳамовардаи ин иншооти тандурустӣ шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд доданд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин муассисаи наву замонавиро дар рӯзҳои истиқбол аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат барои кормандони соҳа арзёбӣ намуданд.
Беморхонаи касалиҳои  рӯҳӣ дар майдони қариб 2 гектар доман густурда, дорои 129 ҳуҷра ва 84 кат барои бистарикунонии беморон мебошад. Он дуошёна буда, се бинои бо ҳам пайвастро дар бар мегирад ва дорои ҳама шароити сатҳи баланди хизматрасонӣ ба маризон мебошад. Дар беморхона се шуъба, аз ҷумла мардона, занона ва кӯдакона, ба беморон хизмат мерасонад. Ҳамаи ҳуҷраҳои табибону маризон ба системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда пайваст буда, тавассути қувваи барқ ва ангиштсанг гарм карда мешаванд. Беморхона, ҳамчунин, дорои ҳаммом, ҳуҷраи либосшӯйӣ буда, дар он чор ошхона низ бунёд гардидааст.

муфассал

 

Машварати корӣ бо роҳбарону масъулони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун

28 07 2018

219

26 июл дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону масъулони Нерӯгоҳи Барқи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун машварати корӣ доир карданд.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз таъкид доштанд, ки ҳадаф аз баргузории машварати имрӯза натиҷагирӣ аз корҳои сохтмонии иҷрошуда, омодагии ҳамаҷониба ба маросими ба истифода додани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар соли 2018 ва вазифагузорӣ барои давраи семоҳаи дигари соли 2018 мебошад.Дар кори машварат нахуст гузориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои нозирони Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Қоҳир Расулзода оид ба иҷрои корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ шунида шуд.

муфассал

 

Иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

20.06.2018

174Субҳи рӯзи 20 июн дар Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба кори худ оғоз кард.

Барои иштирок дар ин конфронс сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Покистон, Туркманистон, Афғонистон, беш аз 1500 коршинос аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Ҷараёни кори конфронс мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радио пахш гардида, рафти кори онро шумораи зиёди хабарнигорони дохил ва хориҷ инъикос карданд.

Мавриди зикр аст, ки даҳсолаи нави байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ ташаббус ва иқдоми чоруми созандаи ҷониби Тоҷикистон мебошад ва аз рӯйи он қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории амиқи кулли кишварҳои аъзои ин созмони бонуфуз қабул шудааст.

муфассал

 
Боз саҳифа...
<< Якум < Пешина 1 2 3 Дигар > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 3
Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо