Главная страница: Визиты
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
ОПРОС
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Статистика
Сегодня262
Недели1966
В этом месяце5553
Всего222761
Видео

Форум

Визиты

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ШАРИКОНИ СТРАТЕГӢ. ИДОМАИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

20 08 2018

МУЛОҚОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН

17 август дар шаҳри Тошкент дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидии ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд. Сарони ду давлат ба таври амиқ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои даъвати ташриф ва анҷом додани сафари давлатӣ, инчунин, пазироии самимӣ, изҳори сипос карда, итминон намуданд, ки мулоқоти имрӯза ба раванди рушди босуботи маҷмӯи муносибатҳои неки ҳамсоягии кишварҳо такони ҷиддӣ мебахшад.
Сипас, муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ дар мулоқоти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб баррасӣ шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон ҳамеша яке аз ҷойҳои махсуси афзалиятнокро касб менамояд.
Таъкид гардид, ки равобити мутақобилаи Тоҷикистону Ӯзбекистон аз муносибатҳои ҳамҷаворию қаробати халқҳои мо, дӯстии бисёрасра ва эҳтироми мутақобила сарчашма мегиранд. Имрӯз бастаи калони санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд, ки бахшҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро фаро мегиранд.
- Бешубҳа, дар байни ин ҳуҷҷатҳо аз ҳама муҳим имзои Созишнома дар бораи ҳамкории шарикии стратегӣ аст, ки муносибатҳои ду кишварро ба сатҳу сифати нав мебарорад. Ин тадбир ҳамчун рӯйдоди таърихӣ бозгӯйи ҷаҳду талошҳои самимии мо барои таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад, - иброз доштанд зимни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат дар густариши робитаҳои дуҷониба аҳамияти асосии рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишварро махсус зикр карданд, ки байни кишварҳо динамикаи мусбати ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст.

муфассал

 

Мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ

23.03.2018 19:33, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори телевизиони СММ мусоҳиба анҷом доданд.

муфассал

 

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш

22.03.2018 02:33, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

21 марти соли 2018 дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот карданд.

муфассал

 

Встреча Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона в столице Казахстана – Астане

14 марта Основатель мира и национального единства – Лидер нации, Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон с целью совершения официального визита в Республику Казахстан и участия в Рабочей (консультативной) встрече Глав государств Центральной Азии прибыл в столицу Казахстана — Астану.

Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона в Международном аэропорту Астаны тепло и искренне встретили высокопоставленные представители Правительства Республики Казахстан.

Планируется, что в ходе этого визита Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон встретится с Президентом Республики Казахстан Нурсултаном Назарбаевым и высокопоставленными представителями этой страны, по итогам встреч будут подписаны новые документы о сотрудничестве и регулировании отношений дружбы и партнёрства.

Также Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон примет участие и выступит на Рабочей (консультативной) встрече Глав государств Центральной Азии.

 

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

12.10.2017

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки бо мақсади иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

муфассал

 

Иштироки Пешвои миллат дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

20.09.2017

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ намуданд.

муфассал

 


Подпишитесь к нам!

ЭМОМАЛИ РАХМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

МИНИСТР ОБОРОНЫ
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛИ МИРЗО
Спорт

Tорговая площадка