ВАРЗИШ
ОҒОЗИ СОХТМОНИ ВАРЗИШГОҲ БАРОИ 30 ҲАЗОР ҶОЙИ НИШАСТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ25 03 2019 15 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи бунёди варзишгоҳи муҳташам шинос шуданд. Ин иншооти калон дар масоҳати беш аз 9 гектар сохта мешавад ва дар он барои баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ шароити муосир фароҳам оварда хоҳад шуд. ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ СОЛ30.01.2018 Дар мавсими сипаригардидаи футболи мамлакат дастаи варзишгарони Клуби марказии варзиши артиши “Помир” аз 21 бозӣ 8 ғалаба ба даст оварда, 10 бозиро мусовӣ анҷом дода, бо таносуби тубҳо-19 бар 13 соҳиби 34 имтиёз гардид ва бори нахуст аз замони таъсисёбии хеш ба дарёфти мақоми 3-юм ва медалҳои бринҷии чемпионати 26-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон шарафёб шуд. Ҳайати дуюми ҷавонони даста низ ҳамин натиҷаи шоёнро дар мавсими футболи соли 2017 ба даст оварданд. |
|