Робита бо ҷомеа

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР МАСИРИ ФАРДОИ ДУРАХШОНТАР АСТ

29 08 2018

Дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдгарои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сол ба сол пояҳои Истиқлолияти давлатӣ қавитару устувор мегарданд, ки дар шароити ҳассоси ҷаҳони муосир шарти муҳими ҳастии давлату миллат аст. Тӯли 27 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастоварду комёбиҳои назарраси сиёсиву иқтисодие мушарраф гардид, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд.
Воқеан, ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки халқи куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик арзишҳои миллии хешро дубора тахтнишин созад ва дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона вориди корзори таърих шавад. Маҳз ҳамин неъмати бебаҳо эҳсоси худшиносиву худогоҳиро дар замири халқ бедор намуда, ба муаррифии шоистаи давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ роҳ кушод.
Дар замони феълӣ намешавад, бо дастовардҳои кунунии истиқлолият қонеъ шуд, балки онро пайваста бояд таҳкиму тавсеа бахшид. Зеро ҳаводиси хатарбори ҷаҳони муосир, рақобати қудратҳо ва омилҳои таъсиргузори беруна дар сурати ғафлат метавонанд,  ба амнияти дилхоҳ кишвар таҳдид намуда, истиқлолияту якпорчагии онро зери хатар гузоранд.

муфассал

 

АЪМОЛИ НАҲЗАТИЁН ЗИДДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛИСТ

29 08 2018

Барои мардуми фурӯхташудаву хоин, ки асли арзиши онҳоро пул ташкил медиҳад, ҳеҷ гуна муқаддасот ва арзиш вуҷуд надорад. Онҳо ғуломи пулу сармоя гашта, фақат ба роҳи тавтеаву дурӯғпардозӣ бо мафҳумҳое, ки арзишҳои баланди инсониро ифодагаранд, бозӣ мекунанд. Ин нукта бевосита ба фирориёни дар хориҷ паноҳбурдаи ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ марбут аст. 
Ин гурӯҳи авомфиреб, ки бозичаи дасти бегонагонанд, барои таъсир расондан ба мафкураи мардум ва бесубот кардани вазъи иҷтимоӣ дар дохили кишвар аз хоҷагони берунаашон пулу сармоя меситонанд ва мехоҳанд ҳадафу мақсадҳои нопоки онҳоро бароварда кунанд. Ҳанӯз дар оғози Истиқлолияти давлатӣ саркардагони ин ҳизби террористӣ бо пулу сармояи хоҷагони хориҷиашон ба сари мардуми тоҷик бадбахтии азимеро оварданд, ки боиси ҳалокати беш аз 150 ҳазор одамон гардид. Кишварро харобу валангор намуда, давлатро дар садади нобудӣ қарор доданд. Барои ин гурӯҳ на истиқлолият, на давлат ва на миллат арзиш надоранд. Барои инҳо танҳо як арзиш - ба нархи ҷони дигарҳо ва ба нархи давлату миллат ба даст овардани сармоя ва иҷро кардани ҳадафҳои сармоягузор аст. Ҳарчанд дар расонаҳои хеш ин гурӯҳ даъво доранд, ки гӯё инсонҳои озода ва аз ҳеҷ кас вобаста нестанд  ва танҳо ба хотири дифоъ аз арзишҳои миллӣ корҳоеро анҷом медиҳанд, аммо ин танҳо сароб, дурӯғ ва тавтеа асту бас. Пушти даъвои ҳангомаҳои ин гурӯҳи шайёд пулу манфиатҳои бегона қарор мегирад. 

муфассал

 

НАҲЗАТ ВА "ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ" - ДУ ҶОДАИ ЯК ПАЙМОН!

27 08 2018

Нимаи дуюми рӯзи 15 августи соли равон, шаҳри Кобул – пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро таркиши мудҳишу ҷонхароше такон дод. Ин таркиш дар маркази таълимии «Мавъуд» ба вуқӯъ пайваст, ки садҳо наврасу кӯдак машғули омӯзишу таълим буданд. Инфиҷор боис ба марги 65 нафар донишомӯз ва захмию маҷрӯҳ шудани зиёда аз 70 нафари дигар гардид. Дар он аксаран наврасону ҷавононе ба қатл расиданд, ки барои талаби илму ирфон, донишу маърифат ва хату савод омада буданд. Яъне, ин нафарон барои иҷрои яке аз фаризаҳои дини мубини ислом, ки талаби илм аст, аз манзилу кошонаҳои худ ба дар шуда, роҳи маркази «Мавъуд» - ро пеш гирифта, аснои иҷрои фарзи Илоҳӣ аз ҷониби нафароне, ки худро пайрави Худову Расул мешуморанд, ба таври ваҳшиёна қатл шуданд. 
Баъд аз ин ҳодиса, хонаву кошонаи волидони кушташудаҳо андуҳкада шуда, тарс дар тиннати зану мард ва наврасону кӯдакони афғон боз аланга гирифт. Ғолибан, ин амали даҳшатбор роҳҳоро барои омӯзишу таълим ва саводнок намудани наврасону ҷавонон боз ҳам масдуд хоҳад кард. Зеро дар шароити кунунии Афғонистон рафтан ба мактаб ва омӯзиши илму адаб ба маънои омодагӣ ба марг маҳсуб мешавад. Чунки ҳамасола дар мактабу дабистон ва донишгоҳҳо садҳо донишомӯзу донишҷӯ ба қатл мерасанд. 

муфассал

 

Омилҳои шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротиро решакан бояд кард

23 08 2018

194Дар Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳои ӯ дар мулоқот бо аҳли зиё ва ҷавонони кишвар дар бораи пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ба ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ ва мазҳабу равияҳои бегона ба хотири ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва рушди давлати миллӣ дар фазои осоишта таъкид гардидааст. Яке аз чунин ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодҳои динии амалкунанда, ки имрӯз аз ҷониби аксар давлатҳои хориҷӣ ба кишварҳои тозаистиқлоли Осиёи Марказӣ интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро дорад, ин сепаратизм, радикализм, фундаментализм, экстремизм ва терроризми бо ном «Давлати исломӣ» (ИГИЛ) мебошад, ки дар ҷаҳони муосир имрӯз ҳамчун равияҳои тундрав шинохта шудаанд.

Аслан сепаратизм ба фаъолияти халқҳои алоҳида алоқаманд буда, тавассути ғояи содир кардани ҳаракатҳои озодихоҳӣ дар амал тадбиқ мегардад. Радикализм танҳо ба воситаи созмон додани иттиҳодияҳои сиёсӣ, ҳарбӣ ва ангезаҳои сиёсӣ ба мубориза бармехезад. Фундаментализм бошад, тавассути фаъолияти ташкилотҳои динӣ оид ба нигоҳ доштан ва тарғибу ташвиқи ҷараёнҳои гуногуни динҳои дунявӣ алоқаманд мебошанд. Мисоли оддӣ, ин фундаменталистҳои дини ислом ба ҳисоб рафта метавонанд, ки аксари ҷавонони имрӯзаи моро бо сабабҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва паст будани маърифати ҳуқуқӣ, ҳамзамон бемаҳдуд машғул гардидани ҷавонон ба шабакаҳои интернетӣ ва аз тарбия дур гардидани волидон, оила ва ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки бархе ҷавонони моро ба доми худ кашида, шомили ҳар гуна ҳаракату созмонҳои экстремистиву террористии зерин мегарданд:

муфассал

 

ИТТИЛОИЯ

23 08 2018

20 август дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маҷлис ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Президент, татбиқу дар амал ҷорӣ кардани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти корҳои ободонию созандагӣ баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахустин сафари давлатии худро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо натиҷаҳои неку назаррас ва бобарор барои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягӣ анҷом ёфт, натиҷагирӣ карданд.
Таъкид гашт, ки ин сафар бо натиҷаҳои пурсамар дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад. Яке аз натиҷаҳои пурарзиш ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадани Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад.
Сафарҳои давлатии ҷавобии сарони давлатҳо, имзои санадҳо, баргузории бизнес - форумҳо, намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатии кишварҳо, барномаҳои фарҳангии «Шоми дӯстӣ» дар ҳар ду давлат, кушодани 16 гузаргоҳи сарҳадии байниҷумҳуриҳо, барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ, роҳҳои мошингузар, фаъолияти назарраси комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва боз дигар омилҳо имкон фароҳам оварданд, ки халқи тоҷику ӯзбек боз ба ҳам оянд, рафтуомади хешутабориро мустаҳкам намоянд.

муфассал

 
<< Якум < Пешина 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 Дигар > Охирин >>

Саҳифаи 20 аз 29