Робита бо ҷомеа

СУЛҲ, СУБОТ, ВАҲДАТ. БУЗУРГТАРИН ОМИЛҲОИ РУШДИ УСТУВОР ВА ШУКУФОӢ

02 10 2018

Чанде пеш мардуми шарифи кишвари соҳибистиқлоламон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни фархундаи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои шоиста таҷлил намуд. Бо шукӯҳу шаҳомати беназир ҷашн гирифтани ин санаи таърихӣ ва пешрафти бесобиқаи иқтисодию иҷтимоӣ маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаю талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, дар натиҷаи таъмини сулҳу оштӣ, суботу оромӣ  ва ваҳдати миллӣ барои халқи азияткашидаи тоҷик муяссар гардид. 
Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: «Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави иқтисодиро ба кор андозем, сокинони мамлакатро дар тамоми фаслҳои сол бо неруи барқ таъмин кунем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварем».

муфассал

 

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. ТОҶИКИСТОН ДАР САФИ ПЕШИ МУБОРИЗА ҚАРОР ДОРАД

02 10 2018

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамоянд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму ойин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккураш ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».
Бояд зикр намуд, ки тамоюлҳои геопалитикии ҷаҳони имрӯза – терроризму экстремизм ва дигар ҷараёнҳо омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои Истиқлолияти давлатӣ мебошанд. 
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Қувваҳои сеюм барои заиф намудани Истиқлолияти давлатӣ ҳама чораҳои ғаразноки худро андешида буданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон ба масъалаи таъмини ҳуқуқии рушди ҷомеа эътибори ҷиддӣ доданд ва медиҳанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти миллӣ ва байналмилалӣ касб намуд. Ба сулҳу амнияти бадастовардаи Тоҷикистон сиёсатмадорон ва сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳон баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, сарвари Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Кратов зимни як баромадаш, ки дар шаҳри Душанбе соли 2000 баргузор гардида буд, қайд кард, ки «…Сулҳи бадастовардаи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон чун таҷрибаи нодир эътироф шудааст. Умуман дар тӯли панҷоҳ соли охир он назири худро надорад. Мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои амалро мебинем…».

муфассал

 

ЭЪТИРОФ. ДАР АВРУПО ҲАМ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ БУДАНИ ҲНИ-РО ДАРК КАРДАНД

26 09 2018

 

Аз тамошои ҳамоиши солонаи САҲА дар Варшава оид ба ҳуқуқи инсон чанд бардошт ҳосил шуд. Аз қабл ин нишаст ва, бахусус, дар масъалаи ҳузури аъзову роҳбарони ТТЭ ҲНИ ва иштироки ҳайати Тоҷикистон сарусадоҳои зиёд ба вуҷуд омада буд. Ин воқеист, зеро акнун дар худи САҲА ҳам ба ин нукта сарфаҳм рафтанд, ки ғарази ҲНИ аз иштирок дар нишаст чисту Ҳукумати Тоҷикистон чи ҳадафҳо дорад. Аммо он чи ки дар ҷараёни баргузории ҷаласа мушоҳида шуд, баёнгари он аст, ки ҲНИ дар воқеъ, дар Аврупо ҳам ба унвони як ташкилоти тахрибкор эътироф гардидааст.

муфассал

 

ТТЭ ҲНИ АЗ БУНЁД ЗИДДИМИЛЛИВУ ХУРОФОТЗАДА БУД

26 09 2018

Таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки дар оғози Истиқлолияти давлатӣ роҳбарону муассисони ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо сармояи хоҷагони хориҷиашон вазъияти сиёсиву иҷтимоии мамлакатро печида карда, сабабгори ҳалокати беш аз 150 ҳазор одам гардиданд.
Раванди воқеоти гузаштаву имрӯза ва аъмоли ноҷавонмардонаи наҳзатиёни террорист нишон медиҳад, ки барои ин гурӯҳи сияҳкор истиқлолият, давлат ва ҳуввияти миллӣ ҳеҷ арзише надоранд. Аъзои фирории ТТЭ ҲНИ, ки ҳамчун абзори бозиҳои сиёсӣ истифода мешаванд, ҳанӯз ҳам аз кирдорҳои нангине, назири таъсиррасонӣ ба мафкураи мардум, бесубот кардани вазъи дохилии Тоҷикистон даст набардоштаанд ва чашми умед ба он доранд, ки бо чунин амалҳои носавоб аз хоҷагони бурунаашон пул меситонанд. Зеро онҳо ғуломи пулу сармоя гашта, ба асли арзишҳои инсонӣ пушт гардондаанд.
Чун оина равшан аст, ки дастовардҳои бесобиқаи давлату миллати тоҷик, ҷойгоҳи баланди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути шоҳкориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҳзатиёнро башиддат нороҳату асабонӣ кардааст. Ин ҳақиқатро метавон аз матолибу гузоришоти ғаразноки сомонаҳои интернетие, ки таҳти ҳимояти молии хоҷагони ТТЭ ҲНИ қарор доранд, дарёфт. Қаламбадастони хоину беномус ба маҳзи ризоияти муассисонашон аз ҳеҷ дурӯғу тавтеасозӣ нисбат ба давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик парҳез намекунанд ва гумон аст, ки барои ислоҳи худ дар ин самт гоми мусбат бардоранд. Зеро чунин бешарафӣ одати деринаву зотии ин гурӯҳи аввомфиреб буда, ба масали тоҷикӣ «Тарки одат амри муҳол аст»…

муфассал

 

ТТЭ ҲНИ ВА БОЗИҲОИ ГЕОПОЛИТИКӢ

25 09 2018

 

Ҷомеашиносон ва муҳаққиқони муосир барои шинохтан ва ташхис додани уқдаҳои фикрӣ ва иҷтимоӣ, ки боиси пойинравӣ ва вопасгаройӣ мегарданд, аз истилоҳи шартии «мазҳабзадагӣ» кор мегиранд. Сатҳи мазҳабзадагӣ дар ин ё он ҷомеа, албатта, ба чигунагии фазои фикрию маданӣ бастагӣ дорад. Умдатан, дар нимаи дуюми садаи бист дар кишварҳои Шарқи мусулмонӣ бозиҳои сиёсӣ бештар ранги мазҳабӣ гирифта, дар қолаби инқилобҳои исломӣ инсиҷом ёфтанд. Ҳамин тавр, дар фазои собиқ шӯравӣ ҳам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи ҷудонопазири он маҳсуб меёфт, фактори динӣ - мазҳабӣ авлавият пайдо кард ва раванди воқеоту ҳаводиси минбаъда ба он омил пайванд хӯрд. 
Дар муҳити Тоҷикистони шӯравӣ аз охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта шурӯъ карда, бозиҳои геополитикӣ дар қолаби исломи сиёсӣ ворид гардиданд ва тадриҷан фазои сиёсӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, маданӣ ва маънавиро таҳти таъсир қарор доданд. Ин нуктаро мебояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз пеш аз замони касби Истиқлолияти давлатӣ аз назари динӣ - мазҳабӣ дар таносуб бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ осебпазиртар буд, чунки дар ин минтақа нуфузи қобили мулоҳизаи рӯҳониёни муҳофизакор, фурсатталаб, бехабар, ноогоҳ, ки тору пудашонро хурофоту таассуби мазҳабӣ ташкил дода буд, ба мушоҳида мерасид. Аз тарафи дигар, аз нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми садаи бист ҳаракати рӯҳониёни ҷавон, ки худро ислоҳотгари динӣ - исломӣ унвон мекарданд ва дар маҳофили динӣ аз ислоҳоти густурдаи мазҳабӣ лоф мезаданд, неруманд шуд ва дар майдони сиёсию мафкуравии ҷумҳурӣ аз худ дарак дод. 

муфассал

 
<< Якум < Пешина 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 Дигар > Охирин >>

Саҳифаи 18 аз 29