Робита бо ҷомеа

Омодагиҳо ба 30-солагии истиқлолияти кишвар

21 12 2018

Дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, дар ин самт имрӯзҳо дар ҳама қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиа таъмиру тармим ва сохтмону азнавсозии бинову иншооти муҳими ҳарбӣ бо маром идома дорад. Нахуст гузориши барнома дар ин мавзӯъ омода гардидааст.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар толори Вазорати мудофиаи мамлакат таҳти роҳбарии вазири мудофиаи кишвар генерал-полковник Шерали Мирзо машварати корӣ доир гардид.

Зимни баргузории он аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиа “Нақшаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Вазорати мудофиа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби роҳбарияти ин ниҳоди қудратӣ таъкид карда шуд, ки дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои ҳама бандҳои нақшаи мазкур бояд бо сифати баланд таъмин гардад ва то арафаи таҷлили ин ҷашни воқеан ҳам таърихӣ дар ҳама самтҳо бояд пешравиҳои куллӣ ба чашм расанд.

Ҳамзамон илова гардид, ки бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таҷлили ин ҷашни воқеан ҳам таърихӣ, омодагиҳо ҷиҳати гузаронидани Паради ҳарбӣ, чорабиниҳои тантанавӣ, озмуни Суруди сарбоз, таҳияи филмҳои мустанад, нашри рӯзномаҳои ҷашнӣ, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, сохтмону азнавсозии бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, оро додани муҳити қисмҳои низомӣ бо шиору овезаҳои ҷашнӣ ва дигар чорабиниҳои муҳим бояд дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ монда шавад.

муфассал

 

ҲХДТ. БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

17 12 2018

Низоми таърихи давлатдориву давлатсозии чандсадсолаи охири ҷомеа собит намудааст, ки ҳар як ҷараён ва ё неруи сиёсии амалкунанда, замоне ба ҳадафҳои аслиаш муваффақу комгор мегардад, ки агар иҷрои хостаҳояш ба мардум пайванди ногусастанӣ дошта бошад.  
Бо тавзеҳи нуктаи муқаддимотӣ ва бо таваҷҷуҳ ба эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, имрӯз сароҳатан метавон афзуд, ки Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон тавассути ҳидоятҳои ибратомӯзи Роҳбари соҳибфитрату накусиришташ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун неруи тавонои пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои миллӣ нақши муассиру мондагор дорад.  
Мақому манзалат ва шуҳрати намоёни ҲХДТ қаблан аз барномаҳои созанда, тадбирҳои судманди кулли аъзо ва ибтикороти роҳбарияти он манша гирифта, авлавияти рисолаташро барои беҳбудии сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат равона намудааст. Агар ба таърихи таъсисёбии ин ҳизби пешоҳанги мардумӣ назар афканем, пайдост, ки марҳилаҳои душвори тайкардааш дар масири давлатсозии миллиамон бо дастоварду натиҷаҳои намоён баҳогузорӣ мешавад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ёфта, дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ 15 декабри соли 1994 таҳти рақами 199 сабти ном шудааст. Дар арафаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 25 июни соли 1997, дар шаҳри Душанбе Анҷумани III Ҳизби Халқии Тоҷикистон доир гардид ва дар он номи ҳизб ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дода шуд. 

муфассал

 

РӮЗНОМАИ АРТИШ-ҲАМҚАДАМИ АРТИШ

10 12 2018

Рӯзномаи «Ҳомии Ватан»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами Артиши миллӣ буда, нахустшумораи он санаи 10-уми декабри соли 1993 бо ду забон, тоҷикӣ ва русӣ ва дар ҳаҷми чаҳор саҳифа бо теъдоди панҷ ҳазор нусха рӯйи чоп омадааст, ки аз таъсисёбии он 25 сол пур шуд.Дар сафиҳаи аввали рӯзнома табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр гардида, ба табъ расиданидани рӯзномаро Пешвои миллат падидаи нек дониста, чунин қайд кардаанд: «Табрикоти самимонаи хешро ба ҳамаи афсарон, прапоршикҳо ва сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ба табъ расидани шумораи аввалини ҳафтавори Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Ҳомии Ватан» иброз медорам. Умедворам, ки рӯзнома дар кори ба эътидол овардани вазъи кишвар, тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстӣ, баланд намудани ҳисси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар кори муқаддаси ҳимояи Ватани хеш саҳми арзанда мегирад.

Дар рӯзҳои солгарди барқарор гардидани Ҳукумати қонунии Тоҷикистон нашр гардидани рӯзнома худ як падидаи нек аст. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили дифои кишвар, таъмини сулҳу осоиш, ҳифзи ҳуқуқ ва барқарор намудани адолати иҷтимоӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Боварӣ дорем, ки рӯзномаи шумо, ҳайати эҷодии он, тамоми дониш ва ғайрати хешро баҳри ободу зебо гардонидани кишвар равона хоҳад кард. Комёбиҳои шуморо хоҳонем».

Ҳамчунин, дар саҳифаи аввали рӯзнома табрикоти собиқ вазири мудофиа генерал-майор А. Шишлянников бо забони русӣ ба табъ расида буд. Номбурда ба ин маънӣ менигорад, ки рӯзномаро чунин дидан мехоҳад; якум, ҳақиқатнигорӣ, дуюм, оҷилӣ, сеюм, дастрас ва пурмазмун будани он, чорум, диққатҷалбкунанда будани рӯзнома ва панҷум, ҳақиқӣ инъикос намудани фаъолияти хизматии хизматчиёни ҳарбӣ дар нашрия.

муфассал

 

ШИНОСОӢ БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МАСҶИДИ МАРКАЗИИ ҶОМЕИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

04 12 2018

30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит шинос шуданд.
Лоиҳаи бунёди масҷид бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, рафти корҳои сохтмонӣ дар он таҳти назорати доимии Пешвои миллат қарор дорад. Масҷиди бузург дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлис ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд. Масоҳати зербинои масҷид 3 гектарро ташкил медиҳад ва корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ гузошта шуда буд.
Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони варзидаи Тоҷикистону Қатар омода гардидааст ва он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ аз 4 манораи баландиаш 75  - метра ва гумбази 47 - метра иборат хоҳад буд.
Бо маслиҳатҳои мушаххас ва завқи баланди зебоипарастии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмони иншооти бузург тарҳу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳою даромадгоҳҳо ва тамоми дигар корҳои ороишии дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудаанд. Дар вақти таҳияи лоиҳаи бунёди масҷид меъморону сохтмончиён пешниҳоду талабот ва тавсияҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифтаанд.

муфассал

 

Ташаббуси вазири мудофиа

25 11 2018

Дар асоси иљрои дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољистон мўњтарам Эмомалї Рањмон оид ба омодагињо ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, бо маќсади бењтар гардонидани зиндагонии ањолии дењот сохтумон ва ба истифода додани иншоотњои иљтимої бо маром идома дорад. Ба ин маќсад дар яке аз дењањои дурдасти ноњияи Балљувон дењаи Дошмандии љамоати Сари-Хосор бинои нави Маркази саломатї бунёд гардид.

Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сўлњу Вањдати миллї, Пешвои миллат мўњарам Эмомали Рањмон љињати дар сатњи зарурї љашн гирифтани 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон аз љониби роњбарон ва шањрвандони кишвар бо иќдомњои созандаи ободкории худ сањми босазои хешро мегузоранд.Инаст, ки дар арафаи љашни Рўзи Парчами миллии ЉТ аз љониби вазири мудофиаи кишвар генерал-полковник Ш.Мирзо дар аке аз дењањои дурдасти ноњияи Балљувон дењаи Дошмандии љамоати Сари-Хосор бинои нави Маркази саломатї бунёд гардид.

муфассал

 
<< Якум < Пешина 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 Дигар > Охирин >>

Саҳифаи 17 аз 31