Робита бо ҷомеа

Терроризм - вабои аср

22 01 2019

Дар паёми Президенти Љумҳурии Тољикистон ба Маљлиси олї омадааст, ки: «Терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалии љиддї буда, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба љомеаи љаҳонї ва љони ҳар як сокини сайёра аст».

Ин зуҳуроти фалокатбор ҳељ умумияте ба дин, аз љумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ѓаразноки сиёсї содир карда мешавад. Барои тайёр намудани чунин шахсони худкуш ташкилотҳои махсус аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода бурда, ҳисси бадбинї, нафрат, аз байн бурдани тарафи муќобилро дар дили он шахс љой мекунанд. Ҳатто, ба дараљае ба чунин шахсон таъсир мерасонанд, ки онҳо аз баҳри падар, модар, зану фарзанд ва ҳама дороияшон гузашт карда, даст ба чунин кори зишт мезананд.

муфассал

 

Прапоршикони ҷавон дар ҳайати Артиш

14 01 2019

Аз нахустрӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ пуррагардонии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа бо мутахассисони касбӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, таъминоти кадрӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи масъулини роҳбарикунандаи Вазорати мудофиа қарор дошта, ҷиҳати ба вазифа таъйин намудани шахсони содиқу лаёқатманд пайвста чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Дар ҳамин замина моҳи январи соли 2014 Мактаби омодакунии прапоршикон таъсис дода шуд. Омӯзиш дар ин мактаб аз рӯйи 8 ихтисоси муҳими ҳарбӣ 4 моҳ давом карда бо мақсади ҷалби ҷавонони болаёқат ба хизмати ҳарбӣ ва баҳри пуррагардонии вазифаҳои холӣ дар ҷузъу томҳои Артиши миллии кишвар ташкил карда шудааст. Курсантони шомилшуда ба ин мактаб пас аз идомаи таҳсил, 1 моҳ ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб карда мешаванд ва дар ин мудат махсусияту нозукиҳои тахассуси интихобкардаи хешро аз худ намуда, соҳиби шаҳодатнома ва рутбаи прапоршикӣ мегарданд.

Ин навбат Мактаби омодакунии прапоршиконро наздики 100 нафар курсантон хатм намуданд, ки ба ин муносибат чорабинии тантанавӣ доир гардид. Маросими бошукӯҳи хатми ин гурӯҳи прапоршикон дар Маркази таълимиии Қӯшунҳои хушкигарди Вазоати мудофиа чун ойини ҳарвақтаи низомиён бо ворид гардидани байрақи ҷангӣ ва садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

муфассал

 

Ҷамъомад бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорат

14 01 2019

Дар доираи ҷамбасти даври дуюми омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳафтаи равон бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии ВМ ҷамъомади таълимӣ-методӣ баргузор гардид.

Ҷамъомад ё худ машғулиятҳои таълимӣ-методӣ бо ҷалби ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиа дар пойгоҳи чанде аз қисмҳои низомӣ ва машқгоҳҳо ба таври назариявию амалӣ ва дар сатҳи зарурӣ ҷараён гирифт. Қабл аз оғози машғулиятҳои таълимӣ дар театри Абдулқосим Лоҳутии шаҳри Душабе миёни иштирокчиёни ҷамъомади мазкур ва кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид. Баъд аз вохӯрӣ дар доираи нақшаи фарҳангии масъулини Вазорати мудофиа ҳайати ба машғулиятҳо ҷалбгардида ба намоши театрикунонидашудаи ҳунармандони театри мазкур фаро гирифта шуданд. Рӯзи нахустини машғулияҳо соати шаши субҳ бо сафороӣ ва аз назаргузаронии ҳайаи шахсии иширокчиёни ҷамъомади амалиётӣ-сафарбарӣ оғоз гардид.

Масъулини машғулиятҳо аз омодагии иштирокчиёни он гузориш доданд. Ҷамъомади таълимӣ-методӣ дар пойгоҳи яке аз қисмҳои низомии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоиӣ ҷараён гирифт. Роҳбарияи Вазорати мудофиаи кишвар қабл аз оғози машғулияҳои таълимӣ дар доираи дастуру супоришҳои Сарфармондеҳои Олии ҚМ дар самти баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар, ҳадафу моҳият ва ташкилу баргузории ҷамъомади мазкур изҳори назар намуда, аз иширокчиёни он масъулияти баландро дар омӯзиши фанҳои дақиқи низомӣ ва пурра аз бар намудани мавзуоти ба машғулиятҳо пешбини гардида талаб намуд. Ҳамин тариқ иштирокчиёни ҷамъомади таълимӣ-методӣ вобаста ба мақому сатҳи вазифавӣ дар Артиши миллӣ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ба омӯзиши барномаҳои дарсӣ шурӯъ намуданд. Дар дохили қисмҳои низомӣ нуқтаҳои гуногуни муҷаҳази таълимӣ бунёд шуда буд, ки ба ҳар дарс роҳбарони машғулиятҳо таин гардида буданд.

муфассал

 

Омодагиҳои Вазорати мудофиа ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 01 2019

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон нахуст фаъолияте, ки Вазорати мудофиаи мамлакат оғоз бахшид инҳам бошад, таҳияи Нақша-чорабиниҳои асосии Вазорати мудофиаи кишвар бахщида ба сазовор пешвоз ва ҷашн гирифани 30-солгаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо мақсади таҳлили самтҳои асосии нақшаи мазкур таҳти роҳбарии вазири мудофиаи кишвар генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар толори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2018 машварати корӣ доир гардид.
Зимни баргузории он аз ҷониби Шералӣ Мирзо “Нақшаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати мудофиа” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби роҳбарияти ин ниҳоди қудратӣ таъкид карда шуд, ки дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сӯлҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои ҳама бандҳои нақшаи мазкур бояд бо сифати баланд таъмин гарданд ва то арафаи таҷлили ин ҷашни воқеанҳам таърихӣ дар ҳама самтҳо бояд пешравиҳои куллӣ ба чашм расанд.

Ҳамзамон муовини вазири мудофиаи кишвар генерал-майор Латифзода Асрор Қурбон илова намуд, ки бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таҷлили ин ҷашни воқеанҳам таърихӣ, омодагиҳо ҷиҳати гузаронидани Паради ҳарбӣ, чорабиниҳои тантанавӣ, озмӯни “Суруди Сарбоз”, таҳияи филмҳои мустанад, нашри рӯзномаҳои ҷашнӣ, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, сохтумону азнавсозии бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, оро додани мӯҳити қисмҳои низомӣ бо шиору овезаҳои ҷашнӣ ва дигар чорабиниҳои мӯҳим зери назорати қатъӣ қарор дошта, дар сатҳи зарурӣ ташкилу бароҳ монда мешавад.

муфассал

 

ҚАДАМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУБОРАК АСТ

14 01 2019

28 декабри соли рафтаро ятимон ва кормандони мактаб - интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе рӯзи хотирмону фаромӯшношуданӣ меҳисобанд. Дар ин санаи фархунда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин муассиса ташриф оварданд ва аз шароити зисту таълими хонандагон ва кормандон дидан карданд.
Бояд ёдовар шуд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори чорум аст, ки ба ин таълимгоҳ ташриф меоранд ва бо шароити зисту таълими ятимону кормандон ошно мешаванд. Ба ҳар бори омаданашон таълимгирандагонро шодиву фараҳ фаро мегирад. Онҳо хуб дарёфтаанду медонанд, ки қудуми Пешвои миллат муборак буда, аз аҳволу таълимашон самимона пурсон мешаванду ҳамроҳашон гарму ҷӯшон суҳбат меороянд.
Дар ду соли охир мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муассисаро бо 30 тахтаи электронӣ, 65 компютер, 11 ноутбук ва 76 камераи назоратӣ таъмин намуд. Ҳамчунин, ба хотири ҷалби наврасон ба варзиш ва  рушди ин соҳа ду майдончаи варзиш, як толори варзиш ва ду толори маҷлисгоҳ бунёд кард. Таълимгирандагон имкони беҳтари омӯхтани технологияи компютерӣ, забонҳои хориҷиро доранд.
Ҳамин тавр, ин муассисаи таълимӣ дорои ҳамаи шароитҳои зарурист. Дар се ошёнаи он 22 синфхонаи фаннӣ, 19 кабинети корӣ, 18 хонаи хоб бо 330 кат, 2 ҳуҷраи бозии кӯдакон ҷой доранд. Аз озмоишгоҳҳои фаннӣ ва толори фарҳанг ба таври васеъ истифода мебаранд. Мактаб - интернат бо системаи гармидиҳӣ низ таъмин аст.

муфассал

 
<< Якум < Пешина 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 Дигар > Охирин >>

Саҳифаи 15 аз 31