Робита бо ҷомеа

СААДЕТТИН КОҶАТУРК: "МИЛЛАТИ ТОҶИК БО ЧУНИН САРВАРИ ФОЗИЛ ВА АРҶМАНД БОЯД ИФТИХОР КУНАД"

08 02 2019

 

5 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Туркия Симпозиуми байналмилалӣ зери унвони “Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат” баргузор гардид. Дар симпозиум ходимони дини Тоҷикистон, олимон, унвонҷӯён, дипломатҳои кишварҳои хориҷии муқими Анқара,  намояндагони Шӯрои донишҷӯёни тоҷик дар Туркия, созмонҳои байналмилалӣ ва Анҷумани тоҷикон дар Туркия иштирок доштанд. Коршиносон вобаста ба мавзӯъҳои бадномкунӣ ва суиистифодаи дини мубини Ислом аз тарафи террористон, даст задани аъзои ба ном ҳизбҳои “исломӣ” ба ҷиноятҳои сангин, аз қабили куштор, фаҳш, кӯшишҳои табаддулотҳои давлатӣ ва ҳамкории онҳо бо кишварҳои бадхоҳ, сухан ронданд.
Дар симпозиум профессори Донишгоҳи Анқара Саадеттин Коҷатурк оид ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти дини мубини Ислом ба ҳозирон маълумот дода, таъкид намуд, ки Сарвари давлати Тоҷикистон ба хотири хизматҳои шоёнашон дар дини мубини Ислом ба рӯйхати 500 нафар мусулмони бонуфузтарини ҷаҳон шомил шудаанд. Аз ҷумла, профессори турк зикр намуд, ки бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии бузургдошти пешвои мазҳаби Ҳанафия ­ Имоми Аъзам баргузор гардид, ки эшон низ дар он ширкат ва суханронӣ кардааст. Нашри китоби муқаддаси мусулмонон - Қуръон бо хати кирилӣ, бунёди бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳама мусулмонони Тоҷикистон аз донишмандӣ ва хоксории чунин як Президенти кишвар шаҳодат медиҳад. 
Дар идомаи суҳбаташ олими барҷаста афзуд, ки миллати тоҷик бояд бо доштани чунин Президенти фозил ва арҷманд ифтихор намояд, чунин Сарвар бар ҳар миллату давлат насиб намегардад. Иловатан, профессор тазаккур дод, ки ҳангоми сафари навбатиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки ба ӯ шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.

муфассал

 

Аз анҷоми ҳодисаҳои Афғонистон 30 сол гузашт

08 02 2019

Ҳодисаҳои Афғонистон ва сабақи он

Дар нимаи дувуми асри гузашта тавассути дахолати баъзе давлатҳои абарқудрат дар ҷаҳон бисёр ҳодисаҳое рӯй доданд, ки ба тақдири халқҳо таъсири манфӣ расонданд. Яке аз чунин ҳодисаҳо ба ҳудуди давлати ба мо ҳамсоя-Афғонистон ворид шудани контингенти маҳдуди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва аланга задани ҷанги шаҳрвандии дохили кишвару оғози муқовимати мусаллаҳона ба муқобили ҷузъу томҳои Шӯравӣ буд.

Дар он солҳо давлатҳои абарқудрат бо ҳар роҳу васила мехостанд таъсиру нуфузи худро ба кишварҳои сусттараққикардаву қафомонда бор карда, онҳоро зери итоати геополитикии худ қарор диҳанд. Соли 1979 воқеаҳои дохилии сиёсӣ дар Афғонистон шароити муносиб барои дахолати Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин кишварро фароҳам овард. Баъди таҳлили вазъ ва муроҷиати чандинкаратаи роҳбарияти ҶДА роҳбарияти ИҶШС барои вориди контингенти маҳдуди артиши Шӯравӣ ба хоки Афғонистон қарор қабул кард. 27-уми декабри соли 1979 аввалин ҷузъу томҳои Артиши Шӯравӣ вориди хоки ҳамсоякишвар шуданд.

Дар ибтидо вазифаи асосии нерӯҳои маҳдуд аз расонидани кӯмаки башардӯстона ба халқи афғон дар сохтмони ҳаёти нав иборат дониста мешуд. Аз ин ру, дар марҳалаи аввал дар ҳақиқат баробари фурӯ нишондани муқобилияти баъзе нерӯҳо фиристодагони Шӯравӣ ба ташкили рукнҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ, ташкили сохтори ҳокимияти нави давлатӣ, сохтмони пулу роҳҳо, мактабу беморхонаҳо, корхонаву муассисаҳо машғул буданд. Бо таъсири Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон дигаргуниҳои куллӣ оғоз гардид ва ин ба нерӯҳои бадхоҳи дохилию давлатҳои Ғарб, пеш аз ҳама, ба Илооти Муттаҳидаи Америка писанд наомад. Баъди мудохилаи онҳо воқеаҳо ранги дигар гирифта, давлатҳои Ғарб дар баробари ҷанги идеологӣ ба муқобили сиёсати Шӯравӣ, ба ташкили дастаҳои муқовимат (муҷоҳид), бо силоҳу аслиҳа ва муҳиммоти ҷангӣ таъмин кардан ба муқобили ҷузъу томҳои Шӯравӣ мубориза бурданро оғоз карда, байни контингенти маҳдуди Артиши Шӯравӣ ва муқобилони сохти нав ҷангӣ ҳақиқӣ оғоз шуд. Ин ҷанг 10 сол - аз 27-уми декабри соли 1979 то 15-уми феврали соли 1989 давом карда, боиси қурбониҳои зиёд ҳам аз ҷониби низомиёни Шӯравӣ ва ҳам муҷоҳидону мардуми осоишта гардид.

муфассал

 

БА ТАЪРИХ БО ЧАШМИ ХИРАД БИНГАРЕМ Ё ЧАРО ҲАРАКАТИ БОСМАЧИГАРӢ РАСОНАӢ ШУД?

07 02 2019

 

Чанд соли охир расонаҳои иттилоотӣ, хосса расонаҳои хориҷиву шахсӣ, ба мавзӯи ҳаракати босмачигарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда истодаанд.
Албатта, ба таърих ва ҳодисаҳои муайяни он бо гузашти солҳо барои ошкор намудани ҳақиқатҳои ниҳонаш зиёиён, равшанфикрон борҳо назар мекунанду фарзияву хулосаҳои худро мебароранд. Аммо, агар ин гуна нигоҳҳо бо чашми хирад набошад, таърих на танҳо ҷаҳолати назаркунандагонашро ошкор месозад, балки бо таҳлилҳову андешаҳову хулосаҳои нодурусташон мардумро ба гумроҳӣ ва кӯчаҳои сарбаста мебаранд.
Муроду ҳадаф аз рӯ овардан ба ин мавзӯъ чист? Тарҳсозони ин гурӯҳи муаллифон киҳоянд? То куҷо метавонанд  «муваффақ» бишаванд? Аз ин ҳама киҳо «манфиат» мебардоранд? Бо ин амалҳои номатлуб манфиатҳои миллиро ҳимоя мекунем ва ё онҳоро зери по мениҳему баъдҳо аз даст медиҳем? Таърих, шахсиятҳои маъруфу ҳомиёни аслии миллат ва  шоҳидони давр дар ин хусус чӣ андеша доштанду кадом мавқеъро барои худу миллат пазируфтанд? Ва ҳам саромадони асилу бонанги миллати мо дар оғози асри гузашта мардум, миллатро чӣ гуна раҳнамунӣ карданд? Саркардагону ба вуҷудоварандагони ҳаракати босмачигарӣ киҳо ва аз куҷову ба чӣ мақсад омада буданд? Оё онҳо, воқеан, манфиатҳои милливу динии моро ҳимоят кардан мехостанд? Пушти ин пардаҳо чӣ бозиҳои пинҳон сурат мегирифтанд? Барои посух гирифтан ба ин пурсишҳо  хабарнигори рӯзнома Абдулқодири Раҳим, ба доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Усмонов муроҷиат намуд.

- Ҳар саҳифаи таърихи халқ ба он баҳогузорӣ мешавад, ки он ба ояндаи халқ чӣ додааст? Чизҳои зебои зиёде метавонанд бошанд, ки натиҷаашон чандон зебо нест. Ва чизҳои зиёди дар зоҳир зишту бад ҳам ҳастанд, ки дар асл зебо ва натиҷаашон ба манфиати халқ мебошанд. Вақте ки мо ба таърихи солҳои 20-уми асри гузашта назар кардан мехоҳем, бояд ба ин масъалаҳо диққати ҷиддӣ бидиҳем.

муфассал

 

“Хуни ҳаром”. Андар баёни далоили таърихии пайванди босмачӣ-наҳзатӣ-терроризм, ки илм исбот кардааст

22 01 2019

Амалан, илм исбот кардааст, ки босмачӣ ё босмачигароӣ ин ҳамон террористу терроризм аст, аммо то ин замон шояд кам касоне шунидаанду медонанд, ки босмачиёну босмачигароҳои тоҷик (террористон) ҳамеша дар оғӯши нерӯҳои аҳриманӣ, бахусус терроризму фашизм, ҷой ҷӯстаанд.

Солҳои 90-уми асри гузашта одамон дар Тоҷикистон айни ҳамон ҷабру ситамеро аз наҳзату наҳзатиён мекашиданд, ки ҳанӯз сад сол қабл аз ин дар ҳамин сарзамин аз сӯйи босмачигариву босмачиён болои ҳамин миллат таҳмил шуда буд.
Мавзӯъи баҳси ин матлаб асосан якчанд факти таърихӣ ё омилҳои таҳлилианд, ки агар нек бингарем, пайвастагӣ ё ҳалқаҳои ногусастании босмачӣ, наҳзат ва терроризмро бармало мекунад.
“Босмачиён... ҳар як шахси хайрхоҳ ва нерӯи тарафдори ҳукумати навро нобуд мекарданд.
Дар ин талошҳо халқи ранҷбар бисёр нобуд мешуд, ки фоҷиа ҳам дар ҳамин буд. Ҳол он ки заҳматкашон бо босмачиён ҳеҷ гуна муносибат надоштанду нисбат ба онҳо дар дил тухми нафрату адоват мепарвариданд. Зеро босмачиён молу мулки онҳоро ба ғорат мебурданд, ҳар касеро, ки аз гуфтору рафтори эшон ҷонибдорӣ намекард, сар мебуриданд”.
Ин иқтибос баргирифта аз як таҳқиқи профессори тоҷик Атахон Сайфуллоев аст, ки дар яке аз нашрияҳои мӯътабар нашр шудааст. Аз руҳу равони устоди бузург узр мепурсему дар ин иқтибос ба ҷойи “босмачиён” калимаи “наҳзатиён”-ро мемонем. Ана ин тавр:

муфссал

 

ЧОРАҲОИ ЗИДДИАМАЛИ КОРРУПСИЯ

22 01 2019

Санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии мубориза бар зидди коррупсия. Яке аз шартҳои муборизаи муваффақона бар зидди коррупсия фароҳам овардани заминаи мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа аст.

Дар айни замон як силсила ҳуҷҷатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия қабул шудаанд, ки муҳимтаринашон инҳо мебошанд: Кодекси байналмилалии рафтори ашхоси мансабдори давлатӣ (Резолютсияи Ассамблеяи Генералии СММ №51/59 аз 28 январи соли 1997), Стандартҳои умумии мубориза бар зидди коррупсия дар идораҳо ва мақомоти полис (Интерпол, соли 2002), Конвенсияи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд аз 21 ноябри соли 1997 дар бораи мубориза бар зидди харида гирифтани ашхоси мансабдори хориҷӣ дар муомилоти байналмилалии тиҷоратӣ, Конвенсияи СММ бар зидди ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ аз 15 ноябри соли 2000, Нақшаи амалиёти Истанбулӣ дар мубориза бар зидди коррупсия барои мамлакатҳои иқтисодиёташон даргузар аз 12 сентябри соли 2003, Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия аз 31 октябри соли 2003. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдори Конвенсияи СММ бар зидди ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ, Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия ва Нақшаи амалиёти Истанбулӣ дар мубориза бар зидди коррупсия барои мамлакатҳои иқтисодиёташон даргузар мебошад.Ҳадафи санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии зикршуда кӯмак кардан аст ба: 1)қабул ва таҳкимбахшии чораҳо дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия, осонгардонӣ ва дастгирии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа; 2)коркард ва амалисозии сиёсати пурсамари зиддикоррупсионӣ, таъмини амалиёти мӯътадили мақомоти махсусгардонидашуда, таъсиси низоми пурсамари хидмати давлатӣ, низоми дурусти харид, дидани чораҳо оид ба пешгирии коррупсия дар бахши хусусӣ; 3) аз ҷониби давлатҳои иштирокдор муқаррар гардидани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои кирдорҳои нисбатан характерноки коррупсионӣ, таъмини ҳимояи шоҳидон ва маълумотдиҳандагон, ҷуброни хисорот аз коррупсия; Давлатҳои иштирокдори ҳуҷҷатҳои байналмилалии мазкур, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифадоранд, ки барои таъмини амалишавии ӯҳдадориҳои худ чораҳои қонунгузорӣ ва маъмурӣ андешанд.

муфассал

 
<< Якум < Пешина 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 Дигар > Охирин >>

Саҳифаи 14 аз 31