Робита бо ҷомеа

АРТИШИ МО-ҚУДРАТУ НЕРӮЙИ ИСТИҚЛОЛИ МО

18 02 2019

Хизмат ба халқ, саъю кӯшиши пайваста ба хотири ҳифзи Истиқлолият, якпорчагии қаламрави Тоҷикистон, таҳкими Ваҳдати тамоми сокинони он ва дастгириву пуштибонии сулҳу оромӣ-бузургтарин вазифа ва муқаддастарин қарзи ҳар кадоми мову шумост ва ҳар низомие, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси худро фаромӯш кунад”. Эмомалӣ РАҲМОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни дигар баромаду вохӯриҳо бо низомиёни мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъкид намуданд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи мухталифи ҷаҳонӣ ҳар яки моро водор мекунад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем.

Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонанд, ки сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намоянд. Аз ин рӯ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимии худ қарор додаанд. Зеро, дар ҳар давру замон ҳеҷ як давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад ва ин қувва сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти ҳар як кишварро таъмин менамояд.

муфассал

 

АРТИШИ МИЛЛӢ АВВАЛИН ДАСТОВАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ!

18 02 2019

Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол собит намудааст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки ҷумҳуриро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта буд, Тоҷикистони тозаистиқлол бо заҳмату талошҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ дар шароите, ки барои бунёди он ягон заминаи моддию техникӣ вуҷуд надошт, шурӯъ кардааст. Шароити пешрафти босуръати ҷаҳонӣ тақозо кард, ки дар тамоми соҳаҳои кишвар, аз ҷумла Артиши миллӣ таҷрибаҳои пешқадамро ҷорӣ намоем.

Баҳри ноил гаштан, ба ташкили кишвари соҳибистиқлол санаи 18 декабри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба табъ расид ва 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор шуд, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ эълон гардид. Дар ин ҷода бо ҳидояту талош ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёда аз 50 давлатҳои ҷаҳон ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба роҳ мондааст. Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ бо вазоратҳои мудофиаи кишварҳои хориҷ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омадасозии афсарони касбӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.

муфассал

 

Сутуни истиқлол

14 02 2019

Саҳми Пешвои миллат дар таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

23-юми феврали соли 2019, аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол пур мешавад.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне, ташкили Артиши миллии мо дар ҷойи холӣ, аз сифр шурӯъ гардид. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993, нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбӣ се марҳиларо паси сар намудааст. Даври аввал, ки аллакай пушти сар шуд, даври ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки ин давр бомуваффақият анҷом ёфт. Даври дуюм, марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки он ҳанӯз идома дорад.Даври асосӣ, ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад. Айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият дорад: Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз ҳам идома дорад.

муфассал

 

ПАЁМ – ДАСТУРИ ОЯНДАСОЗ

13 02 2019

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои мо дастури ояндасоз мебошад. Ба василаи он фаъолияти минбаъдаамонро дақиқу равшан сохта, муҳимтарин самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, ҳадаф ва барномаҳои навини рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеаи мо мегардад.
Боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар аст, ки ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» дастгирӣ ёфт ва иҷрои он расман шурӯъ шуд.
Бо назардошти дар сатҳи ҷаҳонӣ мавҷуд будани мушкилоти вобаста ба об ин иқдоми башардӯстонаи Пешвои миллат саривақтиву зарурӣ буда, дар саҳифаи таърихи башарият бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид.
Дастоварди арзишманди дигар барои мардуми шарафманди тоҷик дар соли сипаригардида мустаҳкам шудани муносибатҳо миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустаҳкам гаштани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум номида, чунин иброз доштанд: «Бори дигар бо қаноатмандӣ хотирнишон месозам, ки соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамҷавор ва дӯсти мо Ӯзбекистон таҳаввулоти таърихӣ рух доданд ва мо тамоми масъалаҳои ҳалталабу шиддатнокеро, ки тайи зиёда аз бист соли охир байни ду кишвар ба миён омада буданд, пурра ҳаллу фасл карда, ҳамкориҳоямонро ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардем».

муфассал

 

МАҶЛИСИ КИМ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

11 02 2019

 

7 феврал дар Китобхонаи миллӣ маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар маҷлис натиҷаҳои фаъолияти дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ва кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар соли 2018 мавриди баррасӣ қарор гирифта, нақшаи фаъолият барои соли 2019 муайян карда шуд.
Дар маҷлис аъзои Раёсат ва Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Парламент, роҳбарони як қатор сохтору идораҳои дахлдор, кормандони масъули дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, роҳбарон ва намояндагони кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони васоити ахбори омма, аъзои фаъоли ҳизб ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ширкат варзиданд.
Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ намуда, рӯзномаи маҷлис оид ба “Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ барои соли 2019” - ро ба муҳокима гузоштанд.
Зимни суханронӣ Раиси ҳизб таъкид намуданд, ки садоқат ба ормонҳои халқ ва соҳибиродаву бомасъулият будан ду рукни асосӣ, яъне ҷавҳару меҳвари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Зикр гардид, ки мо ҳоло дар доираи татбиқи барномаҳои ҳизб барои сатҳи нави рушди устувори иқтисодӣ ворид шудани кишварамон талош дорем, хусусан бунёди корхонаҳои бузурге, ки барои баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат хоҳанд кард.

муфассал

 
<< Якум < Пешина 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 Дигар > Охирин >>

Саҳифаи 13 аз 31