Робита бо ҷомеа

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

06 05 2019

Аз 23-юм то 28-уми апрели соли равон дар машқгоҳи Фахрободи гарнизони Хатлон, бо ҷалби ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон тамринҳои муштарак доир гардид. Баҳри пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, тақвият бахшидан ба сатҳи тайёрии ҷангӣ ва дар самти боз ҳам баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар аз ҷониби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд.

Бо ин мақсад дар толори асосии Вазорати мудофиаи кишвар бо иштироки роҳбарияти ин ниҳоди қудратӣ, ҳайати шахсии Дастгоҳи марказиву Ситоди генералӣ, масъулини навъҳои қӯшун, комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар шахсони масъул ҷамъомад доир гардид. Дар ҷамъомади мазкур нахуст аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати мудофиа таъкид намуданд, ки бо назардошти пешравиҳои ҷомеаи муосир, вазъи зудтағйирёбанда дар минтақа ва кишварҳои ҷаҳон, ҳамзамон вобаста ба таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ мо набояд зиракии сиёсӣ, омодабошии доимии ҷангӣ ва масъулияти ба зимма доштаро аз даст диҳем. Балки бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ вазифаи муқаддаси хешро сарбаландона иҷро намоем.

Ҳамзамон роҳбарияти Вазорати мудофиа бо таҳлилу баррасии фаъолияти ҳамаҷонибаи ҳар як раёсат, шуъбаву хадамоти алоҳидаи Дастгоҳи марказиву Ситоди генералӣ ва навъи қӯшунҳо қатъӣ супориш доданд, ки ба масоили пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, ҳифз ва ҳимояи шаҳрчаҳои низомӣ, пурра аз байн бурдани рафторҳои ғайриойинномавӣ, сари вақт мусоидат намудан ба ҳалли ҳама мушкилоти афсарону сарбозон дар қисмҳои низомӣ, ғамхории ҳамаҷониба зоҳир намудан ҳангомӣ аз бар кардани барномаҳои рӯзмарраи таълимӣ, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, рушди хоҷагиҳои ёрирасон, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва баҳри ташкилу баргузор намудани дигар чорабиниҳои соҳавӣ, бо масъулияти баланд таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

муфассал

 

АЗ КОРРУПСИЯ ҲАЗАР МЕБОЯД КАРД!

06 05 2019

Агар ҳар нафар вазифаи иҷтимоӣ, масъулияти касбӣ ва муҳим аз ҳама қарзи инсонии худро иҷро кунад, барои пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат монеае вуҷуд дошта наметавонад ва муаммое бунёд намегардад.

Падидаи номатлубе, ки дар бисёр маврид инсофу адолатро аз миён мебарад, ин ришваву ришваситонӣ ё ба тарзи дигар гӯем, амали коррупсионӣ мебошад. Ришвахӯрӣ падидаи нав набуда, дар ҳар давру замон нишонаҳои он аён мегардид. Одатан амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби табақаи миёнаву болоии ҷомеа, яъне онҳое, ки сари вазифаи давлатӣ буданд, барои иҷрои амале, ки мардуми одӣ тавонашро надоштанд, сурат мегирифт, аммо рафта-рафта ин раванд мураккаб гардид. Имрӯз мардуми одӣ худ амалҳои коррупсиониро бунёд мекунанд.

Коррупсия ва андешаҳои коррупсионӣ ба шуури ҷомеа чунон ҷой гирифтааст, ки мардуми одӣ ва онҳое, ки дар ҷомеа пешсаф будан мехоҳанд, дар аксар маврид заҳмат кашиданро хуш надоранд, балки онро бенатиҷа меҳисобанд. Маҳз амалҳои коррупсионӣ мардуми меҳнатдӯстро танбал ва ҷавононро дилсард мекунад. Матбуоти кишвар баъзан зери сарлавҳаи “Фирори мағзҳо аз ватан” мақолаҳо нашр мекунад, ки сабаби асосии “фирори мағзҳо”-ро дар ноадолатии аз амали коррупсионӣ бамиёномада медонанд. Дар асл ришваву ришваситонӣ натанҳо зарари иқтисодӣ меорад, балки ба буҳрони ақливу зеҳнӣ низ бурда мерасонад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмома-лӣ Раҳмон дар тамоми баромадҳояш барои пешгирии ин амали номатлуб ба масъулин супоришҳои махсус медиҳанд ва аз мавҷудияти амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа бо таассуф ҳарф мезананд.

муфассал

 

МАШҚҲОИ РОТАВӢ-ТАКТИКӢ ДАР ФАХРОБОД

03 05 2019

Дар асоси нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, бо мақсади баланд бардоштани омодабошии ҷангии ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа ва навъҳои қӯшуни он дар пойгоҳи ҳарбии Фахробод машқҳои муштараки ротавӣ-тактикӣ ташкилу ба роҳ монда шуд. Зимни баргузории машқҳои низомӣ афсарону сарбозони иштирокчӣ маҳорати хуби ҷангӣ нишон дода, дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули низомӣ ва уҳдадориҳои дар машқгоҳ бар дӯш дошта, басо ҳам серталош буданд.

Бояд қайд кард, ки дар ин тамринҳои муштарак ҳайати шахсию фармондеҳӣ ширкат варзида, ҳамзамон техникаҳои вазнини низомӣ, аз қабили мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, ҷузъу томи таъйиноти махсус, кашшофиву мина-ҷӯйӣ ва десантчиёни Бригадаи ҳамлаовари десантии Нерӯҳои зудамали кишвар низ ҷалб гардида буданд.

Ба андешаи масъулини фармон-деҳии машқҳо ва роҳбарони машғулиятҳо мақсади асосии ташкилу роҳандозӣ намудани тамринҳои навбатӣ, ин пеш аз ҳама омодагии дастаҷамъона бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, ба монанди терроризм ва экстремизм мебошад. Ҳамин тавр, дар майдони машқу омӯзиш пеш аз ҳама гурӯҳи кашшофони ҳарбӣ ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷалб гардида, пас аз муайян намудани мавзеи ҷойгиршавии душманонии шартӣ ҳайати шахсӣ бо истифода аз силоҳу техникаҳои вазнини ҷангӣ ба амалиёт шурӯъ намуданд, ки гӯё дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳона душманони эҳтимолӣ маҳв карда шуданд.

муфассал

 

САЙҚАЛИ ТАҶРИБАИ НИЗОМИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН

03 05 2019

Меҳмонони низомӣ аз Артиши Ҷумҳурии Ӯзбекистонро намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона истиқбол намуданд. Сипас ҳайати меҳмонон аз шароити хизмативу майишии дар ин машқгоҳ муҳайёбуда, аз наздик шинос гардиданд.

Мувофиқи унсурҳои ҷадиди ба матлаби тамринҳо равона гардида, гӯиё яке аз биноҳои таълимии машқгоҳи мазкурро душманони шартӣ ба гарав мегиранд ва низомиёни Артиши миллии Тоҷикистон тариқи иҳотаи ҳудуди бино, вориди он гардида, ба амалиёти несту нобудсозии душмани шартӣ шурӯъ менамоянд.

Ин унсури машқҳоро низомиёни Артиши миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ дар сатҳи баланд иҷро намуданд. Ҳамзамон низомиёни ҳарду кишвар дар ҳамоҳангӣ баҳри несту нобуд кардани душманони шартӣ ба амалиёт шурӯъ намуданд, ки ҳадафи аслии тамринҳои низоми низ ин таҷрибаомӯзӣ аз ҳамдигар маҳсуб меёфт. Дар воқеъ бояд чунин ҳам бошад, зеро таҷрибаомӯзӣ намудан аз ҳамдигар ва ба ин васила истодагарӣ намудан бар зидди ҳама гуна зуҳуроти аср, аз қабили террориризму ифродгароӣ вазифаи ҳама шаҳрвандони ҷомеи муосир маҳсуб меёбад.

муфассал

 

Ғаразҳои бадхоҳон ва нокомиҳои навбатии роҳбарашон

03 05 2019

Аслан ба ҳар гуна ҳарза ҷавоб додан хуб нест, аммо ҳолате мешавад, бояд ба баъзе муддаиёне, ки даъвоҳои хешро аз номи миллат ва халқ баён медоранд, чизе бигӯйӣ. Баромади роҳбари ҳизби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълон шудаи наҳзати ислом аз зумраи онҳост.

Ман намехоҳам, мисли роҳбари ҳизби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълон шудаи наҳзати ислом суханрониҳои беасос ва дуру дароз намоям, мехоҳам мухтасару кӯтоҳ нисбати гуфтаҳои ботили ӯ рӯшанӣ андозам, то ин гумроҳзада, мардумро бо баромадҳои иғвоангезонааш ба гумроҳӣ набарад. 
Аввалин даъвои фитнаангезонаи роҳбари ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати ислом он аст, ки «ҷумҳурӣ дар руйхати 25 давлати кашшоқӣ ҷаҳон қарор дорад. Дар соли 2015 буҷаи кишвар 3,5 миллиард доллар дошт, ки дар соли ҷорӣ ба 2,5 миллиард поён фаромад. Ҳукумат барои баланд нишон додани буҷаи кишвар 2,5 миллиард долларро ба сомонӣ ҳисоб карда, барои рӯйпӯш намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба мардум 20 миллиард сомонӣ гуфта, пешниҳод намудааст».
Дар ҷаҳон мамлакатҳои зиёде мавҷуданд, ки аз лиҳози тараққиёт ва пешрафт дар сатҳи олӣ қарор доранд, вале мутаассифона дар равиши масъалаи иқтисодӣ, қарзҳои гарон низ доранд. Мисоли ин гуфтаҳо кишвари Амрикост, ки қарзи ӯ марзи 22 триллион долларро убур кардааст. Пас аз ин гуна хулосабарориҳои бемантиқи роҳбари ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати ислом, кишвари Амрико дар ҳолати қашшоқӣ қарор гирифтааст? Кишвари Амрико, бо вуҷуди ин қадар қарз, 32% аҳолии дунёро тавассути молиёт кӯмак карда истодааст. Аз ин рӯ, муомилаи қарзгирӣ ва додани он хоси давлату давлатдорӣ мебошад. Ҳатто ҳамон давлате, ки дар он ту паноҳандагӣ дорӣ аз мушкилотҳои рӯзмарраи иқтисодӣ холӣ нест. Масалан, кишвари Олмон, ки ту онҷо, тавассути хоҷагонат сару садо дорӣ, қарзаш зиёда аз 5 триллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ту имрӯз худро ҳамадону таҳлилгар тарошидаӣ, чаро дар баромадат ин рақамҳоро ба забон намеорӣ?

муфассал

 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Дигар > Охирин >>

Саҳифаи 7 аз 29