Робита бо ҷомеа

ТЕРРОРИЗМ. ЗУҲУРОТЕ, КИ БОЯД РЕШАКАН БОШАД

14 06 2019

 

Густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифротгароён рӯз ба рӯз характери фаромиллӣ ва глобалӣ ба худ касб намуда, хатари бузурге ба амнияти давлату миллатҳо оварда истодааст. Ин равандҳои номатлуб боиси ҷангу низоъҳои мазҳабӣ, шаҳрвандӣ ва байнидавлатӣ гардида, таҳдидҳои беамоне дар муқобили истиқлолияту ваҳдати миллатҳо менамояд. Чунин муносибат, бешак, таъсири манфии худро ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра расонда, боиси бехонаву дар, Ватан-Модар, оилаву фарзанд, коштани тухми кинаву адоват байни дину мазҳабҳо ва халқу давлатҳо шудааст.  
Қувват ва густаришёбии ин «вабои аср» боиси азбайнравии истиқлолияти давлатҳо, ваҳдату дӯстӣ, косташавии фарҳангҳо, муносибатҳои дипломатӣ шудааст. Ҷаҳони муосир, ки дар давраи рушд ва навовариҳои илмию техникӣ қарор дорад, аз ҳар шахс зиракиву ҳушёрӣ ва дурандешию тафаккури амиқро талаб менамояд. Ҳақ ба ҷониби Пешвои дурандешу нуктасанҷи миллат аст, ки борҳо дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳангоми баромадҳояшон  ба ин «вабои аср» ишораҳо намуда, мегӯянд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

муфассал

 

ИФРОТГАРОӢ. ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ

14 06 2019

 

Дар ҳоле, ки ҷаҳон ба суръати кайҳонӣ пеш меравад ва муборизаи абарқудратҳо ба хотири тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ шиддат мегирад, хоҳ- нохоҳ он ба инсон ва рушди маънавияш таъсири манфӣ мегузорад. Ин вазъи ногувори сайёра ҳар инсони солимақлро водор месозад, ки ҳақиқатро возеҳу рӯшан дарёбаду дигарон, хосса ҷавононро дуруст раҳнамоӣ бинамояд.
Асри навин бо ҷангу ҷидол, моҷароҳои сиёсиву мазҳабӣ, куштору сӯхтору ғорат ва талафоти ҷонӣ аз ҳамаи асрҳои дигар ба маънии манфиаш тафовут дорад. Дар як муддати кӯтоҳ шумораи қурбониёни ин ҳодисаҳои номатлуб ба миллионҳо нафар расидааст. Илм, техникаву технологияи навтарин, иттилоот, иқтисодиёт, дин ба хотири иҷрои ғаразҳои нопок, харобӣ, зӯроварӣ, бартариҷӯӣ истифода мешаванд.
Дар бархе аз кишварҳои мусулмоннишин одамони бегуноҳ, хосса занону кӯдакон, ҷони азизи худро аз даст додаанд. Шаҳрҳову ёдгориҳои  қадима сӯхтаву хароб гардидаанд. Умед бар он намеравад, ки ин оташи афрӯхтаро дар солҳои наздик хомӯш кардан мумкин аст.

муфассал

 

БОСМАЧИЁНУ НАҲЗАТИЁН - ҲАМТАБОРОНИ МАЪНАВӢ

14 05 2019

 

Ҳадафи ба мавзӯи босмачигарӣ рӯ овардани донишмандони андешавар барои бозшиносии таърихи воқеиву на чандон дури сарзамини тоҷикон ва дар ин замина, шинохти некхоҳону бадхоҳони саргузашти раҳоии тоҷикон аз вопасмониҳои асримиёнагӣ мебошад. Баргашт ба мавзӯи босмачигарӣ замонавӣ ва дархӯри аҳамият мебошад ва рӯзноманигори шинохта Абдулқодири  Раҳим кори хуберо анҷом додааст, ки бо профессор Иброҳим Усмонов рӯйи саҳифаҳои рӯзномаи серхонандаи «Ҷумҳурият» қалам бар бозкушодани ногуфтаҳои таърих бурдаанд. Имрӯз гурӯҳакҳои ба хориҷи кишвар гурехтаи ТТЭ ҲНИ, аз норавшании рӯйдодҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои 1920 - 1935 кор гирифта, босмачиёнро муборизони нокоми озодии миллати тоҷик менамоёнанд ва ба ин васила, мехоҳанд сияҳкориҳояшонро дар назди «спонсорҳои» хориҷии худ давоми озодихоҳӣ бознамоён созанд.
Ин воқеият ошкор аст, ки босмачигарии 90 сол пеш дар партовгоҳи таърих барафканда, дигар акнун пӯсидааст ва огаҳон медонанд, ки сабаби заволи босмачиён маҳрум буданашон аз дастгирии мардум мебошад. Мардуми Осиёи Марказӣ, бавижа тоҷикон, аз ҳукуматрониҳои сулолаи манғития, ки ба табиати онҳо бегона буданд, сахт ранҷ мебурданд ва ҳамин буд, ки дар сарзамини кӯҳнишинон, аз ҷумла Ховалингу Балҷувон, Муъминободу Кӯлоб, Дашти Ҷуму Мастчоҳ, деҳқонон пайваста бар зидди гумоштагони манғития бо силоҳ бармехостанд. Онҳо аз ёд набурда буданд, ки ба шӯришиёни Восеъ қавмҳои дар қамишзорон маскан гирифта аҳдшиканӣ карда, бо ишораи ҳокими маҳаллии манғиттабор силоҳҳои худро ба самти восеътанон баргардонданд. Онҳо ҳамеша дар ёд доштанд, ки дар сари роҳи тиҷораташон, ба  Кӯлобу Янгибозор (Ваҳдати имрӯза), ки аслан ба бозор баровардани меваҳои тару хушки боғҳояшон, зираву зелоли теппаҳо ва ҳосили киштаҳояшон буд, чаповулгарон аз миёни қамишзорҳо ҳамвора ҳамла мебурданд, вале ҳокимони манғитӣ худро ба  нодонӣ зада, ҳиссае аз он «ӯлҷа» - ҳояшонро бо духтари 12 - сола ва писарбачаи  9 - сола ба амири Бухоро подош мебурданд. Амири Бухоро ва гумоштагони ӯ дар музофотҳо тороҷгарони дар қамишзорон паноҳбурдаро барои тарс коштан дар байни деҳқонон ва пешгирӣ аз қиёмҳояшон ҳамвора ба кор мебурд.

муфассал

 

ДУ СОЛ ДАР ЯК НАФАС

06 05 2019

Хизмати ҳарбӣ мактабест, ки бо шомил гардидан ба он ҷавонон натанҳо дарси мардонагӣ ва далериву шуҷоат дар дифои марзу буми ватанро меомӯзанд, балки дар он сарбозон махсусиятҳои хизмати ҳарбӣ, муқаррароти ойинномавӣ, риояи тартиботу интизоми ҳарбӣ ва пеш аз ҳама кор бо силоҳу муҳиммот, сохт, таркиб ва хислатҳои тактикиву ҷангии онро аз худ менамоянд. Мавзуву масъалаҳои омӯхта дар хизмати низомиро ҷавонон минбаъд низ бо роҳи ширкат дар ҷамъомадҳои гуногуни ҳарбӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ такмил медиҳанд. Зеро, онҳо пас аз анҷоми хизмат ҳайати захираҳои эҳтиётии Артиши миллиро пурра менамоянд.

Аз ин бармеояд, ки як ё 2 соли хизмати ҳарбӣ ҷавонони ватанро барои чандинсолаҳои дигар дар ҳолати омодабош будан тарбия менамояд. Аз тарзу усули амали сарбозон дар майдони таълимии қисми ҳарбии 04533-и гарнизони Суғд маълум аст, ки онҳо нозукиҳои хизмати ҳарбиро сарбаландона аз худ намуда, барои ҳамеша омода будан дар хизмат ба халқу ватан сабақи бузурге гирифтаанд.

Дар машғулиятҳои тактикии он рӯза аз ҷониби гурӯҳи хурди сарбозони ин қисми ҳарбӣ амали сарбоз дар набард ҳангоми ҳаракат дар майдони ҷанг нишон дода шуд. Ба таври пиёда амал кардан дар ҳуҷум ва барин васила несту нобуд намудани қувваи душман ҷузъиёти асосии матлабро фаро мегирифт, ки сарбозон дар иҷрои чунин амалҳо таҷрибаи хуб нишон доданд. Дар рафти машғулиятҳо ҳайати иштирокчиёни он навъҳои гуногуни силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, аз қабили автомат Калашников, милтиқи мергании Драгунов, яъне Снайпер ва норинҷаки дастии зиддитанкӣ истифода намуданд.

муфассал

 

ХУСУСИЯТХОИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ВА РОХХОИ МУБОРИЗА БО ОН

06 05 2019

Мушкилӣ ва хатари рақами 1-и ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳон терроризм мебошад. Террор моҳиятан таърихи куҳан дорад. Ҳатто таърихи он бо пайдоиши ҷамъият баробар аст. Аммо вобаста ба шароит ва ҳолатҳо террор дар шакл ва сатҳҳои гуногун амалӣ карда мешуд. Дар баъзе ҳолатҳо амалиёти террористӣ дар зери шиорҳои роҳ ба сӯи озодию адолат сурат мегирифтанд.

Имрӯз ҳодисаҳои таърихии ба ҳамагон маълуме ҳастанд, ки ҳамчун амали ҷавонмардона сабт шудаанд, вале гурӯҳҳое ҳастанд, ки онҳоро ба ҳаракатҳои террористӣ шабоҳат медиҳанд. Чунин мушкилӣ дар шароити имрӯза чандон кам нагаштааст. Шояд сабаби инро баъзеҳо дар тобиши илмии нокомил ёфтани мафҳуми «террор» ва «терроризм» донанд, вале дар асл чунин нест. Дар аксарият адабиёти муосири илмӣ амалиёти террористии замонро бо манфиатҳо ва ҳадафҳои сиёсӣ пайваст медонанд, танҳо дар зери ниқоби масъалаҳои динию мазҳабӣ, миллию сарҳадӣ ва ғайра арзи ҳастӣ мекунанд. Тибқи маълумоти оморӣ дар ду рӯз як маротиба дар ин ва ё он гӯшаю канори дунё амали террористӣ рух медиҳад. Қишрҳои гуногуни ҷомеа шуруъ аз олимону сиёсатмадорон то ба шаҳрвандони одӣ атрофи терроризм ҳадс мезананд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба терроризм ва экстремизм чунин ибрози андеша намуд: «Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Терроризм на миллат дорад, на дин ва на ҳудуд. Маҳз ҳамин нишондиҳанда мубориза бо онро боз ҳам мушкилтар мекунад».

муфассал

 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Дигар > Охирин >>

Саҳифаи 6 аз 29