Робита бо ҷомеа

ИНСОНДӮСТӢ Ё ИҚДОМИ БЕНАЗИРЕ, КИ МАВРИДИ СИТОИШУ ПАЙРАВӢ ШУД

18 06 2019

 

Иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди баргардондани 84 кӯдак ва ноболиғи тоҷик, ки бо волидони гумроҳшудаи худ дар Ироқ қарор доштанд, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар таассуроти амиқеро дар дили миллионҳо нафар боқӣ гузошт. Зеро кӯдакону наврасони ба Ватан овардашуда, фарзандони аъзои гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» мебошанд, ки дар ҷангҳои Ховари Миёна, бахусус Ироқ, кушта ва ё зиндонӣ шуда, то ин дам дар шароити ногувор ба сар мебурданд.

Ин ташаббуси инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар сатҳи байналмилалӣ низ мавриди ситоишу пайравӣ қарор гирифта, бори дигар гуманизму инсондӯстии дараҷаи олии Сарвари давлатро собит сохт. Гузашта аз ин, исбот шуд, ки Президенти маҳбуби кишвар нисбат ба тақдири ҳеҷ як нафар шаҳрванди ин сарзамин бетараф нестанд ва дар идомаи талошҳои босамари худ, иқдомеро рӯи даст гирифтанд, то тифлони маъсуму бегуноҳ дар паноҳи давлат бошанд. 
Ман аз бардоштҳои шахсии худ дар баробари ин иқдоми башардӯстона бовар ҳосил намудам, ки чунин муносибати некбинонаи Сарвари давлат эътиқоду ихлоси ҳамагонро як бар чанд меафзояд ва дар таърих бо хотираҳои нек сабт мешавад.  Мо  ибораҳои халқии  “дар сояи давлати касе будан”, “дар паноҳи давлати касе будан” - ро бисёр истифода мебарем, ки рамзист. Вале, борҳо амалан дидем, ки  “соя”- ву  “паноҳ”- и Сарвари ғамхори кишварамон барои ҳама аст. Ин арзиши воло дар вуҷуди Пешвои ҳақиқие буд, ки баробари ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ дар давраи басо мушкили таърих роҳи фардои миллатро рӯшан сохт. 

муфассал

 

"ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ" - ПАРВАРДАИ БЕРАҲМИ ДОМОНИ НАҲЗАТ

18 06 2019

 

Таҷриба собит намудааст, ки низомҳои мавҷудаи исломи сиёсӣ, ки дар шакли ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии исломӣ амал мекунад, аксаран, ҳадаф ва барномаҳои муайянро думболагирӣ мекунанд ва амалкардҳояшон ба ҳам монанд аст. Ҳадафи ҳамаи онҳо бунёди давлати шариатмеҳвар аст, ки идоракунии он бояд тибқи қонунҳои шариатӣ сурат гирад ва ин давлат бештар на хусусияти миллӣ, балки хусусияти фаромиллию динӣ дошта бошад. 
Аксари ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои сиёсию динӣ хоҳони бунёди як давлати мутамаркази исломӣ бо номи хилофатанд. Ин ҳизбу ҳаракатҳо аз роҳи таблиғи густурдаи идеологияи ҷиҳоду шаҳодат амал намуда, бо роҳи зӯрӣ ва тариқи аслиҳа мехоҳанд низомҳои сиёсии хусусияти ғайридинӣ (миллӣ ё дунявӣ доштаро) барҳам зада, ба ҷои он низомҳои сиёсии динӣ ба вуҷуд оваранд. Масалан, агар аз рӯи ҳадаф ва стратегия «Давлати исломӣ» ва ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатиро муқоиса намоем, амалкардҳои ҳар ду  хеле монанданд.  «Давлати исломӣ» ҳам ҳадафи асосиаш бо зӯри аслиҳа аз байн бурдани давлатҳои миллии Ховари Миёна ва ба ҷои онҳо бунёди як давлати шариатмеҳвари фаромиллӣ буд. Ба хотири расидан ба ин ҳадаф аз усулҳои муборизаи силоҳӣ истифода намуда, дигарандешон ва нафароне, ки ба ин навъи сохтор дар мухолифат буда, онро қабул надоштанд, бо бераҳмтарин шеваҳо қатл карда, аз байн бурда шуданд. Айнан ҳамин тавр ва ҳамин шеваро ташкилоти террористии наҳзатӣ солҳои 90 - уми қарни гузашта дар Тоҷикистон анҷом дода, ҳазорон ҳазор дигарандешонро ба қатл расонда, даҳшатафканиву ҳараҷу мараҷро дар қаламрави Тоҷикистон ба миён овард. 
Амалкардҳои солҳои 90 - уми наҳзатиён он буд, ки онҳо ҳатто рӯҳонияти анъанавӣ ва бовармандонеро, ки ба тарзи инфиродӣ арзишҳои диниро пайгирӣ мекарданд, кофиру муртад гуфта, ба қатл мерасонданд. Ҳар касеро, ки ба онҳо намепайваст ба он барчаспҳои гуногун зада, мавриди азобу шиканҷа қарор медоданд. Ҳамин гуна амалкардҳо аз ҷониби «Давлати исломӣ» дар минтақаҳои Сурияву Ироқ сурат гирифта, ҳатто мардумони бумии ин сарзамин, ки таърихан боварманд буданд ва аксари онҳо пайравӣ аз ислом менамуданд, ба хотири аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба сохти миллии сиёсӣ содиқ будан мавриди куштору бераҳмӣ қарор гирифтанд. Чунин ба назар мерасад, ки баъзе аз шеваҳои аъмоли «Давлати исломӣ» аз ташкилоти террористии мамнӯи наҳзатӣ сарчашма гирифта бошад. 

муфассал

 

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ФОРМУЛАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

10 06 2019

Мардум рӯзҳои сангини ҷанги шаҳрвандиро ба ҳукми таърих вогузошта, рӯ ба ободонию созандагӣ, бунёди пояи зиндагии шоиста ниҳодаанд. Мардуми ба ваҳдатомада шукронаи сулҳу амонӣ карда, бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар, яъне аз маркази шаҳру навоҳӣ то дурдасттарин деҳаву маҳалла корҳои ободониро вусъат бахшидаанд.
Дар тақвими охири садаи XX дар ҷомеаи ҷаҳонӣ табаддулоти куллии сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба амал омад. Давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрд ва ҷумҳуриҳои тобеи он роҳи мустақилиятро пеш гирифтанд. Дар харитаи ҷаҳон давлатҳои нави мустақил пайдо шуданд. Дар ин қатор Ҷумҳурии Тоҷикистон низ роҳи рушди озодонаро пеш гирифт. Ин роҳ барои давлати ҷавон роҳи осон набуд.
Мутаассифона, бо дахолати қувваҳои бадхоҳи беруна, ки рушди давлати тоҷиконро намехостанд, нақшаи аз байн бурдани он ва миллати тоҷикро тарҳрезӣ карданд. Дар натиҷа дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Ҷанг бадбахтиҳои зиёд овард. Бародар бо бародар ва писар бо падар душман шуда, ҷониби якдигар тир холӣ мекарданд. Осмони кишвар тираву замини зархези он оғӯштаи хун гардида буд. Ғорату дуздӣ, қатлу куштор ва гаравгонгирии одамони бегуноҳ оғоз ёфт. Молу дороии солҳои зиёд ҷамъовардаи мардум ба яғмо рафт.
Ҷойи зикр аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар таърихи халқу миллатҳои ҷаҳон зуҳуроти нав нест ва онро халқи тоҷик низ аз сар гузаронд. Роҳи ваҳдати миллӣ аз 26 ноябри соли 1992 оғоз ёфт ва дар ҳамин рӯзи тақдирсоз дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Сарвари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд намуданд: “Ман ба шумо сулҳ меоварам”. 

муфассал

 

ИФТИТОҲИ ГИМНАЗИЯИ ҲАРБИИ ВОРИСОНИ "КУРУШИ КАБИР"

10 06 2019

 

28 май дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ гимназияи ҳарбии ворисони "Куруши Кабир" - и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Бинои гимназияи ҳарбии ворисони "Куруши Кабир"-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се корпуси дуошёна иборат буда, дар масоҳати 1360 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва дорои синфхонаю китобхонаи барҳаво ва хобгоҳҳои замонавӣ мебошад.
Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз хобгоҳҳои хонандагони гимназия дидан намуда, бо шароити истироҳату фароғати таълимгирандагон аз наздик шинос шуданд.
Барои таълимгирандагони ин муассисаи таълимӣ, ки аксарият аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат мебошанд, бо дастури Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гимназия 8 хобгоҳ бо шароити муосиру замонавӣ бунёд карда шудааст.
Зикр гардид, ки дар гимназияи ҳарбии ворисони "Куруши Кабир" - и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола то 100 нафар баъди хатми синфи 9 ба таълим фаро гирифта мешавад ва бештари хонандагони ин даргоҳи илму маърифатро нафарони нимятим ва ятимони кулл ташкил медиҳанд.  

муфассал

 

ҲАҚИҚАТИ ҲОЛ. ҲНИ ҶУЗЪИ ҲАРАКАТИ ТЕРРОРИСТИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ АСТ

10 06 2019

 

Пас аз нашри маводи фармоишии журналист Иля Лозовский «Ғуруби наҳзати исломии Тоҷикистон» дар сомонаи русии радиои амрикоии «Озодӣ» (18.04.2019), мавзӯи моҳияти зархаридии ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ ва робитаҳои он бо шабакаҳои террористии байналхалқӣ бори дигар дар расонаҳо бардошта шуд. Ин шабакаи ғарбӣ, ки амалан ба минбари таблиғотии наҳзатиён табдил шудааст, бо нашри ин матлаб марсияи худро ба марги ТТЭ ҲНИ баён кард. Аниқтараш, ин марсияи соҳибони расонаҳо ва хоҷагону сармоягузорони наҳзат буд, ки бар шикасти ин тарҳи ноком ва бар марги ин фарзанди номашруи онҳо суруда шуд. Зеро, дар ҳақиқат, нобуд ва аз саҳнаи таърих берун шудани наҳзат барои хоҷагони шарқию ғарбии он як фоҷиа, балки як бохти ҳақиқии сиёсию геополитикӣ буд. Онҳо дар назар доштанд, ки маҳз бо дасти ин гурӯҳи зархариду дастнишондод нақшаю манфиатҳояшонро дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ амалӣ намоянд, аммо бо «ғуруби наҳзати исломӣ» ин нақшаҳо якбора барбод рафтанд. Ин аст, ки мақолаи марсиявӣ бисёр пурсӯзу гудоз ва саршор аз афсӯсу надомат эҷод шудааст…

Аммо муаллиф, ки мехост ба ТТЭ ҲНИ машруияти таърихӣ бахшида, чеҳраи онро ҳамчун «ташкилоти либералии озодихоҳ», «фарқкунанда аз «Ихвон-ул-муслимин», «ҷонибдори давлати дунявии демократӣ» нишон диҳад, шояд аз беэҳтиётӣ, «корро расво кард». Ӯ дар мақола ба як гузориши мақомоти ҷосусии ИМА, ки 31-уми декабри соли 2001 дар рӯзномаи «Ню-Йорк таймс» ба чоп расида буд, ишора намуд, ки ин санад якбора таваҷҷуҳи хонандагони васееро ҷалб намуд. Моҳияти гузориш чунин аст, ки хадамоти ҷосусии ИМА солҳои 1995 ва 1996 аз Афғонистон чанд гузориш фиристодаанд, ки дар онҳо наздикию ҳамкории роҳбари ТТЭ ҲНИ С.А.Нурӣ бо роҳбари ташкилоти террористии «Ал - Қоида», «террористи №1» - Усома Бини Ладан нишон дода мешавад. Дар ин гузоришҳо, аз ҷумла омадааст, ки бо хоҳиши Усома Бини Ладан С. А. Нурӣ мулоқоти ӯро бо намояндагони хадамоти ҷосусии Ҷумҳурии Исломии Эрон - Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ташкил кардааст. Он вақт С.А.Нурӣ дар шаҳри Толиқон ва Бини Ладан дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон қароргоҳ доштанд. Мақсади асосии ин мулоқотҳо ҳамоҳанг намудани имкониятҳои «Ал - Қоида» ва Эрон дар муқобили ИМА буданд. Ҳамин тавр, муаллифи марсияи наҳзат хоста ё нохоста саҳифаи қариб фаромӯшшудаи робитаҳои наздики ТТЭ ҲНИ бо ташкилотҳои террористии байналхалқиро дубора кушод. 

муфассал

 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Дигар > Охирин >>

Саҳифаи 5 аз 29