Робита бо ҷомеа

ТЭТ ҲНИТ – қотили журналистон ва душмани озодии сухан

26.01.2018

Чанде пеш дар шабакаи Ютуб навореро тамошо кардам, ки чанд сол қабл аз тӯи яке аз роҳбарони ТЭТ ҲНИТ сабт шудааст. Дар он дида мешавад, ки роҳбарони ҲНИТ ва думравонашон болои кати пурнозу неъмат нишастаанду “амри маъруф” мекунанд. Диққати маро дар навор ҳузури чеҳраҳои ошно - як идда журналистон ҷалб намуд. Ҷолиб он аст, ки ин журналистон, ки қисме аз онҳо журналистони киссагии ин “аллома”-ҳо маҳсуб мешуданду боқимонда ба ТЭТ ҲНИТ таваҷчуҳи хос доштанд, ҳушу гӯши сафсатапарокании нафарони зикршуда буданд.

муфассал

 

ҲНИТ!!! Хуни шаҳидони мо, мечакад аз ҷангатон!!!

17.01.2018

(Аз қатли Муҳиддини Олимпур 22 сол пур гардид)

Аксари донишҷӯёни маҳаллаи маъруф ба “Ҷазира”-и ДДМТ субҳи хунини 13-уми декабри соли 1995-ро ёд доранд. Он субҳи тираи боронӣ ҷасади Муҳиддини Олимпур, маъруфтарин журналисти он айём дар пули назди факултаҳои филология ва журналистикаю шарқшиносӣ мехобид.

Имрӯз тасвири он саҳнаи даҳшатбор кори саҳлу содда менамояд ва онро кори дасти се-чор қотили касбӣ (киллер) мешуморанд. Аммо дар даромадгоҳи факултаҳое, ки аслан бо сухан ва қалам кор доштанд, партофтани ҷасади Олимпур ва аз даҳонаш парронидани ӯ на танҳо тасвири тасодуфӣ, балки ҳушдори қатъие ба қаламбадастони оянда ҳисоб мешуд.

Олимпур аслан на фарзанди ин майдон ва на он майдон буд. Амале, ки шуҳраташро зиёд кард, омода кардани барномаҳои телевизионие бо номи “Ситораҳои Шарқ” буд. Аз Гугуш мегуфт, аз Нодирпур ҳикоя мекард, розҳои Аҳмад Зоҳир мекушод.

муфассал

 
<< Якум < Пешина 21 22 23 24 25 26 27 28 29 Дигар > Охирин >>

Саҳифаи 29 аз 29