Робита бо ҷомеа

МУАММО ДАР ХУДИ ҲНИТ АСТ, НА ДИГАРОН!

21.06.2018

Фаъолияти ҳар як ташкилоту ҳизби сиёсӣ, новобаста аз самти фаъолият, бояд ба нафъи давлату миллат равона гашта бошад. Намояндагони аҳзоби сиёсӣ шахсоне бояд бошанд, ки мардум нисбат ба онҳо эътимод дошта, ҳамчун шахси баобру ва ҳимоятгари манфиату ҳуқуқҳои хеш вакил интихоб намояд. Мутаассифона, на ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони онҳо ба нафъи Ватану миллат содиқона ва софдилона хизмат мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандонро кафолат дод. Вале ин озодиро гурӯҳҳои алоҳида ба таври худ қабул карданд. На ҳама ба қадри ин озодӣ ва тинҷиву амонӣ расид. Тоҷикистон ягона давлати пасошӯравиест, ки дар қаламрави он ба ҳизби исломӣ - Ҳизби наҳзати исломӣ иҷозати озодона фаъолият кардан дода шуда буд.

муфассал

 

ДАСТПАРВАРИ БЕГОНАГОН

21.06.2018

172Гузашти марҳилаҳо ва ба вуҷуд омадани воқеаву рӯйдоди нав дар кишвар ва хориҷи дуру наздик нишон медиҳад, ки ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) ба таври комил дастпарвардаву дастнишондаи бегонагон буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон, барҳам задани истиқлолияти сиёсӣ ва ба таври комил гирифтори афкори мазҳабию ғайримиллӣ намудани мардуми фарҳангсолору шарафманди тоҷик мебошад.

муфассал

 

ТЕРРОРИЗМ МИЛЛАТ ВА ВАТАН НАДОРАД

21.06.2018

173(Дар радифи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22. 12. 2017.)

Ибораи терроризмро борҳо шунидаем, ҳатто дар бораи ин падидаи номатлуб ҳамчун вабои асри 21 мақолаҳо мутоила намудаем. Аммо ба ин нигоҳ накарда зарурияти мубориза бар зидди ин падидаи номатлуби аср аҳамияти худро гум накардааст. 
Эҳтимолияти рушди равандҳои сиёсиро дар ҷаҳони муосир таҳлил намуда Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки сабақи талхи таърихи навини тоҷикон ҳар шахсро водор менамоянд, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст додан лозим нест, ватандӯсту ватанпарвар будан зарур аст, аз гузаштаи пурғановати ниёгон ифтихор намуда баҳри пойдор намудани ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодон заҳмат кашидан зарур аст.

муфассал

 

ТААССУБИ ДИНИРО РӮШНОИИ ЗИЁӢ АЗ БАЙН МЕБАРАД

13.06.2018

Дар китоби «Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» (Душанбе: Контраст, 2017, 464 саҳ.), аз ҷумла ба чунин нукоти омӯзанда  дучор омадам:
«Дар тӯли асрҳои зиёд аҷдоди хирадманди мо дар қаламрави зисти худ ва ҳатто берун аз он, дар саргаҳи инқилобҳои бузурги зеҳниву ақлӣ қарор доштаанд ва эҷодгарони фарҳанги пешрафта, бунёдгузорони давлатҳои соҳибқудрат ва муназзам, муаллифони осори ҷовидонаи илмҳои фалсафа, ҳуқуқ, тиб ва табиатшиносӣ будаанд, ки ин осор садсолаҳои дароз хизмати инсониятро ба ҷо оварда ва имрӯз низ аҳамияти худро аз даст надодааст».

муфассал

 

МУБАШАР ҶОВИД АКБАР: "РОҲБАРОНИ ГУМРОҲИ НАҲЗАТӢ ИМОНРО БА ЗУЛМ ТАБДИЛ ДОДААНД"

13.06.2018

- Тоҷикистон бо терроризм муваффақона мубориза бурд, ғалаба кард ва мавҷи онро дар як давраи ҳассос барҳам дод. Мо бояд маънои ин дастовардро дарк карда, эътироф намоем, ки таҷрибаи нодири Президент ва давлати Тоҷикистон  дар фурӯ нишондани даргириҳои ду даҳсола пеш на фақат таъмини субот дар кишвар, балки наҷоти Осиёи Марказӣ аз ҳузури террористон ва пешгирии тавсеаи ифротгароӣ дар минтақа буд. Тоҷикистон пеши роҳи сироятёбиеро гирифт, ки метавонист Осиёи Марказиро мубтало карда, бо шарикони идеологӣ то баҳрҳои Хазару Сиёҳ ва Ироқу кишварҳои Левант доман занад.

муфассал

 
<< Якум < Пешина 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 Дигар > Охирин >>

Саҳифаи 28 аз 31