Робита бо ҷомеа

АҚЛИ БЕГОНА МАҒЗҲОИ ТИҲИИ НАҲЗАТИЁНРО БА БОЗӢ МЕКАШАД

18 07 2018

Бесаводию гумроҳии аъзои ТТЭ ҲНИ роҳ сӯйи ҷаҳолату таассуб аст. Зеро калла аз наҳзатиҳо буда, ақл аз дигарон мебошад. Ва ин ақли бегона бо тақдири онҳо бозӣ дошта, мағзи аз ақл тиҳиро қурбони бозиҳои сиёсии худ мекунад. Чунки ҷони нодон ҳамеша дар азоб аст. Ғайр аз ин, ҳар он ки дар ҳаёт пайравии бешууронаро бар дигарон пеша мегирад, мусалламан роҳаш аз оғоз пойбанд бар иштибоҳ асту рӯ бар шикаст дорад.

Ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ муҳраи пиёдагард дар тахтаи шоҳмоти бозигарони сиёсӣ мебошад. Дар бозие, ки ин тоифа кашида мешавад, асло пирӯзӣ нест. Тақдири онон қаблан аз ҷониби «тақдирнависон» - ашон муайян гардидааст. Ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ аз оғоз пиёдае мебошад, ки ҳатман бояд қурбонӣ шавад. Вазифааш якест: ноором сохтани вазъият дар нуқоти зери назар тавассути хунрезию қатли мардуми бегуноҳ, дар дили онҳо бедор намудани ҳисси ваҳму яъсу ноумедӣ.

муфассал

 

ҶАРАЁНИ МАРҲИЛАҲОИ МАШҚҲОИ МУШТАРАК ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

17.07.2018

Аз 17 то 21-уми июли соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии ин гарнизон ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ, бо тирпаронии ҷангӣ баргузор мегардад, ки ба он зиёда аз 10 ҳазор нафар ҳайати шахсӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2018 пешбинӣ гардидааст, дар ҳудуди ВМКБ, ташкилу ба роҳ монда мешаванд.

Дар баробари иштироки сохтору мақомоти давлативу қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин гарнизон/ инчунин ба машқҳои муштарак ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия бо техникаву лавозимоти ҷангӣ ба он ҷалб мегарданд.

муфассал

 

ДАВРИ ДУЮМИ ОМӮЗИШ

12.07.2018

Аз аввали моҳи июли соли равон дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми омузиш оғоз ёфт. Ба ин муносибат аз 8 то 11-уми июли соли равон бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат, ҷамъомад ё худ машғулиятҳои методӣ-таълимӣ баргузор гардиданд.

Ҷамъомад ё худ машғулиятҳои методӣ-таълимӣ давоми 4 рӯз дар гарнизонҳои Душанбеву Хатлон ва дар пойгоҳи қисмҳои низомии тобеи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба таври назариявию амалӣ ҷараён гирифт. Ба машғулиятҳо муовинони вазири мудофиа, фармондеҳони навъи Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо, командирони қисмҳои низомӣ ва муовинони онҳо ҷалб карда шуданд.

Рафти ҷамъомади мазкур таҳти назорати қатъии роҳбарияти Вазорати мудофиа ҷараён гирифта, аз иштирокчиён масъулияти баланд дар омӯзиши фанҳои дақиқи низомӣ ва пурра аз бар намудани мавзуоти ба машғулиятҳо пешбинишуда талаб карда шуд.

муфассал

 

РАЗМОИШИ НИЗОМӢ

12.07.2018

Рӯзҳои 3 ва 4-уми июли соли равон дар Маркази идоракунии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва машқгоҳи ҳарбии Фахрободи вилояти Хатлон, бо ҷалби масъулини мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони аввали сохторҳои қудратии мамлакат ҷамъомади методӣ-таълимӣ ва машқҳои муштараки баталионӣ-тактикӣ ташкилу ба роҳ монда шуданд.

Марҳиллаи нахустини ҷамъомади методӣ-таълимӣ дар Маркази идоракунии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷараён гирифт. Дар ҷамъомад нахуст Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳури Абдураҳим Қаҳҳоров баромад намуда, доир ба ҳадафу вазифаҳои ба ҷамъомад пешбинишуда ва омодагии вазорату кумитаҳо ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро натиҷагирӣ кард ва вобаста ба иштирок намудану нишон додани масъулияти баланд дар ин чорабинии низомӣ ибрози андеша намуд. Илова бар ин такид гардид, ки самтҳои ҳамкориву ҳамоҳангсозии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои аманиятӣ дар замони осоишта ва ҳам ҳолати ҷанг бояд муайян ва қатъи ба танзим дароварда шавад. Зеро он барои мудофиаи Тоҷикистони азиз ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардумони он бисёр муҳиму манфиатбахш мебошад.

муфассал

 

ҲНИ. КАЖДУМИ ЗЕРИ БӮРЁ

11.07.2018

Дар ҷомеаи имрӯза ҳодисаҳои зиёде рух медиҳанд, ки бархе аз онҳо хосияти иртиҷоӣ дошта, дар байни мардум мушкилӣ ва муқовиматҳои мухталиф ба бор меоранд. Агарчи онҳо моҳияту хусусиятҳои асосии инкишофи оламро таҷассум карда натавонанд ҳам, дар инкишофи таърихии халқҳо, кишварҳо ва минтақаҳои гуногун таъсир мегузоранд.

Баъди фанои лагери сотсиализм, рушди муосири олам, ташаккули низоми нави ҷаҳонӣ ҷараёнҳои сиёсӣ дар маънӣ ва тобиши нав аз худ дарак медиҳанд. Низоми нави ҷаҳонӣ ва муносибатҳои нави байни халқҳо ва кишварҳо парда аз рӯи ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ барканданд. Ҷараёнҳо ва неруҳои сиёсии равияи канора беш аз пеш сифатҳои иртиҷоию ифротии хешро ошкор месозанд. Дар ин миён экстремизми сиёсӣ пешсаф аст, ки аз идея, андешаҳо, амалу фаъолияти канорае таркиб ёфтааст ва фаъолияти худро бадбахтона дар зери ниқоби ислом амалӣ мегардонанд.

муфассал

 
<< Якум < Пешина 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 Дигар > Охирин >>

Саҳифаи 26 аз 31