Робита бо ҷомеа

Иди касбии десантчиёни тоҷик муборак!

10 08 2018

Қабл аз оғози чорабинии бошукӯҳи идона ба ифтихори иди касбии десантчиён ё худ 21-умин солгарди таъсисёбии Бригадаи ҳамлаовари десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст аз ҷониби масъулини Вазорати Мудофиа, Раёсати Қӯшунҳои зудамал, собиқадорон ва дигар меҳмонони чорабинӣ ба пояи лавҳаи хотиравии шаҳидон ё худ хизматчиёни ҳарбии ҳангоми адои хизмат фавтида, гулчамбар гузошта шуд.

Дар оғоз ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ, мустақилияту ягонагӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти милливу давлатӣ ва дар ин замина ҳамеша омода будан ба ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ дар баробари родмардони десантчии ватан дигар иштирокчиёни ҷамъомад низ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро қироат намуданд.

Дар ҷараёни баругузории ин чорабинии идона афсарони олирутбаи Вазорати мудофиа, ҳайати фармондеҳии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони соҳа, ҷанговарони башардӯст, падару модарони сарбозон ва он ҷавононе, ки ҳангоми даъват ба сафи Артиши миллӣ дар сафи ҷузъу томҳои десантӣ хизмат намудаанд, ширкат доштанд. Ин гурӯҳи ҷавонони соҳибҷашн ва тамоми ҳайати шахсии десантчиёнро меҳмонон ва дигар иштирокчиёни чорабинӣ ҳар яке зимни баромади худ ба муносибати иди касбиашон самимона табрик гуфта, ба онҳо дар пешбурди фаъолияти пурмасъули хизматиашон дар самти ҳифзи ватан, ҳимояи дастовардҳои миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ муваффақиятҳо таманно намуданд. Ҳамзамон бо ба ёд овардани воқеаву рӯйдодҳои сиёсии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, баромадкунандагон саҳми ин қувваи бузурги ҳарбиро дар таъмини амнияти давлату миллат муҳим ва басо самарабахш арзёбӣ намуданд.

Афсарону сарбозони Бригадаи ҳарбии десанчиёни Вазорати мудофиа, ки дар навбати аввал захираи эҳтиётии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд, дар пуштибони ба сиёсати давлату ҳукумат ва дар самти дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ баромад намуда, таъкид карданд, ки то охирин нафас ба халқу Ватан ва Президент содиқ мемонанд.

муфассал

 

МИСР ВА ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО СОЗМОНҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

08 08 2018

Конфронси илмӣ-тадқиқотӣ оид ба фаъолияти  Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ихвон-ул-муслимин»  1-уми август дар  шаҳри Қоҳира зери сарпарастии пажӯҳишгоҳҳои давлатии илмӣ - тадқиқотии Ҷумҳурии Арабии Миср – Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ, Форуми мисрӣ дар масъалаҳои ВАО, Маркази тадқиқоти сиёсӣ ва хабарии «Ҳивор» ва Намоишгоҳи баҳрӣ доир гардид.

Конфронс зери унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти «Ихвон – ул - муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом» сурат гирифт. Дар рафти он таърихи созмонҳои террористии «Ихвон – ул - муслимин» ва ҲНИ, шабоҳати вазъи ду кишвар, муштаракот ва ягонагии ин созмонҳои террористӣ, ки кӯшиши ноором сохтани суботи ҳам Миср ва ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, дастгирӣ ёфтани ин ташкилотҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, масъалаҳои мубориза ва ҳамкорӣ бар зидди терроризм дар Миср ва Тоҷикистон баррасӣ гаштанд.
Дар ҷараёни конфронс аксҳои воқеии амалҳои террорис-тии ҲНИ, аз ҷумла ҷиноятҳои сангини содиркардаи он дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ошӯби гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, инчунин, филми мустанади «Решаҳои ноаён» дар бораи фаъолияти тахрибкории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон намоиш дода шуданд.

муфассал

 

МУҲОФИЗОНИ ОСМОНИ СОФ

06 08 2018

Ҳамасола чун анъана якшанбеи савуми моҳи август ҳамчун рӯзи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ҷашн гирифта мешавад. Имсол ҳайати шахсии он ҷашни касбиашонро дар доираи чорабиниҳои андешида ва татбиқ намудани таъкиду нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 25-солагии ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии ташкилёбии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳ авоӣ ва омодагиҳо ба 27- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар истиқбол гирифта истодаанд.

Таъсисёбии ҚҲҲ ба таърихи Истиқлолияти давлатӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон алоқаи зич дорад. Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ соли 1993 қариб, ки аз сифр-дар асоси қисмҳои ҳарбии харобу фалаҷгаштаи собиқ артиши Шӯравӣ, ки дар кишварамон мустақар буданд, таъсис дода шуда, ҳамагӣ бо якчанд чархболи ҷангию шумораи камтарини ҳайати шахсӣ ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ шуруъ карда буданд. Парвози аввалини авиатсияи ҳарбии тоҷик дар фазои кишвар таҳти сарпарастии генерал-майори авиатсия В.М.Грудына моҳи марти соли 1993 амалӣ гардида бу.

муфассал

 

ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ. ҲАДАФИ ОН ТАФРИҚААНДОЗӢ МИЁНИ МАРДУМ АСТ

03 08 2018

Ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор меравад. Зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расондани зарар, таҷовуз, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар ин ё он мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Терроризм бошад, ин содир намудани амалҳое мебошад, ки таҳдид ба марг намуда, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсондани аҳолӣ ё расондани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишор, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он ба ифротгароӣ сабзида расад. 
Таъкид кардан зурур аст, ки дар шароити кунунӣ намудҳои гуногуни ифротгароӣ аз худ дарак додаанд, ки дар байни онҳо ифротгароии динӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Ифротгароии динӣ дар худ динро ниқоб интихоб менамояд. Мақсади онҳо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат, бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ дар ҷомеа равона шудааст.

муфассал

 

ВАТАН ВА САДОҚАТИ РОСТИНИ ФАРЗОНАФАРЗАНДОНИ МИЛЛАТ

03 08 2018

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҷараёни корҳои тарбиявӣ  эътибори хосса дода мешавад. Чунки тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Махсусан, эътимод ба Ватан ва дар ин замина ободу шукуфон гардондани он бояд таълим дода шавад. Адиби маъруфи тоҷик Саттор Турсун дар ин маврид навиштааст: “Ватанро дӯст доштан кам аст, ба вай эътибор додан ҳам хидмати чандон кироӣ нест. Маҳаки ростини садоқат ба Ватанро танҳо аз мағзи эътимод меёбем”.
Даргириҳои сиёсии кишвар дар солҳои 90 - уми асри гузашта бори дигар аҳамияти эътимод ба Ватанро собит сохт. Маҳз пойдории  ваҳдат дар охири ҳамон солҳо ба халқи мо бахту саодат овард, мамлакатро орому осуда, мардумро хурраму хушрӯзгор сохт. Камоли ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он замони ноором пурра ба ояндаи кишвари ҷангзада бовар кард. Бисёриҳо бовару эътимодро ба Ватан тамоман фаромӯш карда, ҳатто вазифаҳои давлатию ҷамъиятиро бар дӯш нагирифтанд. Аммо дили рӯшану хушбовари Пешвои миллат ба некӣ метапид, медонист, ки Тоҷикистон ба зудӣ аз гирдоби ҷанг раҳоӣ меёбад.
Боз ҳам бо бовар ҳангоми сухарони-ҳояшон чандин маротиба аз минбарҳои баланди СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷангу пархош ба сиришти тоҷикон бегона аст. Аз ин рӯ, ҳоло, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд.

муфассал

 
<< Якум < Пешина 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 Дигар > Охирин >>

Саҳифаи 24 аз 31