Робита бо ҷомеа

ИСТИҚЛОЛИЯТ. ОФТОБЕ, КИ БА РӮЗГОРИ МАРДУМ НУР МЕБАХШАД

25 07 2018

Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ чун офтоб шаби торику рӯзи сарди халқи тоҷикро равшаниву гармӣ бахшида, барои парвози баланд ба сӯи дастовардҳо роҳ кушод. Ҳамаи ин комёбиҳо дар заминаи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд.

Истиқлолият, пеш аз ҳама, ба мардуми шарифи Тоҷикистон озодии миллӣ дод, дар сайёраи бузурги олам давлати мутамаддине бо номи Тоҷикистон ба вуҷуд омад, ки тамоми дунё онро эътироф кард. Ба шарофати истиқлолият ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода  шуд. Мо соҳиби марз, артиш, асъор ва Нишону Парчами мустақилем, ки бо номи миллату давлат тавъаманд. 

муфассал

 

ТИРИ ХОКХӮРДА. Ё ЧАРО РОҲБАРИ ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТӢ БА ТАҲҚИРИ МИЛЛАТ ГУЗАШТ?

18 07 2018

Дар ҳоле ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар заминаи ибтикороти судманду дорои аҳамияти байналмилалӣ обруи кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ беш аз пеш боло бурда истодаанд, гурӯҳи террористони наҳзатӣ бо роҳбарии Кабирӣ ин миллатро «тарсу» муаррифӣ мекунанд, ки аз рӯи виҷдон нест. Ба андешаи ин ҷониб, чунин ҳамоқат як навъ қасосгирии Кабирӣ аз мардуми шарифи кишварамон аст. Зеро кабиримаобон то андозае бовар доштанд, ки шояд ин навбат низ баъзе доираҳои аҳолӣ фирефтаи афсонапардозиву дурӯғгӯии онҳо шаванду ба ин васила наҳзатиҳо боз «обро лой карда моҳӣ доранд».Хушбахтона, мардуми сарбаланди тоҷик на танҳо ба ин фурӯхташудаҳо таваҷҷуҳ ва фаъолияташонро дастгирӣ накарданд, балки дар раванди мубориза бо ин хоинон мақомоти давлатиро дастгирӣ намуданд. Далели возеҳи ин гуфта ҳамдастии мардум дар раванди сарнагун кардани ошӯби зиддидавлатии ҳоҷӣ Ҳалим ва безарар гардондани аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар моҳи сентябри соли 2015 мебошад.

Табиист, ки чунин тарзи кор Кабириро хеле «хашмгин» намудааст. Агар номбурда то ин замон бо шикваву фазлфурӯшӣ таваҷҷуҳи мардумро ҷалб кардан мехост, баъд аз муътақид шуданаш ба он ки мардум дигар ба онҳо бовар надоранд, ба таҳқири миллат шурӯъ кард. Намунаи барҷастаи чунин таҳқирсозиро дар сафсатахониҳои охири ӯ метавон мушоҳида кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҷониби мардум набояд бепосух монад. 

муфассал

 

АҚЛИ БЕГОНА МАҒЗҲОИ ТИҲИИ НАҲЗАТИЁНРО БА БОЗӢ МЕКАШАД

18 07 2018

Бесаводию гумроҳии аъзои ТТЭ ҲНИ роҳ сӯйи ҷаҳолату таассуб аст. Зеро калла аз наҳзатиҳо буда, ақл аз дигарон мебошад. Ва ин ақли бегона бо тақдири онҳо бозӣ дошта, мағзи аз ақл тиҳиро қурбони бозиҳои сиёсии худ мекунад. Чунки ҷони нодон ҳамеша дар азоб аст. Ғайр аз ин, ҳар он ки дар ҳаёт пайравии бешууронаро бар дигарон пеша мегирад, мусалламан роҳаш аз оғоз пойбанд бар иштибоҳ асту рӯ бар шикаст дорад.

Ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ муҳраи пиёдагард дар тахтаи шоҳмоти бозигарони сиёсӣ мебошад. Дар бозие, ки ин тоифа кашида мешавад, асло пирӯзӣ нест. Тақдири онон қаблан аз ҷониби «тақдирнависон» - ашон муайян гардидааст. Ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ аз оғоз пиёдае мебошад, ки ҳатман бояд қурбонӣ шавад. Вазифааш якест: ноором сохтани вазъият дар нуқоти зери назар тавассути хунрезию қатли мардуми бегуноҳ, дар дили онҳо бедор намудани ҳисси ваҳму яъсу ноумедӣ.

муфассал

 

ҶАРАЁНИ МАРҲИЛАҲОИ МАШҚҲОИ МУШТАРАК ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

17.07.2018

Аз 17 то 21-уми июли соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии ин гарнизон ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ, бо тирпаронии ҷангӣ баргузор мегардад, ки ба он зиёда аз 10 ҳазор нафар ҳайати шахсӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2018 пешбинӣ гардидааст, дар ҳудуди ВМКБ, ташкилу ба роҳ монда мешаванд.

Дар баробари иштироки сохтору мақомоти давлативу қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин гарнизон/ инчунин ба машқҳои муштарак ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия бо техникаву лавозимоти ҷангӣ ба он ҷалб мегарданд.

муфассал

 

ДАВРИ ДУЮМИ ОМӮЗИШ

12.07.2018

Аз аввали моҳи июли соли равон дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми омузиш оғоз ёфт. Ба ин муносибат аз 8 то 11-уми июли соли равон бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат, ҷамъомад ё худ машғулиятҳои методӣ-таълимӣ баргузор гардиданд.

Ҷамъомад ё худ машғулиятҳои методӣ-таълимӣ давоми 4 рӯз дар гарнизонҳои Душанбеву Хатлон ва дар пойгоҳи қисмҳои низомии тобеи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба таври назариявию амалӣ ҷараён гирифт. Ба машғулиятҳо муовинони вазири мудофиа, фармондеҳони навъи Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо, командирони қисмҳои низомӣ ва муовинони онҳо ҷалб карда шуданд.

Рафти ҷамъомади мазкур таҳти назорати қатъии роҳбарияти Вазорати мудофиа ҷараён гирифта, аз иштирокчиён масъулияти баланд дар омӯзиши фанҳои дақиқи низомӣ ва пурра аз бар намудани мавзуоти ба машғулиятҳо пешбинишуда талаб карда шуд.

муфассал

 
<< Якум < Пешина 21 22 23 24 25 26 27 28 29 Дигар > Охирин >>

Саҳифаи 23 аз 29