Робита бо ҷомеа

ҶАНГ ВА СУЛҲ. АЗ ҚАҲТӢ ТО ФАРОВОНӢ

17 09 2019

Ҷанг, харобӣ, тарсу таҳлука, ваҳму изтироб, парешонию сардаргумӣ, гуруснагию талошу такопӯ баҳри дарёфти луқмаи нон... Мо ин ҳама даҳшатро бо чашми сар дидему дар ҷисму ҷони хеш озмудем ва аз байни оташу дуди ҷанг гузашта, ба рӯзҳои нек расидем. Мардумони зиёде қурбон шуданду дар роҳи озодии Ватан ҷон бохтанд.

Шакку тардид, нобоварӣ, ноумедию варшикастагӣ панҷа ба торҳои қалбу захм бар ҷигар мезад. Зеҳну мағзҳо хастаю умед ба фардои зиндагӣ дар синаҳо ях баста, оянда тираю дурахшу равшанӣ аслан нопайдо ба чашм мерасид. Замин дар гулхани ҷанг месӯхт. Кишвар зери тасаллути камонбадастон монда, ҳама гуна робитаю алоқа аз марказ бо минтақаҳо қатъ гардида, гуруснагӣ, бемориҳои музир ва маргу мири одамон авҷ мегирифт. Раҳму шафқат аз байн рафтаву тиру камон ҳокими мутлақ ва довари давру замон гардида буд. Нафаси сарди ҷанг ба мактабҳо ҳам расид. Ҷӯшу хурӯши омӯзиш батадриҷ коста гардида, аз бемаошӣ гурӯҳи омӯзгорон мактабро тарк карданд. Яке савдогариро пеш гирифту дигаре мардикориро.  Аммо ҷанг ҳамоно давом меёфт.
- Эй кош, ин рӯзҳои сиёҳ тезтар паси сар мешуданду як бурда нонро дар ҳалқаи ёрону пайвандон ва ҳамсоягон ба роҳат ва фориғ аз ғаму ғуссаҳо бо ҳам медидем, - ашки дидагонашро бо остинҳояш пок карда мегуфт кампири Оламбибӣ ва даст ба дуо бардошта, хитоб мекард:
- Ё Худои бузург! Ба доди мардуми бечораю бенаво бирас. Додрас худат ҳастӣ, раҳме, шафқате!
Ва ниҳоят, ба қавли Лоиқ, «раҳми Парвардигори мо омад».

муфассал

 

«ИТТИҲОДИ ҶАНГӢ -2019»

17 09 2019

Чанде пеш дар машқгоҳи Ашулуки вилояти Астрахани Федератсияи Россия даври ниҳоии машқҳои муштараки низомии Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Иттиҳоди ҷангӣ-2019» ҷамъбаст гардид. Дар машқҳои муштарак роҳбарону намояндагони вазоратҳои мудофиаи кишварҳои аъзои Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, гурӯҳҳои фаврӣ, дастаҳои муҳорибавӣ ва беш аз чор ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ширкат намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар машқҳои муштараки низомии Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Иттиҳоди ҷангӣ-2019» афсарони ботаҷриба, дастаҳои ҷангӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Белорусия, Армения, Қазоқистон ва бори нахуст Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат намуданд.

муфассал

 

ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАМЕДИҲЕМ. ИН МАФҲУМ ДАР ШАРОИТИ КУНУНӢ БОЯД ШИОРИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД БОШАД

10 09 2019

 

Бо итминон метавон гуфт, ки маҳз дар давраи навини давлатдорӣ шаҳрвандони кишвар бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта,  боз аз сари нав  баҳри пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ Парчами Ватани азизамонро дар олам партавфишон намуданд, низоми давлатдориро дар кишвар устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд. 
Табиист, ки дар ҷомаи амал пӯшидани аҳдофи созандаи Сарвари давлат, ки аз азми қавӣ ва нияти нек маншаъ гирифтаанд, кулли тоҷику тоҷикистониён, хоса масъулин саҳми муассир доранд. Масъулини вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли фаъолият, муваззафанд, ки ба василаи  хислатҳои неки инсонӣ  ба дили мардум роҳ ёфта, масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ, инсондӯстӣ, қонунсолорӣ, ҳақшиносӣ, ҳақгӯӣ, ҳалолхӯриву ҳалолкорӣ,  боҷасоративу пешсафиро  меҳвари кору зиндагӣ қарор диҳанд
Тибқи муқаррароти қонунгузорӣ,  дастгоҳи давлатӣ  низоми мақомоти давлатӣ, ки фаъолияти он барои амалӣ намудани вазифа, функсия ва сиёсати давлат равона шудааст, маҳсуб шуда, мақоми давлатӣ  ҷузъи таркибии дастгоҳи давлатӣ, ки ваколати давлатию ҳокимиятиро дар шакли ташкилию ҳуқуқии ба худ хос амалӣ менамояд, мебошад.  

муфассал

 

28 ДАСТОВАРДИ БУЗУРГ

10 09 2019

 

Истиқлолияти давлатӣ барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва маънавии мардуми тоҷик нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули онҳо дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд.
Дастовардҳо зиёданд, вале 28 дастоварди бузургтаринеро, ки ба рушду инкишофи кишвар бештар замина гузоштанд, зикр мекунем.
1. 24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардид, ки тибқи он 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти комили худро ба даст овард ва ҳамасола ин сана ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва бо шукргузорӣ аз неъматҳои гаронбаҳои он таҷлил мегардад.
2. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид. 
3. 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб баргузор гардид, ки он унвони “Иҷлосияи тақдирсоз”- ро гирифт. Зеро ин иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард, ки аз аввалин рӯзҳои фаъолияти кориаш тамоми неруву тавоноиашро барои ободии ин диёр равона сохт.
4. 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки барои бақои давлату миллати тоҷик яке аз муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад. Бори нахуст Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун ид дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд. 

муфассал

 

9 СЕНТЯБР ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

10 09 2019

 

Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми шарафманди тоҷик оғози марҳилаи навини давлатдории миллӣ, омили ваҳдати мустақил, воситаи ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва, муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи пойдории миллат ба шумор меравад. Тӯли 28 соли соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти комили сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин, барои инкишофи иқтисоди устувор заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. 
Ин нуктаро Диловар Қодирзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории мизи мудаввар таҳти унвони «Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ» иброз дошт. 
Ӯ афзуд, ки Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, то дар як мудати кӯтоҳ амният ва суботро дар ҷомеа таъмин намуда, барои рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту роҳсозӣ ва кишоварзӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардем. Дар соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, илму маориф, фарҳанг ва тандурустӣ пешрафтҳои сифатан нав ба вуҷуд омадаанд.

муфассал

 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Дигар > Охирин >>

Саҳифаи 3 аз 31