Ба аввал: Робита бо ҷомеа
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз136
Дирӯз320
Моҳ3816
Ҳамагӣ232616
Наворҳо

Форум

Робита бо ҷомеа

ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ. ҲАДАФИ ОН ТАФРИҚААНДОЗӢ МИЁНИ МАРДУМ АСТ

03 08 2018

Ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор меравад. Зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расондани зарар, таҷовуз, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар ин ё он мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Терроризм бошад, ин содир намудани амалҳое мебошад, ки таҳдид ба марг намуда, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсондани аҳолӣ ё расондани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишор, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он ба ифротгароӣ сабзида расад. 
Таъкид кардан зурур аст, ки дар шароити кунунӣ намудҳои гуногуни ифротгароӣ аз худ дарак додаанд, ки дар байни онҳо ифротгароии динӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Ифротгароии динӣ дар худ динро ниқоб интихоб менамояд. Мақсади онҳо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат, бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ дар ҷомеа равона шудааст.

муфассал

 

ВАТАН ВА САДОҚАТИ РОСТИНИ ФАРЗОНАФАРЗАНДОНИ МИЛЛАТ

03 08 2018

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҷараёни корҳои тарбиявӣ  эътибори хосса дода мешавад. Чунки тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Махсусан, эътимод ба Ватан ва дар ин замина ободу шукуфон гардондани он бояд таълим дода шавад. Адиби маъруфи тоҷик Саттор Турсун дар ин маврид навиштааст: “Ватанро дӯст доштан кам аст, ба вай эътибор додан ҳам хидмати чандон кироӣ нест. Маҳаки ростини садоқат ба Ватанро танҳо аз мағзи эътимод меёбем”.
Даргириҳои сиёсии кишвар дар солҳои 90 - уми асри гузашта бори дигар аҳамияти эътимод ба Ватанро собит сохт. Маҳз пойдории  ваҳдат дар охири ҳамон солҳо ба халқи мо бахту саодат овард, мамлакатро орому осуда, мардумро хурраму хушрӯзгор сохт. Камоли ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он замони ноором пурра ба ояндаи кишвари ҷангзада бовар кард. Бисёриҳо бовару эътимодро ба Ватан тамоман фаромӯш карда, ҳатто вазифаҳои давлатию ҷамъиятиро бар дӯш нагирифтанд. Аммо дили рӯшану хушбовари Пешвои миллат ба некӣ метапид, медонист, ки Тоҷикистон ба зудӣ аз гирдоби ҷанг раҳоӣ меёбад.
Боз ҳам бо бовар ҳангоми сухарони-ҳояшон чандин маротиба аз минбарҳои баланди СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷангу пархош ба сиришти тоҷикон бегона аст. Аз ин рӯ, ҳоло, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд.

муфассал

 

ҲНИ - РЕШАПАЙВАНДЕ БО ТЕРРОРИЗМ

03 08 2018

Тайи чанд соли охир дар бархе аз кишварҳои ҷаҳони ислом, хусусан давлатҳои арабӣ - Сурия, Ироқ, Яман ва Афғонистон, амалҳои террористӣ содир шуда истодаанд. Бар асари ин вазъи сиёсӣ дар ин кишварҳо ҳанӯз ҳам ноором буда, мардуми осоишта қурбони амалҳои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ мегарданд. Хусусан зуҳури гурӯҳи «давлати исломӣ» барои амнияти минтақа ва ҷаҳон  таҳдидҳои навро эҷод кардааст.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис- тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии  хушунатомез”, ки  4  майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90 -уми асри XX - ҳанӯз дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёрӣ худ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифт. Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд. Он замон Тоҷикистон ба ҳамаи он ҳодисаҳои фоҷиаборе, ки имрӯзҳо дар Ироқу Сурия, Яману Афғонистон мушоҳида мешаванд, рӯ ба рӯ шуда буд. Ҳадаф ва нақшаҳои пасипардагиву ғаразноки саркардаҳои аслии он ки аз ғояҳои ифротгароӣ ва террористӣ сарчашма мегирифтанд, бо роҳи зӯрӣ ва қатлу куштор ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегонаву тафаккури асримиёнагӣ ва дар Тоҷикистон таъсис додани давлати исломӣ буд.

муфассал

 

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҲАЛЛИ МУАММОҲОИ ХУШЗИСТӢ

25 07 2018

Хеле нигаронкунанда аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар гирдоби азими бархӯрдҳои геополитикӣ ва манфиатхоҳиву қудратёбии доираҳои абарқудрат қарор гирифтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин тақдир дар канор нест. Дар баробари қарор гирифтан дар чунин ҳолат кишвари мо кӯшиши таъсир гузоштан ба ҳаллу фасли қазияҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии ҷаҳонро дорад. Муаммоҳои иҷтимоӣ ва глобалии ҷаҳонӣ дар силсилаи рисолаву мақола ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо диди хос, бо баҳрамандӣ аз таҷрибаҳо ва бо такя ба равандҳои ҷомеаи башарӣ баррасӣ шудаанд. Аз ин ҷиҳат коршиносони сиёсиву иҷтимоии ҷаҳонӣ имрӯз ба мавқеъ ва нақши муҳими кишвари мо дар ҳаллу фасли масоили умдаи сиёсии ҷаҳон баҳои сазовор додаанд. Аз назари ҳассосияти қавмиву мазҳабӣ кишвари мо миёни кишварҳои Осиёи Миёна низ мавқеи устувори сиёсӣ дорад, ки масоили марбут ба он борҳо баррасӣ шудаанд.

муфассал

 

Ҳақиқати Гулҷаҳон Бобосодиқова

27 05 2018

329

Қазияи ҳазораи Сино, марги Ҷумъа Одина, пайдоиши ҲНИТ ва хоҳиши Лучинский

Бо номи Гулҷаҳон Бобосодиқова қариб ҳамаи мардуми кишвар ошно ҳастанд, зеро Гулҷаҳон Бобоевна яке аз чеҳраҳои калидии солҳои 60, 70 ва 80-и қарни гузаштаи таърихи сиёсии Тоҷикистон мебошанд. Эшон фаъолияти кории худро аз комсомол оғоз карда, то ба дараҷаи котиби идеологии ҳизб расидаанд. Хонандагони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» суҳбати қаблии муаллифи ин сатрҳоро бо ӯ ёд доранд. Баъдан ду сӯҳбати дигар, яке сӯҳбати рӯ ба рӯ дар хона ва дигаре дар маҳфили “Гуфтугӯи тамадунҳо” бо эшон сурат гирифт. Инак, фишурдаи ин сӯҳбатҳо…

муфассал

 

ИСТИҚЛОЛИЯТ. ОФТОБЕ, КИ БА РӮЗГОРИ МАРДУМ НУР МЕБАХШАД

25 07 2018

Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ чун офтоб шаби торику рӯзи сарди халқи тоҷикро равшаниву гармӣ бахшида, барои парвози баланд ба сӯи дастовардҳо роҳ кушод. Ҳамаи ин комёбиҳо дар заминаи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд.

Истиқлолият, пеш аз ҳама, ба мардуми шарифи Тоҷикистон озодии миллӣ дод, дар сайёраи бузурги олам давлати мутамаддине бо номи Тоҷикистон ба вуҷуд омад, ки тамоми дунё онро эътироф кард. Ба шарофати истиқлолият ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода  шуд. Мо соҳиби марз, артиш, асъор ва Нишону Парчами мустақилем, ки бо номи миллату давлат тавъаманд. 

муфассал

 

ТИРИ ХОКХӮРДА. Ё ЧАРО РОҲБАРИ ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТӢ БА ТАҲҚИРИ МИЛЛАТ ГУЗАШТ?

18 07 2018

Дар ҳоле ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар заминаи ибтикороти судманду дорои аҳамияти байналмилалӣ обруи кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ беш аз пеш боло бурда истодаанд, гурӯҳи террористони наҳзатӣ бо роҳбарии Кабирӣ ин миллатро «тарсу» муаррифӣ мекунанд, ки аз рӯи виҷдон нест. Ба андешаи ин ҷониб, чунин ҳамоқат як навъ қасосгирии Кабирӣ аз мардуми шарифи кишварамон аст. Зеро кабиримаобон то андозае бовар доштанд, ки шояд ин навбат низ баъзе доираҳои аҳолӣ фирефтаи афсонапардозиву дурӯғгӯии онҳо шаванду ба ин васила наҳзатиҳо боз «обро лой карда моҳӣ доранд».Хушбахтона, мардуми сарбаланди тоҷик на танҳо ба ин фурӯхташудаҳо таваҷҷуҳ ва фаъолияташонро дастгирӣ накарданд, балки дар раванди мубориза бо ин хоинон мақомоти давлатиро дастгирӣ намуданд. Далели возеҳи ин гуфта ҳамдастии мардум дар раванди сарнагун кардани ошӯби зиддидавлатии ҳоҷӣ Ҳалим ва безарар гардондани аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар моҳи сентябри соли 2015 мебошад.

Табиист, ки чунин тарзи кор Кабириро хеле «хашмгин» намудааст. Агар номбурда то ин замон бо шикваву фазлфурӯшӣ таваҷҷуҳи мардумро ҷалб кардан мехост, баъд аз муътақид шуданаш ба он ки мардум дигар ба онҳо бовар надоранд, ба таҳқири миллат шурӯъ кард. Намунаи барҷастаи чунин таҳқирсозиро дар сафсатахониҳои охири ӯ метавон мушоҳида кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҷониби мардум набояд бепосух монад. 

муфассал

 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Дигар > Охирин >>

Саҳифаи 6 аз 11
Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо