Home: Public relations
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today3
Week2451
This month1458
Only354921
Video

Forum

Public relations

МУБАШАР ҶОВИД АКБАР: "РОҲБАРОНИ ГУМРОҲИ НАҲЗАТӢ ИМОНРО БА ЗУЛМ ТАБДИЛ ДОДААНД"

13.06.2018

- Тоҷикистон бо терроризм муваффақона мубориза бурд, ғалаба кард ва мавҷи онро дар як давраи ҳассос барҳам дод. Мо бояд маънои ин дастовардро дарк карда, эътироф намоем, ки таҷрибаи нодири Президент ва давлати Тоҷикистон  дар фурӯ нишондани даргириҳои ду даҳсола пеш на фақат таъмини субот дар кишвар, балки наҷоти Осиёи Марказӣ аз ҳузури террористон ва пешгирии тавсеаи ифротгароӣ дар минтақа буд. Тоҷикистон пеши роҳи сироятёбиеро гирифт, ки метавонист Осиёи Марказиро мубтало карда, бо шарикони идеологӣ то баҳрҳои Хазару Сиёҳ ва Ироқу кишварҳои Левант доман занад.

муфассал

 

ТТЭ ҲНИТ. АБЗОРИ ДАСТИ БЕГОНА

13.06.2018

Гузашти замон маълум кард, ки  Ташкилоти террористӣ экстремистии ҳизби наҳзати ислом аслан тавонмандии назарӣ ва амалии саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро надошт ва надорад. Фаъолияти ин ҳизб фаротар аз сатҳи идеологӣ набуду нест. Ин ҳизб, бо вуҷуди ба даст овардани муҷаввизи фаъолияти расмӣ, усулан натавонист ҷойгоҳи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд, аммо, мутаассифона, бо корбурди номи ислом ва суистифода аз эътиқоди мардум то ҳанӯз саъю талошҳои тавтеаангез барои расидан ба  ҳадафҳои сиёсии дастнораси худ мекунад.

муфассал

 

ҲНИТ. ҲАММАСЛАКУ ҲАМПЕШАИ ДИИШ

Дар истинод ба мадракҳои муътамад ва иқрори як қатор сарварони дастгиршудаи ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИТ маълум гардидааст, ки маҳз тавассути ин ҳизби ифротгаро дар байни аҳолии баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ ва муҳоҷирон шабакаи пинҳонии таблиғотӣ ва интиқоли афроди гумроҳшуда ба майдонҳои ҷанги ДИИШ дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон ташкил ва танзим мегардидааст. Аз 1140 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи омори расмӣ дар сафи ”Давлати исломӣ” меҷангиданду меҷанганд, беш аз нисфи онҳо ба воситаи шабакаи мазкур ба муҳорибаҳои хунини ифротгароёни исломӣ ҷалб шудаанд.

05.06.2018

 

ТТЭ ҲНИТ - хатари ҷомеа

05.062018

Ифротгароӣ ва терроризм дин мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани Ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки бо истифода аз Ислом ба чунин мақсадҳои зист роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон, дар назди қонун ҷавоб гӯянд…

Эмомалӣ Раҳмон

муфассал

 

ТТЭ ҲНИТ. АЪЗОИ ОН АЗ АВВАЛ МАҚСАДҲОИ НОПОК ДОШТАНД

30.05.2018

Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни аҳзоби сиёсии кишвар, ҲНИТ ягона ҳизбе буд, ки аз рӯзи ташкилёбиаш ба майдони сиёсат бо мақсадҳои ғаразнок ворид шуда буд. Миёни аҳолии кишвар ҳеҷ вақт нуфуз ва ҷонибдорони худро пайдо накарда, ба фано рафт.

муфассал

 

ТТЭ ҲНИТ - ИЛЛАТИ МИЛЛАТ

30.05.2018

Дастандаркорони фирории ҳизби террористӣ ва мамнуъшудаи наҳзати исломӣ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта, дар кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдаанд, бо ҳар роҳу восита махсусан, бо таълифи хабару мақолоти муғризона тариқи сомонаҳои ифротии интернетӣ кӯшиш доранд, давлату миллати тоҷикро сиёҳ кунанд. Онҳо тариқи пахши ахбори муғризона худро нафарони адолатпешаву ҷоннисори миллат намоиш медиҳанд.

муфассал

 

ТОҶИКИСТОН-МУҚОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ

26.05.2018

Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат

«Террорист-террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ «худӣ» ё «бегона» ва ё «таҳаммулгаро»-ву «тундгаро» буда наметавонад».

Эмомалӣ РАҲМОН

Пас аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» бори дигар собит шуд, ки ҷониби Тоҷикистон доир ба ин мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми назаррас дорад. Президенти кишвар пайваста ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳад, ки барои решакан намудани ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳон чораҳои муассир андешанд. Тавре Пешвои миллат дар конфронси байналмилалӣ иброз дошт, Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

муфассал

 

ҲНИТ: аз моҷароҷӯӣ то терроризм

26.05.2018

Мақоли мардумӣ «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» маҳсули таҷрибаи ҳазорсолаи инсонист ва он талқин мекунад, ки пеш аз сар задани мусибату бадбахтӣ илоҷашро бояд ҷуст ва дуруст тасмимгирӣ кард.  Мардуми тоҷик ва махсусан, қишри зиёиёни ватанӣ, ки аксаран, охири солҳои ҳаштод ва аввали навадуми асри гузашта ҳолати бетарафӣ ва бетафовутиро аз сар мегузарониданд, бар асари ноилоҷӣ ва ё ҷустӯҷӯ накардани илоҷ ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуданд. Маҳз дар ҳамон замон ба қавли мардумӣ амал мебоист кард ва «илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ» мебоист дарёфт. Аммо, чуноне ки мушоҳида кардем, ҷомеа дар ҷустуҷӯи илоҷ беҳавсалагӣ кард ва мушкил андар мушкил фарогири ҷомеа гардид. Давоми қисса медонем, ки ба чӣ анҷомид - ҷанги шаҳрвандӣ сар зада, боиси ҳалоки зиёда аз 150 ҳазор нафар ва тахриби маданият ва иқтисоду иҷтимоиёт гардид. Мусибат ва бадбахтиҳое, ки сари мардум дар он солҳо мисоли сели борон рехт, қабл аз ҳама, ба фаъолияти риёкорона ва худпарастонаи ТТЭ ҲНИТ бастагӣ дошт.

муфассал

 

САЛАФИЯ. АЗ ФИРЕБИ НАЗАР ТО БАРАНГЕХТАНИ ИХТИЛОФОТИ ДИНИЮ ДУНЯВӢ

15.05.2018

Неруҳои ҷонибдори исломи сиёсӣ, ки дар аввали садаи бистум, аниқтараш баъди анҷом ёфтани Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, ба шикасту буҳрони маънавию сиёсӣ дучор шуда буданд, дар солҳои баъдӣ дигарбора тасмим гирифтанд, ки ба хотири татбиқи манфиатҳояшон ба арсаи сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ворид гарданд.

муфассал

 

“Наҳзатиён аз некбиниҳои Ҳукумат сӯиистифода карданд”

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон 31 январи соли равон дар шаҳри Истанбули Туркия бо хабарнигорони шабакаи давлатии телевизионии “ТРТ”, рӯзномаи бахши форсӣ ва туркии агентии давлатии “Анадолу” ва хабарнигори бахши туркии рӯзномаи “Спутник” мусоҳиба орост. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хабар додааст.

муфассал

 

ҲНИТ – сарчашмаи террору даҳшатафканӣ дар Тоҷикистон

16.02.2018

Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири глобалӣ рӯз ба рӯз вазъи куллии сиёсию иҷтимоии қисмати зиёди мамолики Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат ва хурофоти асримиёнагӣ ва сиёсатҳои геостратегӣ ноҳамвор сохта, дарҳамбарҳамиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст ва ин гуна шароит, қабл аз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина нерӯманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд.

муфассал

 

Чанд ғулом наметавонанд «анҷумани озодандешон» таъсис намоянд: ё чӣ гуна наҳзатиҳо «аз беамакӣ харро амак гуфтаанд»?

15.02.2018

Рӯзи гузашта расонаҳои наҳзатӣ эълон намуданд, ки гӯё «гурӯҳе аз шахсиятҳои сиёсии тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд», созмонеро бо номи «Анҷумани озодандешони тоҷик» таъсис намудаанд. Ин номи баланд ва ин даъвои бузург боис шуд, то таваҷҷуҳ намоем, ки ин  «озодандешон» кистанд ва ин иқдом то куҷо ҷиддист? Аммо, афсӯс, ки таҳқиқи масъала чизе бисёр ҳақиртар аз ин ному аз ин даъворо нишон дод. Бинобар ин, зарур донистем, ки баъзе мулоҳизаҳои худро нисбат ба ин «анҷуман» ва муассисони он ироа намоем.

муфассал

 
<< Start < Prev 11 12 13 14 15 Next > End >>

Page 14 of 15
Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ