ПРЕЗИДЕНТ
МАРОСИМИ СУПУРДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ30 08 2018 30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супурданд. |
||
|