Главная страница:
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
ОПРОС
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Статистика
Сегодня282
Недели2244
В этом месяце9241
Всего168033
Видео

Форум

ПРЕЗИДЕНТ

Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

 

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯзҳо мардуми мусулмони олам, аз ҷумла сокинони кишвари мо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон қарор доранд, ки ҳамчун айёми раҳмату мағфират, бахшиши гуноҳҳо, поксозии қалбҳо ва иҷрои амалҳои хайру савоб рӯзи 17-уми май фаро мерасад.

Ба ин муносибат кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди Ватан саломативу саодатмандӣ, сабру таҳаммул ва дар хонадонашон фазои орому осуда ва файзу баракат орзу менамоям.

Барои мусулмонони Ватани мо, ки пайравони мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, ислом нишонаи имондорӣ, таҳким бахшидани ҷаҳони маънавӣ ва такмили одобу ахлоқ ба ҳисоб меравад.

муфассал

 

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”

04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе

Муҳтарам Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид!
Муҳтарам Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо!

Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар оғоз ҳамаи шумо ва ҳайати ҳамроҳатонро ба диёри бостонии Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям.

Чорабинии имрӯза ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз - муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ бахшида мешавад.

Итминон дорам, ки ҳамоиши имрӯза барои муҳокимаи ҳамаҷонибаи масоили марбут ба мубориза алайҳи ин вабои аср ва таҳияву татбиқи иқдомоту тавсияҳои муштараки ҳамоҳангшуда дар ин самт мусоидат хоҳад кард.

муфассал

 

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991 – 2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки
муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо
намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои
таваллуди 1991 – 2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

муфассал

 

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2018 – ро тасдиқ намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2018 рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд.

Рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин ва дар атрофаш Парчами миллӣ ва пайки баҳор - суманак, парасту ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз – 2018» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ инъикос ёфтааст.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи Ҷашни байналмилалии «Наврӯз – 2018» васеъ истифода намоянд.

 

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани соли 2018

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»
эълон намудани соли 2018



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, фармон медиҳам:
1. Соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад.
2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 декабри соли 2017
№977

 
<< Первая < Предыдущая 1 2 Следующая > Последняя >>

Страница 1 из 2
Подпишитесь к нам!

ЭМОМАЛИ РАХМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

МИНИСТР ОБОРОНЫ
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛИ МИРЗО
Спорт

Tорговая площадка