Навид

Вохурии шахсони масъули даъват дар Комисариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Ҳафтаи сипаригашта дар Комисариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ҷамъомад вобаста ба даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ бо иштироки комисарони ҳарбии чаҳор ноҳияи пойтахт, раисони ноҳия ва ҷамоатҳо, шахсони масъули даъват ва намояндгони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилу гузаронида шуд.

муфассал

 

Комисариати ҳарбии шаҳри Истаравшан – робита бо ҷомеа

Масъулини Комисариати ҳарбии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд вохӯрии хешро бо иштироки падару модарон, ҷавонони сину соли даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва аҳли ҷамоатчигии ин минтақа ташкилу роҳандозӣ намуданд. Албатта, мақсад аз он омодаги барои даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ мебошад.

муфассал

 

Ҷамъомади шаҳрвандони дар эҳтиёт буда

Ҷамъомади сафарбарӣ аз тарафи Комисариати ҳарбии ноҳияи Рудакӣ дар пойгоҳи яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа бо ҷалби зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони дорои касбу кори гуногуни дар қайд буда, баргузор гардид.

муфассал

 

Вохӯрии намояндаи Ҳукумати Шоҳмансур бо афсарону сарбозон

Чанде пеш вохӯрии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо афсарону сарбозони Полки таъминотӣ ва идоракунии Вазоарти мудофиа ташкилу ба роҳ монда шуд. Зимни вохӯрӣ масъулин меҳмононро ба ин мактаби мардонагӣ хушомад намуда, тарбияи насли ҷавони кишвар дар рӯҳияи ватандӯстиро вазифаи муҳими ҳар як фарди ҷомеа арзёбӣ намуданд. Сипас, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ин ноҳияи пойтахт, зимни баромади худ дар назди хизматчиёни ҳарбӣ аз дастовардҳои 26-соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ёдоварӣ намуда, ба ин муносибат ҳамаи ҳайати шахсиро шодбош гуфтанд. Ва зимнан таъкид карданд, ки ҷавонони ватанро зарур аст дар ҳама ҳолат баҳри муҳофизати ин сарзамин ва ҳар як порча хоки он омода бошанд.

Ин гуна вохӯриҳо аз ҷониби масъулини сохтору идораҳои алоҳида пайваста бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии Артиши миллии мамлакат ташкилу гузаронида шуда, мақсад аз он пеш аз ҳама баланд бардоштани рӯҳияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҳайати шахсӣ мебошад. Зеро рӯҳияи баланди хизматӣ асоси омодагӣ дар муҳофизат ва мудофиаи халқу ватан мебошад. Дар фарҷоми чорабинӣ суруду мусиқиҳои ватандӯстонаи сарбозон таъби меҳмонон ва ҳамхизматонашонро болида гардонид.

 

Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои заминаи мустаҳками техникӣ ва ҷомеаи меҳнатии корозмуда буда, дар сафи худ садҳо ҳазор аъзои ихтиёриро муттаҳид менамояд. Ниҳоди мазкур барои Қувваҳои Муссалаҳи кишвар ҳазорон нафар ҷавонони синни даъватиро соҳибкасб намуда, ба ҳифзи Ватан равона намудааст.

муфассал

 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Дигар > Охирин >>

Саҳифаи 7 аз 30