01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Главная страница: Структура
ДОБРО ПОЖАЛОВАТЬ НА ВЕБ-СТРАНИЦУ МИНИСТЕРСТВО ОБОРОНЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Статистика
Сегодня9
В этом месяце3622
Всего86638

Структура

САФАРИ ВАЗИР БА ВОҲИДҲОИ НИЗОМИИ ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

Рӯзи 14.12.2013 Вазири мудофиаи мамлакат генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо аз ҷараёни бурду бохт ва вазъи хизматрасонии тиббии масъулини шифохонаи ҳарбии ин ниҳоди қудратӣ, аз наздик шинос гардид. Мувофиқи маълумоти роҳбарияти шифохонаи мазкур, айни ҳол барои муолиҷа ва табобати ҳоҷатмандон, ки шумораи онҳоро беш аз сад нафар ташкил медиҳанд шароити зарури муҳаё буда, дар соли ҷори бемориҳои вазнин низ ба қайд гирифта нашудааст.

Вазири мудофиаи кишвар аз ҳудуд, дохил ва шӯъбаҳои муолиҷавии шифохонаи ҳарбӣ дидан карда, бо ҳайати духтурон ва беморони онҷо суҳбат намуд. Тавре зикр карда шуд, дармонгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои хоби беморон, шароити хизматрасонии тиббӣ дар ин боргоҳи солимгардони муҳаё мебошад. Илова бар ин дар шифохонаи ҳарбӣ мутахассисони варзида, аз ҷумла ду номзади илм, беш аз 10 нафар хатмкардагони Академияи тииби ҳарбии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии мардумии Чин ва духтурони дорои баланди тахасуси фаъолият менамоянд. Дар шифохонаи мазкур ба ғайр аз ҷароҳии майнаи сар дигар тамоми амалиёти солимгардони гузаронида мешавад.

Шерали Мирзо баъди аз назаргузаронии шароитҳои мавҷуда ва зимни суҳбат бо кормандони табобатхона, вобаста ба боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, мутахассисони соҳавӣ ва баҳри беҳдошти шароитҳои муолиҷавӣ ибрози андеша карда, изҳор дошт, ки ояндаи наздик, баҳри муҷаҳаз намудани шифохонаи ҳарбӣ, бо техникаву дастгоҳҳои ҳозиразамони муоинавӣ татбирҳои заруриро амали менамояд.

*** Зимини ворид шудан ба Литсейи ҳарбӣ, Вазири мудофиаи мамлакат нахуст бо афсарону устодон ва донишандузони он вохурӣ ва суҳбат ороста, доир ба нақшаҳое, ки ояндаи наздик дар ин муассисаи миёнаи таълимии ҳарбӣ бояд амали карда шаванд андешарони намуд.

Зимни суханрони инчунин қайд гардид, ки Литсейи мазкур яке муассисаҳои миёнаи таълимии ҳарбиест, ки ҳар як ҷавон баъди ба он шомил гардидан зинаҳои нахустини илми низомиро аз бар менамояд.

Аз ин рӯ, маҳорати касбии устодон, дар синфхонаҳо ҷори намудани техналогияҳои муосир ва бунёди дигар шароитҳои таълимии ҳайати шахсӣ дар самти омузиши дақиқи фанҳои низомӣ бояд дар сатҳи баланд ташкилу ба роҳ монда шавад.

Дар ҷараёни вохури миёни роҳбарияти Вазорати мудофиа, афсарону устодон ва донишҷӯёни ин боргоҳи илм, саволу ҷавоб сурат гирифта, аксари иштирокчиён вобаста ба мушкилоти ҷойдошта посухҳои мушаххас гирифтанд.

Вазъи шароитҳои таълимӣ ва ҳам хизмативу маишии донишҷӯёни Литсеи ҳарбӣ аз мадди назари вазири мудофиаи мамлакат дур намонд. Он рӯз баъд аз вохуриву суҳбат бо масъулину донишҷӯён Шералӣ Мирзо аз хобгоҳ, ошхонаи кушоду барҳаво, синфхонаҳои дарсӣ ва аз дигар нуқтаҳои таълимии Литсеи мазкур шинос гардида, баҳри беҳдошти вазъи таълим, шароити зарурии омузишӣ ва вобаста ба рафии дигар мушкилоти мавҷуда ба масъулини дахлдори Вазорати мудофиа дастуру супоришҳо дод.

**** Дар давоми ҳафтаи равон Вазири мудофиаи мамлакат, инчунин аз ҷараёни корҳои сохтумонӣ, дар бинои Қасри афсарон, ки тибқи нақша бунёди он соле қабл оғоз гардида буд шинос гардид.

Қобили зикр аст, ки дар доираи ҳамкориҳои ҳарби-техникӣ миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии мардумии Чин корҳои сохтумонӣ, барои бунёди Қасри афсарони Вазорати мудофиа, бо маблағгузории Ҷумҳурии мардумии Чин, ҳамчун кумаки бебозгашт ба анҷом расонида хоҳад шуд. Тибқи лоиҳа ва нақшаи корҳои сохтумонӣ, бинои мазкур соли оянда мавриди истифода қарор гирифта, он аз 6 ошиёна иборат хоҳад буд. Ва бинои мазкур вобаста ба корҳои ороишиву меъморӣ аз ҷиҳати зебогӣ дуюмин иншоот дар пойтахти кишвар хоҳад гашт.

 

ҚӮШУНҲОИ ЗУДАМАЛИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа бо Фармони Президенти мамлакат моҳи сентябри соли 2003 бунёд ёфтааст. Бунёди ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар доираи навсозӣ ва бе зиёд намудани шумораи умумии артиши миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Ба ҳайати он ҳама қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъиноти махсус, Полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд.Айни ҳол ҷузъу томҳои Бригадаи десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа ба Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва се баталёни он ба нерӯҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мебошанд.


Ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ин бригада аз рӯи барномаи махсуси таълимӣ фаъолият намуда, омодагии баланди ҷангӣ доранд. Омодагии зиддитеррористии худро ҳайати шахсии ҷузъу томҳои он, дар машқҳои дохил ва хориҷ аз кишвар бо нерӯҳои кишварҳои аъзои Созмонҳои байналмилалии бо мо ҳампаймон мунтазам сайқал медиҳанд. Дар замони муосир қувваи асосие, ки ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таҳдиди хатар мекунад, ин терроризми байналмилалӣ ва экстремизми сиёсӣ аст. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии бунёди Қӯшунҳои зудамал ин ҷорӣ намудани усулҳои нави омодагӣ бар зидди ин гуна нерӯҳо ва дар маҷмӯъ зудамал ва қобили ҷангу ҳарб намудани ҳама Қувваҳои Мусаллаҳ аст. Бо назардошти ин гуна хусусиятҳо ҷузъу томҳои десантии Қӯшунҳои зудамал аз ҷумлаи Қувваҳои эхтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳайати шахсии он барои иҷрои супоришҳои вазнин ва махсусан муҳим пешбинӣ шудаанд.

 

ҚӮШУНҲОИ ХУШКИГАРДИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Раёсати Қӯшунҳои хушкигард дар тобеияти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҳамчун органи роҳбарикунандаи ин навъи ҚМ соли 1997 таъсис ёфт. Вале аксари қисмҳои низомие, ки дар ҳайати он фаъолият мекунанд, аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бунёд ёфта, маҳаки асосии Артиши Миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Қӯшунҳои хушкигард аз сершумортарин навъи Қувваҳои мусаллаҳ буда, 70 дар сади шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар ҳайати Қӯшунҳои хушкигард асосан ҷузъу томҳои низомии савораи тирандоз, танкӣ ва артиллерия фаъолият мекунанд. Ҳамасола қисмҳои низомии ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат машқҳои васеи низомӣ доир намуда, омодагии ҷангии худро пайваста сайқал медиҳанд. Зеро ҳайати шахсии Қӯшунҳои хушкигард ба мисли дигар воҳидҳои низомии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳифзи сарҳадоти заминии кишвар, якпорчагии марзу буми он масъулияти бузургеро бар дӯш доранд.

 

ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИ ҲАВОИИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ҷумҳурӣ аз нахустин навъи Қувваҳои мусаллаҳ ба шумор рафта, он ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошад. Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ бошад, нисбат ба ҚҲҲ ҷавон буда, он соли1994 ташкил ёфтааст. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона, соли 2005 ин ду навъи Қувваҳои Мусаллаҳ муттаҳид гардонида шуданд. Ҳайати шахсӣ ва ҳавопаймою чархболҳои ҷангии ҚҲҲ аз рӯзҳои аввали фаъолияти Артиши миллии ҷумҳурӣ дар ҳифзи сохти Конститутсионии Тоҷикистони навбунёд аз худ саҳми арзандае гузоштаанд.

Мушкилоти ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ ба мисли Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ хеле зиёданд. Чунки ҳавопаймову чархболҳои ҷангӣ ва дигар воситаҳои техникии он арзиши хеле гарон доранд. Барои нигоҳдорӣ ва истифодаи он низ кадрҳои баландихтисос заруранд. Мутахассисони ҚҲҲ ва МЗҲ асосан дар Федератсияи Россия омода мешаванд. Барои таъмини сафҳои ин навъи қӯшун соли 2004 дар Донишкадаи харбии ВМ факултаи авиатсионӣ кушода шуда, хатмкунандагони нахустини он соли 2008 ба ҳайати ҚҲҲ шомил гаштанд. Дар айни замон масоили вобаста ба мутахассисони соҳавӣ ва ҳам заминаҳои моддиву техникии ҚҲҲ мувофиқ ба талаботи байналмилалӣ ва роҳу усулҳои муосири замонавӣ муҷаҳаз гардонида шуда, дар самти омодагии доимии ҷангӣ ва иҷрои дигар вазифаҳои муҳими хизматӣ имкониятҳои зиёдеро доро мебошад. Вазифаи асосии Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоии ҷумҳурӣ бошад, назорат ва таъмини амнияти фазои кишвар ва ҳифзи сарҳадоти ҳавоии Точикистони азиз ва сарҳадоти ҳавоии ҷануби ИДМ аст. Техникаи ҷангӣ ва лавозимоти ҳарбии ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ арзиши хеле гарон дорад ва барои самаранок истифода бурдани он афсарони баландихтисоси дақиқкор лозиманд. Аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои бунёди ин навъи қӯшун ба ҷуз техникаи валангори корношоям чизе боқӣ намонда буд. Ин аст, ки Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоии ҷумҳурӣ танҳо соли 1994 ташкил ёфт. Дар ин муддати кӯтоҳ чи дар омодасозии кадрҳои соҳибихтисос ва чи дар самти баланд бардоштани қудрати ҷангии он корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ ба таркиби Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил аст. Аз ин рӯ, воҳидҳои ҷангии ин навъи қӯшун дар ҳама машқҳои муштараки ин система, ки таҳти унвони «Иттиҳоди ҷангӣ» доир мегардад, пайваста иштирок намуда, бо истифода аз мушакҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ доимо сазовори баҳои баланд мегардад. Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ имрӯзҳо дар навбатдории доимии ҷангӣ буда, он барои назорати фазои кишвар ва марзҳои ҷанубии давлатҳои муштаракулманофеъ низ масъул аст. Кунун ҳавопаймову чархболҳои ҷангию нақлиётии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мушакҳои мудофиаи зидди ҳавоии ВМҶТ бо омодагии баланди ҷангӣ аз замин фазои ҷумҳуриро назорат ва аз фазо сарҳадоти заминии кишварро муҳофизат мекунанд.

 

НАВЪИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶТ

То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се навъи асосӣ, яъне Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ тақсим шудаанд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд. Дар натиҷаи ислоҳоти ҳарбӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, он ҳанӯз идома дорад, корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуд, дар заминаи Колеҷи Олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид карда шуд ва аз ҳама муҳим бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои мусаллаҳ, ё худ Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

 


МИНИСТР ОБОРОНЫ
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛИ МИРЗО
Видео

Спорт