Ба аввал: Ташкилёбӣ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз12
Дирӯз326
Моҳ6102
Ҳамагӣ194957
Наворҳо

Форум

Роҳбарият

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо

Генерал-полковник Шералӣ Мирзо - Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 майи соли 1967 дар деҳаи Гулободи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Ӯ Омӯзишгоҳи олии фармондеҳӣ - муҳандисии қӯшунҳои ракетии шаҳри Перми Федератсияи Россия (соли 1989) ва Академияи умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россияро (соли 2004) бо медали тилло хатм намудааст.

Номбурда солҳои 1994-1995 дар вазифаи афсари калони шуъбаи тайёрии қӯшунии Раёсати омодагии ҷангии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1995-1996 командири Баталёни 7-уми алоҳидаи тирандози савораро ба ӯҳда дошт.

Солҳои 1996-1997 дар вазифаи командири қисми ҳарбии 08014 ва аз моҳи феврали соли 1997 то моҳи ноябри соли 1997 дар вазифаи командири Бригадаи зудамали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудааст.

Солҳои 1997- 2002 бошад дар вазифаи командири қисми ҳарбии 13483-и Вазорати мудофиа адои хизмат намудаст. Аз соли 2002 то соли 2004 Шунавандаи Академияи умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия буд.

Солҳои 2004- 2005 дар вазифаи Сардори ситод-муовини аввали Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2005-2006 Муовини Вазири мудофиа – Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон садоқатмандона адои хизмат намудааст.

Муфассал...

 

Генерал-майор Раҳматзода Мирали Сайфулло - Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Генерал-майор Раҳматзода мирали Сайфулло 20 августи соли 1966 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ӯ Омӯзишгоҳи олӣ- ҳарбии зенитию мушакии фармондеҳии ш. Санкт-Петербург (Ленинград)-ро соли 1987 хатм намудааст. Хизматро аз соли 1987 аз вазифаи командири взводи батареяи зенитӣ-мушакии дивизияи 27-уми Германия cap кардааст.

Муфассал...

 

Генерал-майор Сафарализода Раҳмонали Давлат - Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Генерал-майор Сафарализода Раҳмонали Давлат 6 апрели соли 1969 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1986 ба омӯзишгоҳи олии зенитию мушакии Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ дохил шуда, соли 1990 онро ба итмом расонидааст. Барои хизмат ба бригадаи зенитию мушакии 83-юм фиристонида шуд.

Муфассал...

 

Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майор Саидзода Бобоҷон Абдуқодир

Генерал-майор Саидзода Бобоҷон Абдуқодир 15 апрели соли 1969 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошад.

муфассал

 

Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ - сардори Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ генерал-майор Маҳмадзода Сӯҳроб Талбак

Генерал-майор Маҳмадзода Сӯҳроб Талбак 6 апрели соли 1970 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои 1987 – 1991 омӯзишгоҳи олӣ – ҳарбии танкистии ш. Тошкентро хатм намудааст. Солҳои 1993-1994 дар вазифаҳои командири взвод ва командири ротаи таълимии Донишкадаи ҳарбӣ адои хизмат намудааст. Солҳои 1997-1998 сардори хадамоти бронетанкӣ аз соли 1998 то соли 2002 муовини сардори шӯъбаи аслиҳа ва техникаи ҳарбии Қушунҳои хушкигард хизмат намудааст.

Муфассал...

 
<< Якум < Пешина 1 2 Дигар > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 2
Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо