01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: РОҲБАРИЯТ
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо

Генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо- Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 майи соли 1967 дар деҳаи Гулободи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Ӯ Омӯзишгоҳи олии фармондеҳӣ - муҳандисии қӯшунҳои ракетии шаҳри Перми Федератсияи Россия (соли 1989) ва Академияи умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россияро (соли 2004) бо медали тилло хатм намудааст.

Номбурда солҳои 1994-1995 дар вазифаи афсари калони шуъбаи тайёрии қӯшунии Раёсати омодагии ҷангии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1995-1996 командири Баталёни 7-уми алоҳидаи тирандози савораро ба ӯҳда дошт.

Солҳои 1996-1997 дар вазифаи командири қисми ҳарбии 08014 ва аз моҳи феврали соли 1997 то моҳи ноябри соли 1997 дар вазифаи командири Бригадаи зудамали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудааст.

Солҳои 1997- 2002 бошад дар вазифаи командири қисми ҳарбии 13483-и Вазорати мудофиа адои хизмат намудаст. Аз соли 2002 то соли 2004 Шунавандаи Академияи умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия буд.

Солҳои 2004- 2005 дар вазифаи Сардори ситод-муовини аввали Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2005-2006 Муовини Вазири мудофиа – Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон садоқатмандона адои хизмат намудааст.

Муфассал...

 
Боз саҳифа...
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 Дигар > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 9

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш