11 08 2020

Тоҷикистон – Ватани азизу маҳбубамон дорои табиати нотакрору зебое мебошад. Кӯҳҳои сарбафалаккашида, чашмаву рустаниҳои шифобахш, дарёҳои пурҷӯшу хурӯш, ҳавои софу беғубораш воқеан ҳам, ҳайратовар аст. Дар чунин як сарзамини зебо, ки табиати нотакроре дорад, ба ҳар кас зистан муяссар намешавад. Мо, тоҷикистониён, бояд шукронаи Яздони покро намоем, ки ба мо чунин як кишвари биҳиштосоро насиб гардондааст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар тозаю озода нигоҳ доштани табиати диёри хеш талош варзем.

Табиате, ки ба мо рустаниҳои шифобахш, оби софу зулол, ҳавои тоза мебахшад, ба муҳофизати мо эҳтиёҷ дорад. Бояд ҳар як фард талаботи қонунгузории кишварро дар самти тоза нигоҳ доштану муҳофизати табиат риоя намояд.
9 сентябри соли 1991 Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол ва халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардид. Имрӯз миллати тоҷик ба ҳам омада, давлату миллати хешро саробону пуштибонанд. Ба шарофати далерию хирадмандии фарзанди обрӯманди миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатари бузурги пошхӯрии ин давлат дар ҷанги таҳмилӣ аз байн рафт, ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, фарҳанги азалии мардуми тоҷик тантана кард.
Имрӯзҳо тоҷик миллати бузург ва машҳури ҷаҳон аст. Тоҷикон даст бар даст ниҳода, садҳо иншооти бузург месозанд, НБО "Роғун" - ро бунёд мекунанд. Дар бунёди ин иншоот, ки бо азми далеронаи Сарвари давлат оғоз гардид, тамоми мардум саҳмгузоранд, ҳатто тоҷикони берунмарзӣ, ки низ мадади хешро барои ободонии ватанашон дареғ намедоранд. Мехоҳам садо кунам:
Тоҷикистон, меҳри покат дар дилу ҷони ман аст...
Дастовардҳои мардуми тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолӣ беҳисобанд. Дастоварди навин он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» барои соли 2020 аз ҷониби мутахассисони ҷаҳонӣ оид ба рушди соҳибкорӣ кишвари беҳтарин эътироф гардид.
Таваҷҷуҳи хоссаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои дар ин самт амалигардида, татбиқи ислоҳоти назаррас дар мамлакат оид ба содагардонии расмиёт ва муқаррар намудани имтиёзу сабукиҳо барои соҳибкорон, ҳамкории судманди Ҳукумати мамлакат бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шароит фароҳам оварданд, ки дар натиҷагирии солонаи лоиҳаи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ, ки танзими давлатии фаъолияти соҳибкориро дар кишварҳои ҷаҳон арзёбӣ менамояд, Тоҷикистон бори дигар ба даҳгонаи кишварҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил шавад.
Ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро чун кишвари рушдёбанда эътироф кардааст ва мо бояд мисли ангуштҳои як даст, гулҳои як боғ, фарзандони як модар барои машҳур кардани номи кишвар талош кунем.
Сари таъзим фуруд меорам ба мардуми шарифу бузурги ин сарзамин, ба обу хоку гулу гиёҳ. Бешубҳа, меболам аз он, ки ман низ як фарди меҳрпарвари ин сарзаминам. Тоҷикаму чун миллати барӯманд ифтихор дар ҷаҳон дорам. Насли поки оли Сомонаму дар дил меҳру муҳаббат, покдиливу самимият ва ору номуси бузургро мепарварам.
Бигардӣ гирди олам кай биёбӣ,
Биҳиште чун замини Тоҷикистон.
Миллати тоҷик дар ҳама давру замон қадру қимат ва манзалати баланд дошт. Ҳоло низ ҳамарӯза дар пешравӣ, инкишоф ва нашъунамост. Хушбахт он фардест, ки тоҷикмиллат аст, зеро ифтихор аз бузургони хирад чун Рӯдакиву Мавлоно Хайём, Айниву Турсунзода ва амсоли онҳоро дорад.

Соҷида САЪДУЛЛОЕВА,
омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб
ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз