07 08 2020

 

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 11 октябри соли 2020,  таъйин карда шавад. Чунин омадааст дар қарори якҷояи  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз  зимни ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум,  қабул гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар»  гузориш медиҳад,  ба рӯзномаи  ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, масъалаҳои зерин: 1. Тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи аз вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  озод намудани Олимзода Н. Х.»; «Дар бораи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Абдуллозода Ҷ. А.»,
2. Дар бораи таъйини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дохил карда шуданд.
Дар фарҷоми ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои якҷояи   Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд.