03 08 2020

Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2020 пешбинӣ гардидааст, аз 2 то 5 августи соли 2020 дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон бо ҷалби қӯшунҳои гарнизони Хоруғ ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ, бо тирпарронии ҷангӣ баргузор мегардад.

Ин чорабинии муҳими низомӣ дар се марҳила, дар машқгоҳҳо ва минтақаҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ҷараён гирифта, ба он беш аз 10 ҳазор нафар ҳайати шахсии сохторҳои қудративу мақомоти давлатии ин гарнизон ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи ин минтақа ҷалб карда мешаванд.

Дар назар аст, ки тибқи нақша ба машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии қӯшунҳои гарнизони Хоруғ дар баробари ҷалби ҷузъу томҳои пиёданизом ва таъиноташ махсуси сохторҳои қудратӣ, инчунин, ба он авиатсияи ҷангӣ, силоҳу муҳимоти мухталифи сабуки оташфишон, 300 адад техникаҳои зиреҳпуши ҳарбӣ, артилерияҳои навъашон гуногун, автомашинаҳои махсуси низомӣ ва боркашу нақлиётӣ истифода мешаванд.

Илова бар ин дар доираи баргузории машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ Ситоди муштараки идории қушунҳо ташкил карда мешавад, ки захираи эҳтиётии даъватшавандагон, техникаҳои хоҷагии халқ ва умуман лавозимоте, ки барои баргузории ин чорабинии муҳими низоми заруранд ва мувофиқ ба эҳтимолияти замони ҷанг пешбини шудаанд мавриди санҷиш қарор дода мешаванд.

Ин чорабинии муҳими низомӣ, аз ҷониби Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ташкилу ба роҳ монда шуда, ҷараёни баргузории тамоми марҳилаҳои нақшавии он аз тарафи вазири мудофиаи ҶТ назорат ва баҳогузори карда мешавад.

Тибқи нақша дар назар аст, ки марҳилаҳои ниҳоии машқҳои муштараки амалиётӣ- стратегии қӯшунҳои гарнизони Хоруғ, рӯзи 5-уми август бо ташкили паради ҳарбӣ ва гузашти низомии ҷузъу томҳои сохтору мақомоти давлативу қудратии ВМКБ ҷамбаст ва натиҷагири карда шавад.

Ҳадафи баргузории ин чорабинии низомӣ дар гарнизони Хоруғ ин сайқал додани ҳамоҳангӣ ва таҷрибаи ҳайати шахсии сохторҳои низомии мамлакат дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ, сафарбарии қӯшунҳо ва доир кардани унсурҳои мухталифи зиддитеррористиро дар минтақаҳои масъулиятноки сарҳадӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ дар бар мегирад.

полковник Ф. Маҳмадлизода, сардори
Маркази матбуоти Вазорати
мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон