04 05 2020

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Э.Раҳмон дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни аҳолӣ бомақсади пешгирӣ ва сироят наёфтан аз бемории карона вирус ё худ Ковид -19 ва тадбирҳои безараргардонии кучаву хиёбонҳо масъулини Вазорати мудофиаи кишвар низ чораҳои заруриро амалӣ менамоянд.

Масъулини Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали Артиш Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирӣ ва сироят наёфтан аз бемории сироятии нави коронавирус яъне Ковид-19 ҳама тадбирҳои заруриро роҳандзоӣ менамоянд. Аз ҷумла дар доираи фаъолияти Ситоди Вазорати Мудофиа оид ба пешгирии сироятии Каронавирус аз Дастгоҳи марказиву Ситоди генераӣ шурӯъ гардида, дар ҳудуди ҳама қисмҳои низомии навъҳои қӯшун ва ҳатто машгоҳҳои дурдасттарин чорабиниҳои санитариву гигинӣ дар ҳама бинову иншооти аҳамияти ҳарби дошта пурзур гардонида мешаванд.

 

Дар баробари гузаронидани чорабиниҳои санитариву гигиенӣ дар ҳудуди қисмҳои низомӣ инчунин масъулини ин ниҳоди қудратӣ тариқи техникаҳои махсуси зиддисироятӣ, дар кучаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе чораҳои зиддисироятиро амамӣ менамоянд.

Ҳамзамон аз ҳисоби ҳайати шахсии Вазорати Мудофиаи кишвар гурӯҳҳои махсус омода кардашуда, дар кучаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва назди биноҳои истиқоматии шаҳрвандони пойтахт, бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро бомақсади пешгирӣ аз сироятии ин беморӣ ташкилу бароҳ мондаанд. Маҳз бо мақсади сироят наёфтан аз ин беморӣ дар кучаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳои фарҳангӣ, наздики 5000 ниқобҳои тиббӣ, ки аз ҷониби Раёсати корхонаи дузандагии истеҳсоли амволи ҳарбии ВМҶТ коркард ва истеҳсол гардидааст ба сокиниони шаҳри Душанбе ва меҳмонони пойтахт тақсим карда шуда, раванди тақсимоти ниқобҳои тиббӣ аз ҳисоби захираи ин ниҳоди қудратӣ ҳанӯз идома дорад.

 

Сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

подполковник Ориф Нозимиён