Home: Public relations Ҳадафи бадхоҳон - таҳдид ва бесуботӣ дар ҷомеа
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today43
Week2491
This month1498
Only354961
Video

Forum

Ҳадафи бадхоҳон - таҳдид ва бесуботӣ дар ҷомеа

26 03 2020

505

Ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, дар ибтидои асри 21 хислати ҷаҳонӣ касб карда, хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардааст. Ифротгароӣ кирдори мураккаби сиёсию иҷтимоӣ буда, он дар ҳар давру замон ва ҳар навъи давлату сохтори иҷтимоӣ вобаста аз таҳдиду хатарҳои он бархӯрд шудааст. Заминаҳо ва омилҳои бавуҷудоии ифротгароӣ гуногун буда, гоҳо онҳо аз дохили як кишвари муайян зуҳур мекунанд ва гоҳо барои ривоҷи онҳо аз хориҷ дастгирии молиявӣ пайдо мекунанд. Ифротгароӣ вобаста аз хусусияташ навъҳо ва шеваҳои гуногунро дорост, вале дар робита ба кишварҳои Шарқи Наздику Миёна ифротгароии динӣ ва мазҳабӣ бештар ба назар мерасад.

Дар баробари ин, ба ҳама возеҳ аст, ки замони мо замони зуҳури фаъоли нерӯҳои тахрибкор, замони таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши маънавии ҷомеа ва амалҳои дигари номатлуб низ мебошад. Ифротгароии динӣ дар аксари мамолики шарқи мусалмонӣ васеъ густариш ёфтааст, ки он дар бисёри маврид ҳамчун василаи фишор ва амалӣ намудани манфиату хоҳишҳои давлатҳои абарқудрат дар ин манотиқ ба кор бурда мешавад. Заминаҳои асосии ифротгароӣ бесаводӣ ва таассуб аст. Нодонӣ ҳамеша дар пайи худ ҷаҳолату бозмондагиро ба бор меорад. Вобаста ба ин ки ҳассосияти динӣ дар ҷомеаҳои аксаран бошандагонаш мусалмон баланд аст, ҳамин вижагиро қудратҳои ҷаҳонӣ барои амалӣ намудани манфиатҳояшон мавриди истифода қарор медиҳанд ва доимо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ин омилро ҳамеша ба манфиаташон роҳандозӣ созанд. Сармоягузорӣ ва қароргоҳи аксари ҳизбу ҳаракатҳое, ки хислати ифротгароиву террористӣ доранд, дар хориҷ аз кишвар сурат мегирад. Таассуби динӣ дар ҳама давру замонҳо Шарқро аз рушду такомули фарҳангию иҷтимоӣ боз доштааст. Сабаби ҳамаи ақибмондагӣ ва ҷаҳолат таассубу нодонӣ будааст. Таассуби динӣ дар асрҳои миёна боис шудааст, то аксари дастовардҳои илмии нобиғаҳои гузаштаи миллат, аз қабили Фирдавсию Сино, Берунию Розӣ, Тӯсию Хайём ва садҳои дигар натавонистаанд таъсири воқеии хешро дар пешрафти ҷомеа дошта бошанд. Аз тарафи дигар, аксари нобиғагони зикршуда доим дар замони зиндагии хеш зери таҳвину таҳрими мутаассибони замони хеш қарор гирифтаанд, ки он сабаб шудааст то эшон ҳамеша дар ғурбату ҳиҷрат ба сар баранд ва имконияти фитрӣ ва зеҳни хешро натавонистаанд, сарфи пешбурди рӯзгори мардум гардонанд.
Дар вазъияти феълӣ табақаи зиёӣ, ки аслан пешбурди ҷомеа бар дӯши эшон аст, бояд худро дар канор нагирифта, якҷоя бо ниҳодҳои давлатӣ баҳри даври худ овардани мардум, бунёди ҷомеаи пешрафтаи озоди шаҳрвандӣ кӯшиш кунанд, он гоҳ ҷомеа қодир мегардад худро аз таъсири андешаҳои ҷаҳолатситез ва таассуби динӣ ҳифз кунад.

Масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.

Шарифзода Розибек Иди, сардори ШВКД дар н.Сангвор

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ