Home: Public relations ИҚТИСОД БЕ ИЛМ БЕ РАВНАҚ АСТ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today45
Week2493
This month1500
Only354963
Video

Forum

ИҚТИСОД БЕ ИЛМ БЕ РАВНАҚ АСТ

26 03 2020

 

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳо ва ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои илму маориф, ҳунаромӯзӣ, ватандӯстӣ,  хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба гузаштагони пурифтихорамон диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Бавижа, масоили донишандӯзӣ ва баланд бардоштани савияи илмомӯзии насли наврас ва  ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат қарор доранд.
Дар Паёми навини худ ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2019) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ин масъала дахл карда, аз мо – кормандони соҳаи маориф даъват ба амал оварданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонда, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоем, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшем ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир созем. Ва ба хотири  тавсеаи тафаккури техникии насли наврас, инчунин боз ҳам баландтар  бардоштани сатҳи дониши онҳо пешниҳод карданд, ки солҳои 2020 – 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шавад ва чанде пеш вобаста ба ин фармони дахлдор ба тасвиб расид. Мо – омӯзгоронро зарур аст, ки баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххасу муассир андешем ва дар ҷодаи таълими наврасону ҷавонон аз усулҳои ҷадиду муосир ва таҷрибаи пешрафтатарини ҷаҳонӣ истифода барем. Ҳоло чуноне ҳама шоҳидем, дар ҷаҳони имрӯза авлавият ба илму технология дода мешавад ва онҳо бо суръати кайҳонӣ рушд мекунанд, зеро танҳо ба ин васила метавон дар кӯтоҳтарин фурсат ба пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ комёб гашт.
Ҳамзамон, ҷавононро низ мебояд баҳри аз бар  намудани илмҳои замонавӣ ва технологияи муосир тамоми кӯшишу ғайрати худро равона созанд. Чунки фақат шахси соҳибмаърифат метавонад дар зиндагӣ муваффақ бошад ва барои ояндаи неку дурахшони Ватани маҳбуби худ хидмат намояд. Ин ҳама маъниҳои пурмазмун ва ояндасоз аз нуктаҳои ҳикматбори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд ва вазифаи ҷонии ҳар яки мост, ки ҷиҳати амалӣ гаштани онҳо саҳми арзандаи хешро бигузорем.

Дилором АШУРОВА,
омӯзгори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон
ба номи Сотим Улуғзода, доктори илмҳои педагогика


Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ