Home: Public relations "САФЕД – ДАРА". БЕҲТАРИН МАКОНИ САЙЁҲӢ ВА ВАРЗИШИ ЗИМИСТОНА
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today31
Week2479
This month1486
Only354949
Video

Forum

"САФЕД – ДАРА". БЕҲТАРИН МАКОНИ САЙЁҲӢ ВА ВАРЗИШИ ЗИМИСТОНА

26 03 2020

 

Маҷмааи кӯҳию лижаронӣ ва сайёҳии «Сафед – Дара» соли 1975 дар мавзеи Сафедораки ноҳияи Варзоб бунёд шуда, баъди таъмиру навсозӣ дар замони истиқлолият ба яке аз беҳтарин маконҳои истироҳатӣ ва машқу тамрини намудҳои гуногуни варзиши зимистона мубаддал гашт. Ҳоло маҷмаа тамоми сол ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонад. Соли ҷорӣ аз ин макони дилфиреб зиёда аз 2500 сайёҳи ватаниву хориҷӣ дидан намуд.

Ҳанӯз соли 2016 Пешвои миллат зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи маҷмаа таъкид намуда буданд, ки мавзеи хушманзараи Сафедорак дорои имкониятҳои васеъ дар самти истироҳату фароғат,  рушди туризми сайёҳӣ ва варзишӣ буда, Сафед – Дара ягона машқгоҳи варзишии зимистонаи кишвар аст, ки ҳар сол ба он қариб се ҳазор сайёҳону варзишгарони дохиливу хориҷӣ ташриф меоранд.
Барои ба мавзеи фароғатию варзишӣ табдил додани «Сафед – Дара», ҷалби бештари сайёҳон ва фароҳам овардани шароити созгор ба сайёҳу меҳмонон, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сафед - Дара» ҳамаҷониба талош дорад. Аз ҷумла, дар ин муддат роҳи автомобилгарди Пугус - Такоб – Сафед – Дара ва 17 километр роҳи дигари ин мавзеъ, ки солҳои пеш ҳолати ногувор дошт, дар муддати кӯтоҳ барқарор ва навсозӣ шуд. Инчунин, баъди навсозӣ дар маҷмаа ду роҳи танобӣ дар масофаи зиёда аз 2000 метр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дорои 140 воситаи омадурафти одамон (бугел) мебошад. Роҳҳои танобӣ бо воситаҳои муосири равшанидиҳӣ муҷаҳҳаз буда, барои истифодабарӣ шабонгоҳ низ созгоранд. Бо мақсади васеъ намудани хизматрасониҳо ва ҷалби бештари мизоҷон маҷмаа истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакона боз намуд. Истироҳатгоҳ барои кӯдакону наврасони аз 7 то 17 - сола пешбинӣ шуда, аз тариқи шартномаи тарафайн амал мекунад.  Истироҳату машғулияти кӯдак дар асоси барномаи махсус бо ҷалби мураббиёни ботаҷриба гузаронда мешавад. Кӯдакону наврасон аз хизматрасониҳои роҳи танобӣ, зиплайн, парки арғамчинӣ, велосипедронӣ, кӯҳнавардии сунъӣ (скалодром), багги истифода бурда метавонанд.
Бояд гуфт, ки тарабхона, майдонҳои бозиҳои зимистонаи кӯдакона,   конкию хоккей, аспсаворӣ, лижаронӣ, сноуборд, парки арғамчинӣ, сноутюб, зиплайн, котеҷҳо, барбекю, пентбол, кинотеатр, иншооти роҳи танобӣ аз ҷумлаи чизҳои дидании ин макон ба ҳисоб мераванд.
Барои рушди варзиши лижаронӣ дар мамлакат маҷмаа барои гузарондани намудҳои варзиши зимистона, аз қабили лижаронӣ ва сноуборд шароит фароҳам овардааст. Майдони бозиҳои рӯйи ях дар таърихи навини варзиши Тоҷикистон таҷрибаи нахустин буда, имкон медиҳад, ки ин намуд ба варзиши оммавӣ табдил ёбад. Баробари фаъол гаштани кори маҷмааи сайёҳию варзишӣ Ассотсиатсияи миллии намудҳои варзиши зимистонаи кишвар эҳё гардида, дар баргузории мусобиқаҳо саҳмгузор аст. Аз ҷумла, соли равон бо ташаббуси ассотсиатсияи мазкур ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 3 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 5 мусобиқаи мактаби кушода оид ба лижаронӣ гузаронда шуд. Инчунин, дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз низ баргузории чунин навъи мусобиқаҳо дар назар аст. Боиси тазаккур аст, ки иқлими мусоиду мавқеи ҷуғрофии маҷмаа имкон медиҳад, ки варзиши лижаронӣ то охири моҳи май давом кунад.
Баҳри фароҳам овардани шароити мусоидтар ба сайёҳону мизоҷон ҶСП «Сафед – Дара» саъю талош дорад. Тавре Баҳодур Исҳоқов, директори маҷмаа,  зимни суҳбат  иброз дошт, дар ояндаи наздик маҷмаа зиёда аз 300 нафар сокини деҳоти гирду атрофро ба ҷои кори доимӣ фаро мегирад.
Мавриди зикр аст, ки маҳз бо дастгириҳои Сарвари давлат дар як муддати кӯтоҳ мавзеи лижаронӣ ва сайёҳӣ ба маҷмааи нотакрори истироҳатию сайёҳӣ ва варзишии муосир табдил ёфта, дар пешрафти иқтисоди сайёҳӣ, варзиш ва солимии ҷомеаи кишвар нақши арзанда мегузорад.

Мафтуна НУРИДДИН, «Ҷумҳурият»

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ