Home: Public relations САРАЗМ. ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР КОВИШҲОИ БОСТОНШИНОСӢ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today17
Week2465
This month1472
Only354935
Video

Forum

САРАЗМ. ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР КОВИШҲОИ БОСТОНШИНОСӢ

18 03 2020

 

Имсол ба донишҷӯёни бахши таърихшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ муяссар шуд, ки нахустин бор бобати таҷрибаомӯзӣ ба Саразми бостонӣ сафарбар шаванд. Ташаббуси мазкур дар се қисмат амалӣ  шуда, донишҷӯён, пеш аз ҳама, бо лавозимоти зарурӣ, ҷойи зисту истироҳат таъмин шуданд.
Дар натиҷаи ковишҳои археологӣ донишҷӯён хандақеро ошкор карданд, ки дар дохили он устухони ҳайвонот, пораҳои сафолии зарфҳои гуногун мавҷуд буд. Аз нигоҳи бостоншиносон чунин хандақҳо ба хотири тоза нигоҳ доштани шаҳр сохта мешуданд ва аз маданияти баланди шаҳрдории саразмиён гувоҳӣ медиҳад. Пайдо намудани якчанд асбобу олоти кишоварзӣ, аз ҷумла каланди чӯбин, дос, васоити ҷуфтронӣ гувоҳи он аст, ки мардуми Саразм дар соҳаи кишоварзӣ низ намуна буда, ба парвариши ҳар гуна зироат, бахусус, гандуму ҷав  машғул мешуданд ва дар баробари ин чорводорӣ ҳам мекарданд.
Косахонаи сари навраси 6 - 7 сола, ки донишҷӯён дар рафти таҷрибаомӯзӣ пайдо  намуданд, арзиши баланди таърихӣ дошта, мутобиқи фарзияи бостоншиносон таърихи 3000 - 3500 сола дорад. Якчанд  нигора ва сафолпораҳои дарёфтнамудаи онҳо низ дар оро додани гӯшаи  осорхонаҳо намунаи барҷаста ба ҳисоб мераванд.  Таърихи Саразм аз ҳазорсолаи IV  пеш аз милод сарчашма мегирад. Тарҳи шаҳр нақшаи муайян надошта, мисли шаҳрҳои ҳамзамони худ, ба хотири дифоъ аз душман девори истеҳкомӣ надоштааст. Аз рӯи тадқиқот, маълум шудааст, ки саразмиёни қадим ба дини зардуштӣ гароиш дошта, маъбади оташпарастӣ барояшон муқаддас  маҳсуб  меёфт ва пайдо гардидани оташкадаҳои мудаввар ва чаҳорпаҳлу аз ин гуфтаҳо шаҳодат медиҳанд.
Ёфт шудани зеваролот, ки аз сангҳои қиматбаҳо, ба мисли фирӯза, ақиқ, лоҷувард таҳия шудаанд, кӯраҳои маъдангудозӣ ва қолабҳои рехтагарӣ, асбобу олоти меҳнат, васоили бофандагӣ, сафолпораҳои гуногуни зарфҳо ва дигар аснод шоҳиди онанд, ки соҳаҳои филизгудозӣ, ҳунармандӣ, кулолӣ ба авҷи тараққӣ расидааст. Тиҷорат низ рӯ ба инкишоф ниҳода, робитаҳои тоҷирони Саразм бо кишварҳои атроф, бахусус бо Бадахшон, Эрони қадим, мамолики соҳили халиҷи Форс рушд кардааст. Муҳри сангӣ, ки  таҷрибаомӯзон дар шурфи 13 - уми макони ҳафриёт пайдо намуданд, воситаи махсусе буд, ки тоҷирон онро бобати тасдиқи додугирифти мол фаровон истифода мебурданд. Муҳр ба давраҳои неолит ва энолит мансуб буда, шакли мураббаъ дорад ва дар чаҳор кунҷи он хатҳои нозук мавҷуд буда, дар марказаш сӯрохӣ мавҷуд аст. Тибқи шаҳодати доктори илмҳои таърих Саидмурод Бобомуллоев, бозёфти мазкур ёдгории беназир ба ҳисоб меравад.
Суоле ба миён меояд, ки бостоншиносон  синни шаҳрро  чӣ гуна муайян карданд? Дар ибтидо онҳо муқаррар намуданд, ки Саразм чаҳор давраи ҳаётро аз сар гузарондааст: давраи нахуст  солҳои 3500 - 3200 то мелод, давраи  дуввум  солҳои 3200 - 2900 то мелод, давраи сеюм солҳои 2900 - 2700 то мелод ва давраи ниҳоӣ солҳои 2700 – 2000 - ро дар бар мегирад ва мутобиқи  ҷадвали  мазкур  муқаррар карда шуд, ки синни ин куҳаншаҳр ба 5500 сол мерасад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мероси таърихии кишвар, хусусан Саразми бостон,  диққати махсус зоҳир намуда, дар худшиносии миллӣ  аҳамият доштани ёдгориҳо ва осори таърихиро ҳамеша таъкид менамоянд. Имрӯз вобаста ба таҷлили ҷашни 5500 - солагии Саразм, ки соли 2020 баргузор мегардад, корҳои ободонӣ дар ин мавзеъ бомаром идома дорад. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон куҳаншаҳри Саразм мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон гардида, бобати ҳифзу нигаҳдошти нигораҳо осорхона бунёд мегардад. Ҳудуди минтақа деворбандӣ шуда, бобати гузарондани ҳамоишҳои илмӣ нақшаву чорабиниҳо дар назар аст.

Ҷ. МАРДОНЗОДА,
М. ШАРИФОВ,
устодони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ