Home: Public relations Хатари умумиинсонии терроризм ва экстремизм
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today4
Week2452
This month1459
Only354922
Video

Forum

Хатари умумиинсонии терроризм ва экстремизм

04 03 2020

Ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини ин сарзамин буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон мунтазам пеш рафта, суботу амнияти мардуми кишвар таъмин гаштааст.

Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад.
Ба муқовимати ҳамаҷониба нигоҳ накарда, дар замони ҳозира ин намуди ҷиноятҳо ҳамоно зиёд шуда истодаанд, ки онҳо метавонанд ба истиқлолият ва амнияти ҳар давлат хатар эҷод кунанд. Имрӯзҳо дар чандин кишвари мусулмонӣ бар асари дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ манзилҳои зисти аҳолӣ, шаҳрҳо ва ёдгориҳои чандинҳазорсола сӯхтаву валангор шуда, ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд.
Борҳост, ки Пешвои миллат вобаста ба низоми нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои глобалии ҳалталаб, аз ҷумла терроризму экстремизми динӣ дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат ва суханронӣ намуда, ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намудаанд. Натиҷаи таъкид ва огоҳии саривақтии Сарвари давлат буд, ки садҳо нафар волидони ғофил аз ҳолу аҳволи фарзандонашон, ки дар таълимгоҳҳои ифротгароии динӣ ва террористии кишварҳои хориҷӣ қарор доштанд, ба изтироб афтода, барои бозпас омадани онҳо чораҳои қатъӣ андешиданд. Аммо боиси таассуф аст, ки ҷавонони гумроҳ ва бехабар аз аслу нажод ва эътиқоди динии ростгаро дар байни ҷомеаи мо аҳён-аҳён пайдо гашта истодаанд. Онҳо ба доми фиреб афтода, беҳтарин атои Офаридгор – ақли худро ба ҳилаю найрангҳои муғризона ва хоинонаи душманони миллату давлат бохтаанд. Заъфи зиракии сиёсии ҷавонон, арҷ нагузоштан ба арзишҳои миллӣ, расму оини миллӣ, муқаддасоти динӣ ва ғайра ба бадхоҳон имкон медиҳад, ки сафи тарафдорони худро афзун намоянд. Тавре Пешвои миллат изҳор доштанд: “Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани дини мубини Ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба номи дини мубини Ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст”. Таҳлили ҷараёни вазъи вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм (ифротгароӣ) гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналмилалӣ ба минтақа таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва глобалӣ пайдо мекунад. Дар чунин шароит Тоҷикистон дар ҳудуди кишвар ва ҷаҳон ташкил додани системаи муассири мубориза бар зидди экстремизмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад.

Имрӯз дар ҷаҳон садҳо ҳизб, созмон ва ҳаракатҳои иртиҷоӣ номи исломӣ гирифта, барои ба сари қудрати сиёсӣ ва ҳокимияти давлатӣ омадан неруҳои имониро дар ҳамин самт суиистифода мекунанд. Худованд дар Қуръони карим мусалмононро ба ваҳдат, ягонагӣ ва дур будан аз парокандагиву нифоқ даъват намудааст. Аммо бар хилофи ин маънии Қуръон дастгоҳ, гурӯҳ, ташкилот ва афроди мансабхоҳ садҳо созмон ва ҳаракатҳои фитнаангезро дар байни уммати исломӣ таъсис дода, ба онҳо номҳои исломӣ гузоштаанд, то аҳли имон аз нақша ва барномаҳои ҷаҳонсӯзашон воқиф нагарданд. Ҷавонони ноогоҳу ғофил ба доми пешвоёни каззоб, воизони нопок ва мубаллиғони созмон ва ҳаракатҳои иртиҷоӣ афтида, қурбони дасиса ва ақидаи ботили онҳо мегарданд.
Имрӯз мушкилӣ дар он аст, ки бинобар бехабарӣ ва заъфи иттилооти динӣ-мазҳабӣ баъзе аз ҷавонон андешаҳои заҳрогин ва хатарзои ифротгароёнро ҳамчун ормонҳои исломӣ ва роҳи наҷоту саодати худ пазируфтаанд. Бисёре аз ҷавонони камтаҷриба ва бехабар аз дин барои дарёфти ормонҳои исломӣ ва имонии худ ба равияҳои “Салафия”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ” ва “Рофизия” ворид гаштаанд.
Ба хотири ҳифзи Истиқлолият, Ваҳдат, Ватани азизамон ва муқаддасоту арзишҳои инсонмеҳварии фарҳанги миллию мазҳабӣ имконият дорем, ки сирру асрори ҳаракатҳои тахрибкор ва ҳадафҳои ботил ва афкори номашрӯъашонро дар ҷомеа ошкор созем, то шаҳрвандони азизамон аз оқибатҳои хатарноки онҳо дар амон бошанд.

Файзизод Хуршед Ғуломалӣ,

полковники милитсия.

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ