Home: Public relations ПАЁМ. МО БОЯД САРҶАМЪУ МУТТАҲИД БОШЕМ!
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today60
Week2816
This month9492
Only338404
Video

Forum

ПАЁМ. МО БОЯД САРҶАМЪУ МУТТАҲИД БОШЕМ!

11 02 2020

Дар моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ номида шудааст ва ин моҳиятан онро ифода мекунад, ки  сиёсати  давлатӣ, асосан,  ба  беҳбуди шароити зиндагии ҳар як шахс равона  шудааст. Аз ин лиҳоз, дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олӣ низ таъкид шудааст, ки « …мақсади ниҳоии қонунҳои қабулкардаи Парламент, фармону амрҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат аз он иборат аст, ки пешрафти давлат, ободии Ватан ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон таъмин карда шавад».
Иҷтимоиёт ҷузъи таркибии иқтисод буда, натиҷа ва ҳадафи ниҳоии он дар ташкил ва таъмини дараҷаи ҳаёт, ҳифзи саломатӣ, бехатарӣ ва  қонеъгардонии ниёзҳои шахс ифода меёбад. Дар солҳои охир рушд  додани самтҳои иқтисоди ҷумҳурӣ ба баланд шудани сатҳу сифати зиндагӣ ва даромади пулии аҳолӣ, музди меҳнат, бақияи пасандозҳо, дарозумрӣ   ва  коҳиши фавти  шаҳрвандон  мусоидат намуд. Дар умум, тавре дар Паём омадааст: «Рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард расидааст».
Воқеан, бо афзоиш додани маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ, кишоварзӣ ва сайёҳии кишвар, бо вусъати гардиши савдо ва хизматрасониҳо дар бахши хусусӣ, бо истифода ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020  ба 87,4 миллиард сомонӣ расонда  мешавад. Талаботи дунёи муосир, яъне ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва дар асоси он қабул ва амалӣ намудани барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар то соли 2025, вазифаи  наздиктарини ҷомеаи мо хоҳад гашт. Сиёсати давлат дар соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар ояндаи наздик ба боло бурдани суръати истеҳсоли маҳсулоти гуногуншакли саноатии содиротӣ, бо таъсиси сомонаҳои интернетӣ ва муаррифии ин маҳсулот, таҳияи барномаи рушди содирот барои солҳои 2021 - 2025, ҳавасмандгардонӣ ва аз байн бурдани монеаҳо дар сиёсати пуливу қарзӣ ба рушди устувори иқтисоди миллӣ ва афзоиши содирот равона мегардад.
Саноатикунонӣ чун ҳадафи навбатии стратегии давлатамон устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани иқтидори содиротии мамлакатро дар асоси ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми ватанӣ дар бар мегирад. Барои иҷрои ин ҳадаф, рушди  соҳаи энергетика ва амалишавии нақшаҳои оянда дар ин самт  хеле  муҳим буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода дорои имконоти зиёд аст.
Дар Паём иҷрои масъалаҳои муҳим - пешбурди фаъолияти стандартӣ дар соҳаи сохтмон, меъмориву шаҳрсозии муосир, таҷдиду навсозии роҳҳо, нақбҳо, рушди устувори деҳот, раванди сайёҳӣ, тайёр намудани мутахассисони технологияи муосир, забондон, тарҷумонҳо, фарҳангшиносон, таърихдонҳо, тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ  ва бо ин роҳ табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ва сайёҳӣ ба миён гузошта шудааст.
Соҳаи илму маориф, ки дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ дорад, зери диққати доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Тибқи Паём боз ҳам баланд бардоштани сатҳи сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, азхудкунии донишҳои муосир, китобхонӣ, сайқал додани қобилияти эҷодии муҳассилин, таълими  стандартии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ бо гузарондани олимпиадаҳо ва ташаккули тафаккури техникии насли наврас дар асоси Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, солҳои 2020 - 2040», омилҳои  муҳим дар ташаккули насли муосир ба ҳисоб мераванд..
Таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, густариши демократия,  ҳифзи амнияти давлатӣ, таъмини рушди устувори иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар аз рукнҳои бунёдии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳсуб ёфта, амалишавии ин масъалаҳо идома хоҳанд ёфт. Вале, аз ҳама муҳим, барои расидан ба тамоми ҳадафҳои олии миллӣ, тавре дар Паём омадааст: «Мо бояд сарҷамъу муттаҳид бошем, раванди ободкориву созандагиро бештар намуда, содиқона ва софдилона заҳмат кашем ».

Ғ. ҒАРИБШОЕВ, директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии

такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф

дар ВМКБ, номзади илмҳои фалсафа


Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ