01 10 2019

Дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  9 сентябри соли 2019 маросими ба кор даровардани агрегати дуюми НБО «Роғун» -  объекти стратегии мамлакат баргузор гардид. Камтар аз як сол қабл, 16 ноябри соли 2018 дар маросими бошукӯҳе агрегати якуми неругоҳ ба кор даромад. Дар ин чорабинӣ сохтмончиёни лоиҳаи гидроэнергетикӣ ва сокинони мамлакат, меҳмонони сершумори хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва рӯзноманигорон аз агентиҳои бонуфузи иттилоотии хориҷи дуру наздик иштирок намуданд. Ба туфайли кори агрегати якуми НБО «Роғун» сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта ва имсол муттасил барқ ва гармӣ доштанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюм иқтидори НБО «Роғун» бамаротиб афзуд.
Имрӯз ба ҳама маълум гардид, ки НБО «Роғун» танҳо як иншооти энергетикӣ нест, ин, пеш аз ҳама, ифтихори муҳандисӣ, музаффарияти технологияи муосир, тафаккури муҳандисӣ ва меҳнати инсонӣ мебошад.

Об сарвати бебаҳои инсоният, ҳаёт ва шукуфоии он мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоти истифодаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон, роҳҳои истифодаи оқилонаи иқтидори обиву энергетикӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, борҳо изҳор доштанд, ки ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ лоиҳаҳоеро, ки бар зарари ҷониби дигар бошад, амалӣ намекунад ва изҳори итминон менамоянд, ки масъалаҳои об дар Осиёи Марказӣ тавассути ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳалли худро меёбанд. Дар сатҳи олӣ борҳо таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон кишвари болооб буда, нисбат ба уҳдадориҳои худ ҷиддӣ рафтор намуда, на дар гузашта, на ҳоло ва на дар оянда, яъне ҳеҷ гоҳ ҷараёни обро ба кишварҳои ҳамсоя дар дарёҳои поёноб маҳдуд накардааст ва намекунад. Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» дар солҳои ИҶШС таҳия шуда буд. Сохтмон охирҳои соли 1970 оғоз ёфт, пас аз пошхӯрии ИҶШС кор то соли 2008 ба таври доимӣ боздошта шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ татбиқи лоиҳаи бузургтаринро ба таъхир андохт.
Аввалин лоиҳаи техникӣ соли 1974 тасдиқ шуда бошад ҳам, ба омӯхтани майдон ва корҳои омодагӣ мутахассисон хеле пештар оғоз карда буданд. Танҳо дар марҳилаи аввал зиёда аз 300 корхонаи ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар лоиҳа ширкат варзиданд. Муҳандисон, лоиҳакашон ва сохтмончиёни беҳтарин аз тамоми кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар НБО «Роғун» кор мекарданд.
Пас аз бадастовардани истиқлолият, Тоҷикистон аз лоиҳаи неругоҳ даст накашид. Сохтмон фаъолона пас аз хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар доираи барқарорсозии иқтисодиёт идома ёфт.
Неругоҳи пуриқтидортарин дар минтақа аз 6 агрегат иборат буда, пас аз ба истифода додан солона 17 миллиард кВт / соат барқ тавлид хоҳад кард. Ин, ба гуфтаи коршиносон, на танҳо Тоҷикистон, балки Покистон ва Афғонистонро низ бо неруи барқи арзон таъмин менамояд. Пас аз ба кор даровардани ҳамаи шаш агрегат, НБО «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт (зиёда аз 17 миллиард кВт / соат) ба бузургтарин неругоҳи барқи обии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад.
Аз рӯзҳои аввал ҷониби Россия лоиҳаи НБО «Роғун» ва эҳёи сохтмони онро дастгирӣ кард. Дар марҳилаи аввали сохтмон ва ба истифода додани агрегати аввал намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Россия Александр Лукашевич изҳор дошт: "Россия ҷонибдори он аст, ки лоиҳаҳои марбут ба истифодаи об дар минтақаи наздик ба мо, майдони ҳамкории умумиминтақавӣ бошанд".
Иттиҳоди Аврупо мавқеи Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои об, аз ҷумла дар масъалаи НБО «Роғун», якдилона дастгирӣ менамояд, ки намояндагони он бехатарии неругоҳи «Роғун», зарурат ва манфиати онро расман тасдиқ кардаанд, зеро қаблан Тоҷикистон дар ҳолати буҳрони энергетикӣ қарор дошт. Илова бар ин, вакилони Парлумони Аврупо иброз доштанд, ки бунёди НБО «Роғун» метавонад дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ хидмат кунад: "Камбизоатӣ террор ва ҷойҳои кориро барои афғонҳо, покистониҳо, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ тавлид мекунад, ҳалли мушкилоти иқтисодии онҳо метавонад таъсири рехтани обро ба осиёби терроризм боздорад ва дар ин масъала арзиши манфиатҳои "Роғун" даҳҳо маротиба боло меравад".
Сенати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико лоиҳаи «Роғун» - ро "саривақтӣ" номида, ба идораи самараноки об дар Осиёи Марказӣ даъват намуд.
Раиси Палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов, ки дар он рӯзҳо бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дошт, аҳамияти бузурги НБО «Роғун» - ро барои кишварҳои минтақа тасдиқ кард. Ӯ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми мардуми Тоҷикистонро бо рӯйдоди ба истифода додани агрегати якуми НБО «Роғун» самимона табрик намуда, изҳор дошт: "Ман аз муваффақона ба кор андохтани ин иншооти азим мафтунам, ин рӯйдод дар таърихи навини Тоҷикистон сабт хоҳад шуд ва татбиқи ин лоиҳа на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои тамоми мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим аст. Ин лоиҳаи беназир ба шарофати Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, азми устувор, матонат ва сиёсати дурбинонаатон амалӣ гардид".
Муносибати мусбати хешро нисбат ба бунёди НБО «Роғун» дар маросими тантанавӣ ба ифтихори ба кор даромадани агрегати якум бисёре аз меҳмонон, аз ҷумла ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер низ бо суханони табрикӣ иброз дошт. Ӯ, аз ҷумла зикр кард, ки НБО «Роғун» як марҳилаи муҳим барои бахши энергетикии Тоҷикистон хоҳад буд, зеро он метавонад барои мардуми Тоҷикистон сатҳи баландтари некуаҳволӣ ва шукуфоиро таъмин намояд. Меҳмони олиқадр, аз ҷумла гуфт: "НБО «Роғун» метавонад барои аҳолии Тоҷикистон манбаи неруи барқи зарурӣ, арзон, барқароршаванда ва боэътимод гардад. "Роғун", инчунин, метавонад манбаи муҳими содироти неруи барқ бошад, ки даромад аз он ба сармоягузории дигар сармояи муҳими инсонӣ ва дар навбати худ ба дигаргун сохтани иқтисодиёти Тоҷикистон ва таҳкурсии ояндаи шукуфон ёрӣ расонад".
НБО «Роғун» на танҳо ба эҳтиёҷоти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳолии нуҳмиллионаи он, балки ба содироти неруи барқи арзон ба як қатор кишварҳои узви СҲШ мусоидат мекунад: Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва Чин. Ба анҷом расидани неругоҳ ва дар баробари ин, дигар лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки содироти неруи барқро то 4 ҳазор мВт дар як сол татбиқ намояд. Яъне ,неру ва оби «Роғун» ба пешрафти на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард.
Аксари мутахассисон, коршиносон, иқтисодшиносон ва сиёсатмадорон ба ниҳоят муҳим будани НБО «Роғун» муътақиданд. Масалан, кормандони соҳаи энергетика ва об ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Ӯзбекистон аҳамият ва манфиатҳои ин лоиҳаро хуб медонанд. Анҷоми сохтмони он на танҳо ба Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Чин, балки ба дигар ҳамсояҳои наздиктарин - Ӯзбекистон ва Туркманистон низ манфиати назаррас меорад.
Лоиҳаи "Роғун" ба ҳалли масъалаи шуғл низ мусоидат мекунад. Он аллакай сатҳи бекорӣ ва дар натиҷа сатҳи камбизоатиро ба таври назаррас коҳиш додааст. Дар ин ҷо зиёда аз 25 ҳазор сохтмончии ихтисосҳои гуногун кор мекунад, ки беш аз 90 дарсади онҳо коргарони тоҷик мебошанд. Аммо, сохтмон воқеан байналмилалӣ аст. Сари вақт ба кор даромадани агрегати аввал шаҳодати он аст, ки Тоҷикистон дар симои мутахассисони маҳаллӣ ва хориҷӣ шарики боэътимодро  пайдо  намуд.  Корҳои сохтмонӣ - васлгарӣ бо ҷалби 67 ташкилоту муассиса, пудратчии маъруфи ватанӣ ва хориҷӣ бо истифода аз 3700 мошину механизмҳо анҷом дода мешаванд. Сохтмонро Пажӯҳишгоҳи тадқиқотӣ - илмии "Гидропроект" - и Москва ҳамоҳанг месозад. Зиёда аз 50 ширкат аз Россия, Украина, Беларус, Чин, Олмон ва Эрон ба ҳайси пудратчӣ фаъолият мекунад. Таҷҳизоти барқӣ дар Россия ва Украина истеҳсол мешаванд.
Баҳснопазирии асосноккунии экологӣ, бехатарии техникӣ ва иқтисодӣ аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ тибқи ҳуҷҷат исбот ва аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ тасдиқ шудааст. Дар гузоришҳои ниҳоии бисёрсаҳифаи Бонки ҷаҳонӣ дар сомонаи расмияш, ки 1 сентябри соли 2014 интишор шуданд, НБО «Роғун» марҳилаи муҳим барои бахши энергетикаи Тоҷикистон унвон шудааст.
Барои тамоми кишварҳо ин рӯйдоди муҳим аст, на танҳо барои он ки яке аз бузургтарин неругоҳҳои барқи обии ҷаҳон ба истифода дода шуд. Ин ҷо пирӯзии маънавӣ муҳимтар аст, зеро сохтмони дарозмуддат, ки солҳои 70 - уми асри XX оғоз ёфтааст, ниҳоят ба натиҷаҳои аввалини муваффақият ноил шуд. Неругоҳи барқи обии «Роғун» аллакай дар минтақа ва ҷаҳон бузургтарин ба ҳисоб меравад, ки хусусиятҳои техникии он дар андоза ва миқёс ба ваҷдоварандаанд.

Семен ЗОЛОВ, шореҳи иқтисодии Ташкилоти
ҷамъиятии  "Modern industry".
Манбаъ: centrasia.org