26 09 2019

Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2019 дар вилояти Суғд ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва машқҳои амалиётӣ-стратегӣ баргузор гардид.

Ин чорабинии муҳими низомӣ дар 4 марҳила ва бо таври назариявию амалӣ ҷараён гирифта, тибқи талаботи машқҳо ва дар марҳилаи якуми он рӯзи 3-сентябри соли 2019 соати 6-и субҳ бо вақти маҳаллӣ тамоми қувваву воситаҳои қӯшунҳои гарнизони Суғд мусаллаҳу муҷҷаҳаз бо техникаву лавозимоти ҳарбӣ ва бо ишораи бонги хатари ҷангӣ бардошта шуданд ва дар мавзеъҳои мудофиавӣ мавқеъҳои худро ишғол намуданд. Илова бар ин дар бинои комиссариати ҳарбии Суғд ва машқгоҳҳои низомии ҳудуди он барои идора кардани қӯшунҳои сафарбаргардида ситоди муштараки ҳамоҳангсозӣ байни сохторҳои қудратӣ ташкил шуда буд, ки дар он вобаста ба амалӣ намудани тамоми унсурҳои тактикии ба машқҳо пешбинишуда қарори дахлдор қабул мегардид. Ҷараёни баргузори машқҳои муштараки ҳарбӣ аз ҷониби Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ идора гардида, рафти ҳама марҳилаҳои размоиши низомӣ ва матлаби ба он пешбинишуда, таҳти назорати қатъии роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат қарор дошт.Дар марҳилаҳои дуюм ва сеюми машқҳо тибқи талаботи ишораи ҷангӣ раисони шаҳру навоҳии Суғд, роҳбарони аввали сохторҳои қудратию давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин гарнизон, шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбибуда, техникаҳои хоҷагии халқ ва дигар лавозимоти зарурӣ ба ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ҷалб карда шуданд. Илова бар ин дар машқгоҳҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Суғд иштирокчиёни ҷамъомад ба тирпарронӣ ва омӯзиши дигар мавзуъҳое, ки ба ин чорабини муҳими сиёсӣ заруранд фаро гирифта мешуданд.

Марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ дар машқгоҳи ҳарбии “Чоруқдарон” бо ташкили машқҳои баталиёни тактикӣ ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда шуд. Баҳри назорат аз болои амалиёти муштараки ҷузъу томҳо вазири мудофиаи мамлакат, Раиси вилояти Суғд ва дигар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин минтақа роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва дигар шахсони расмӣ ба машқҳо омаданд. Аз руйи мавзуъ ва матлаби баргузории даври ҷамъбастии машқҳои муштарак Қӯшунҳои гарнизони Суғд аз рӯйи пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии марз, дастгиру безарар гардонидани афроди сарҳадшикан, торумор намудани душманони шартӣ дар шароити дашту саҳро мавзеъҳои стратегӣ ва роҳҳои душворгузари ҷумҳурӣ амалиёт доир намуданд. Ҳамин тариқ дар тамрингоҳи”Чоруқдарон”-и вилояти Суғд бо истифодаи техникаҳои ҳарбии вазнини зиреҳпӯш, авиатсияи ҷангӣ, артилерияҳои худгард, автомашинаҳои махсуси замонавии зиреҳдор, норинҷаки дастӣ ва дигар силоҳу муҳиммоти ҳозиразамони мухталифи ҳарбӣ ба сӯйи ҳадафҳои ниҳоӣ, ки таҷассумгари душманони шартӣ буданд, оташи шадид равона карданд.

Дар машқҳои муштараки баталиёни тактикӣ техникаҳои зиреҳпӯшӣ ҷангию артилерӣ (беш аз сад адад), авиатсияи мухталифи ҳарбию нақлиётӣ (260 адад) техникаҳои гуногуни автомобилӣ ва дигар силоҳу муҳиммоти ҳозиразамони ҷангӣ истифода гардиданд. Зимни натиҷагирӣ аз даври ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштарак оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати дифоии кишвар, омодагӣ баҳри пешгирӣ аз таҳдиди хатарҳо ва роҷеъ ба сатҳи боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлат, вазири мудофиаи мамлакат дар назди иштирокчиёни ин чорабинии муҳими низомӣ ибрози андеша кард. Инчунин раиси вилояти Суғд низ дар навбати худ моҳият ва ҳадафи баргузории чунин тамринҳои васеъи низомиро барои таъмини амнияти давлату миллат муҳиму манфиатбахш арзёбӣ намуд. Дар охир фаъолони машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ бо медалу ифтихорномаҳо, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Расми гузашти низомӣ анҷомбахши машқҳои васеъи низомӣ дар ҳудуди гарнизони Суғд гардид.

подполковник О.НОЗИМИЁН